Дар ноҳияи Риштон – «Маҳаллаи сайёҳӣ»

Маҳаллаи Мамадалӣ Топиволдиеви ноҳияи Риштон мақоми «Маҳаллаи сайёҳӣ»-ро гирифт.

Дар маросими ифтитоҳи ин маҳалла муовини ҳокими вилоят Хуршедҷон Аҳмадов, раиси иттиҳодияи ҷумҳуриявии «Ҳунарманд» Расулҷон Мирзоаҳмедов, президенти Шӯрои байналмилалии ҳунармандон (AISBL) Саъд ал-Қаддумӣ, коршиносони байналмилалӣ, сайёҳон, ҳунармандон, намояндагони аҳли ҷомеа ва соҳибкорон ширкат карданд.

 Аввал зери садои карнаю сурнай ва дафу доира лентаи рамзии «Маҳаллаи сайёҳӣ» бурида шуд. Сонӣ эълон гардид, ки ба маҳаллаи Мамадалӣ Топиволдиев мақоми «Маҳаллаи сайёҳӣ» дода шуд.

Инчунин дар маросими мазкур аввалин сертификати Кумитаи сайёҳии ҷумҳурӣ дар водии Фарғона ба соҳибонаш тақдим гардид. Дар идома таҳти унвони «Ба саросари Ӯзбекистон саёҳат кунед!» ярмаркаи сайёҳии дохилӣ ва намоишгоҳи маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ мавриди муаррифӣ қарор гирифт.

Дар меҳмонон намоишгоҳи расму ойинҳои миллӣ ва қадриятҳои он таассуроти амиқ боқӣ гузошт.

Мирасрор АҲРОРОВ,

мухбири «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: