Ин тадбир дар Бухоро аз соли 1996 ибтидо гирифта, имсол дафъаи 28-умин ҷашн гирифта шуд.
18-19 июли соли ҷорӣ қалъаи «Арк»-и Бухоро намуди идона дошт.
Дар ин ҷо фестивали анъанавии «Сайри харбуза» баргузор гардид. Дар он қариб 600 хоҷагии фермерии вилоят бо харбузаҳои пуршаҳду шакари навъҳои «Амирӣ», «Наботӣ», «Каллабӯрӣ», «Даҳбедӣ», «Шерозӣ», «Тошлоқӣ», «Гулобӣ», «Баргинаӣ», «Лӯбёӣ», «Бегзотӣ» ва ғайра иштирок намуда, дар давоми ду рӯз ба дасторхони шаҳриён қариб 10 ҳазор тонна тармеваи хушхӯр инъом карданд.
Баробари ин, дар ин ҷо дар қатори харбузаю тарбуз савдои меваю сабзавот, маҳсулоти занбӯрпарварон низ ба роҳ монда шуд.
Барои иштироккунандагони ҳар як ноҳия пешбинӣ гардидани ҷою макон, намоиши барномаҳои дилкаши консертии дастаҳои ҳунарии фолклорӣ ба ҷашнвора шукӯҳу ҷозиба бахшид.
Дар охир деҳқонони фаъол ҳавасманд гардонда шуданд. Ғолибони номинатсияҳо: роҳбари хоҷагии фермерии «Абдураҳмонобод»-и ноҳияи Пешкӯ Абдухалил Раҳимов, роҳбари ҶММ «Султоналӣ Раҳмат интенсив боғ қурилиш»-и ноҳияи Пешкӯ Исмоил Бӯронов, роҳбари хоҷагии фермерии «Ҳайит Меҳмон пахтакор»-и ноҳияи Қарокӯл Тӯрақул Саидов, роҳбари хоҷагии фермерии «Шаҳзод Рауф»-и ноҳияи Қаровулбозор Учқун Ҷабборов, роҳбари хоҷагии фермерии «И. Ибрагимов»-и ноҳияи Олот Шамсиддин Ибрагимов, роҳбари хоҷагии фермерии «Боғи Ғаффор Қӯрғон саховати»-и ноҳияи Ромитан Фарҳод Азимов, роҳбари хоҷагии фермерии «Мурод Қурбонович»-и ноҳияи Шофиркон Меҳриддин Ҳомидов бо ташаккурномаҳои ҳокими вилоят ва туҳфаҳо сарафроз гардонда шуданд.
Фестивал бо гала-консерти устодони санъат ва ҳунарнамоии ҷавонони соҳибистеъдод поён ёфт.
Амрулло Авезов,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.