Суханони ҳикматомези бузургон, балки...

Суханони ҳикматомези бузургон

Кам донистану бисёр ҳарф задан, мисли он аст, ки дороиятон кам асту зиёд харҷ мекунед.

Наполеон Бонопарт.

Мардум ғолибан аз набудани вақт шикоят мекунанд, дар ҳоле ки адами ҳадаф мушкили воқеӣ мебошад.

Заг Зиглар.

Ҳақиқат аз нафаре, ки онро эътироф наменамояд, заррае осеб намебинад.

Фридрих Шиллер.

Хирадманд на онест, ки бисёр медонад, балки ҳамонест, ки заруртаринҳоро медонад.

Эсхил.

Дӯзахи хирадмандон беҳтар аз биҳишти аҳмақҳост.

Виктор Ҳюго.

Аҳмақ дар он ақида аст, ки ба ҷуз ӯ ҳама аблаҳанд.

Рюноске Акутагава.

Дар дунё лаззате беҳтар аз лаззати мутолиа вуҷуд надорад.

Лев Толстой.

Оне, ки бо шарофату садоқат зиндагӣ мекунанд, биме аз марг надорад.

Чарлз Диккенс.

Дороии ягонае, ки мо аз рӯзгори заминӣ бо худ мебарем, чизест, ки ба дигарон додаем.

Карен Бликсен.

Одамон ба китобҳо хеле монанданд. Бархе агар бо муқоваашон моро фиреб диҳанд, чанде бо мазмуну муҳтавояшон моро ба ҳайрат мегузоранд.

Лоре Пембертон.

Онҳое, ки дар одамон бадиро меҷӯянд, онро ҳатман хоҳанд ёфт.

Авраам Линколн.

Нахустин нишонаи фасоди ҷамъият аз байн рафтани ҳақиқат аст.

Мишел Монтен.

Зиндагӣ вақте маънӣ дорад, ки дар абадият идома ёбад.

Ф. Достоевский.

Мо на аз марг, балки бояд аз зиндагии пучу холӣ битарсем.

Бартолд Брехт.

Онҳое, ки фикру андешаҳояшонро дигар кардан намехоҳанд, на ҳақиқат, балки бештар худашонро дӯст медоранд.

Ҷозеф Ҷубер.

Ту мепурсӣ, ки дар тӯли умр ба чӣ ноил гардидам? Ман бо худ дӯст шудам.

Сенека.

Тарҷума ва таҳияи А. Субҳон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: