...Дар нигоҳи аввал ин статистика чун рақамҳои одиву маъмулӣ ба назар мерасанд. Аммо ҷиддитар фикр кунем, ҳар як рақам тақдири як оила, таъминоти моддии чандин нафар фарзанд аст. Яъне сарнавишти талху ғамангези бачагони аз парастории падар ё модар маҳрум, фарзандони гирён, сарсон, дилшикаста, ноумед, модарони парешонҳолу ғамзада, падарони хашмгину ошуфта...
Дар мақолаи «Алимент барои фарзанд: ба ҳамсар ҷазо аст ё маҷбурият?», ки дар шумораи 59-уми «Овози тоҷик» (аз 23 июли соли 2025) чоп гардид, чанд маълумоти омориро овардем. Аз ҷумла, таъкид кардем, ки шумораи ҳуҷҷатҳои марбут ба ситонидани алимент ва таъминоти моддӣ дар ҳафт соли охир 45 фоиз афзуда, ин парвандаҳо бо таъмини моддии тақрибан 400 ҳазор ноболиғ вобаста мебошанд. Инчунин, шумораи шахсоне, ки барои саркашӣ аз таъминоти моддӣ (алимент) ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд, аз 5 697 нафар (2023) ба 8 833 нафар (2024) афзудааст. Ҳамзамон, дар мамлакати мо қариб 3500 нафар занон маҷбурияти пардохти алимент барои таъмини фарзандонро доранд ва ин ҳолат беш аз ҳама дар вилояти Самарқанд ба чашм мерасад.
Дар нигоҳи аввал ин статистика чун рақамҳои одиву маъмулӣ ба назар мерасанд. Аммо ҷиддитар фикр кунем, ҳар як рақам тақдири як оила, таъминоти моддии чандин нафар фарзанд аст. Яъне сарнавишти талху ғамангези бачагони аз парастории падар ё модар маҳрум, фарзандони гирён, сарсон, дилшикаста, ноумед, модарони парешонҳолу ғамзада, падарони хашмгину ошуфта...
Дар ҳоле, ки дини мубини мо дини раҳмат, меҳру муҳаббату мурувват аст ва дастгирии ятимону барҷомондагонро тарғиб, ахлоқи ҳамида, рафтору кирдори нек, оилапарварӣ, эҳтироми волидон, таълиму тарбияи накӯи фарзандон ва дигар хислатҳои хуби инсониро талқин менамояду ҳама гуна рафтори нописандида, чун дуруштию бадзабонӣ, ҳасаду бадгумонӣ ва аз ҳам рӯгардон шудани одамонро манъ мекунад, чунин амал кардани мо то чӣ ҳад равост? Умуман гирем, дар мавриди масъалаи алимент масъулини соҳаи дин чӣ гуна нуқтаи назар доранд?
– Аз Умари одил (р.а.) ривоят шуда, ки гуфтааст: «аз Расули Худо (с.а.в.) шунидам, ки мефармуданд: «Огоҳ бошед, ки ҳамаи шумо сарпараст ҳастед ва нисбат ба зердастони худ, яъне барои таъминоти моддӣ ва маънавии онҳо масъул мебошед. Ба ин маъно, ки пешво сарпарасти уммат ва масъули афроди зерфармони хешу мард сарпарасти хонаву хонаводаи худ мебошад. Дар қиёмат барои таъминоти моддӣ, маънавӣ, масъалаҳои таълиму тарбия, ахлоқӣ суолу ҷавоб хоҳад шуд ва дар баробари онон масъул аст. Зан дар хонаи шавҳараш сарпараст ва нисбат ба хонаву афроди хона (фарзандон) масъул аст ва барои ин, яъне ҳуқуқи шавҳару фарзандони худро пурра иҷро кардааст, бозпурсӣ мешавад», – иброз дошт ноиби имоми масҷиди ҷомеи Равонаки ноҳияи Самарқанди вилояти Самарқанд Бахтиёр Насруллоев. – Ин ҳадис дар тамоми китобҳои «Саҳеҳ» ва «Сунан» ривоят шудааст.
Дар ояти 34-уми сураи Нисои, Қуръони карим омадааст, ки шавҳар барои таъминоти тамоми талаботи моддӣ ва маънавии оила масъул аст: «Мардон бар занон сарпарастанд (ва дар ҷомеаи хурди хонавода ҳаққи роҳбарӣ доранд ва нигаҳдориву риояти занон бар уҳдаи эшон аст) бад-он хотир, ки Худованд (барои низоми ҷомеа, мардонро бар занон дар бархе аз сифот бартариҳое бахшидааст) ва баъзеро бар баъзе фазилат додааст (ва маъмулан мардон ранҷ мекашанд ва пул ба даст меоваранд) ва аз амволи худ (барои хонавода) харҷ мекунанд». Пас сабаби асосии сарвари оила будани мардон дар он аст, ки эҳтиёҷоти моддию маънавии занонро таъмин карда тавонанд.
Бино ба гуфтаи ноиби имом, агар бо сабаби узрноки шаръӣ зану шавҳар ҷудо шаванд ва дар байн фарзанди ширмак бошаду модар онро ба парвариши худ гирад ва ҳаққи шир талаб кунад, мард барои пардохти он масъул мегардад. Вақте кӯдак аз шир ҷудо мешавад, падар ба модар маош намедиҳад, аммо фарзандро то ба синни камолот ба андозаи миёна, яъне агар сарватманд бошад, ба ҳисоби миёнаи сарватманд, агар миёнаҳол бошад, ба ҳисоби миёнаи даромади одами миёнаҳол ва агар камбағал бошад, ба ҳисоби миёнаи камбизоатон – вобаста ба шароити худ таъмин менамояд. Барои таъмин бо сару либос, хӯрок, манзили истиқоматӣ, муолиҷаи беморӣ падар масъул мебошад.
Агар кӯдак духтар бошад, то ба синни балоғат ва издивоҷ карданаш, хароҷоти нигоҳубин ва тӯйи арӯсии ӯро падар медиҳад. Агар тифл, хоҳ писар бошаду хоҳ духтар, бемор бошад, падар ӯро як умр таъмин мекунад.
– Ҳоло ба падар ё модарони ҷудошуда ба миқдори муайян алимент таъин мегардад. Ин ба аҳкоми шариат, ки дар боло зикр кардем, мувофиқ аст. Дар ин маврид, то муддати муқарраршуда аз музди меҳнати падар ё модар ба миқдори муайян ситонида мешавад. Алимент аз нафақаи шаръӣ сабук ва камтар аст. Зеро нафақа як пардохти муқаррарии ҳармоҳа нест, балки кафолати тамоми хароҷоти кӯдак то ба синни балоғат ва дар ҳолати бемор будан табобатро дар бар мегирад. Ин миқдор ҳар моҳ якранг нест. Вобаста ба вазъият дар баъзе моҳҳо метавонад бештар бошад. Бинобар ин, аз пардохти алимент сар кашидани падарон гуноҳи кабира аст. Барои чунин волидон, ки новобаста аз дастрасии имкон бо баҳонаҳои гуногун аз пардохти алимент даст мекашанд ё ба таъхир мегузоранд, ҳам аз лиҳози шаръӣ ва ҳам қонунӣ ҷавобгарӣ муқаррар гардидааст. Баъзе падарон «алимент додам, шуд» мегӯянд. Ин нодуруст аст. Фарзандашон бемор шавад ё ба кӯмаки иловагӣ ниёз пайдо кунад, бояд дасти ёрӣ дароз кунанд. Ин вазифаи онҳост. Агар дар ҷашну идҳои гуногун ба дидори фарзандони худ рафта, ба ғайр аз алимент, ба онҳо сару либос ва тӯҳфаҳо диҳанд, нуран ало нур мегардад! – афзуд Б.Насруллоев.
Бояд гуфт, ки солҳои пеш алиментро танҳо аз волидони соҳиби ҷойи кор меситониданд. Онҳое, ки расман кор намекарданд, аз пардохти алимент озод буданд. Ҳоло ин тартиб аз байн рафт ва агар падар ё модари алиментдиҳанда музди кор ва ё даромади доимӣ надорад, андозаи алимент тибқи талаботи қонунгузорӣ муқаррар мегардад. Яъне аз алимент ягон ҷойи гурез нест. Бо вуҷуди ин, баъзе волидон дар ин роҳ аз усулҳои гуногун истифода мебаранд ва мекӯшанд, ки ҳар чӣ камтар алимент супоранд. Масалан, ба таври ғайрирасмӣ кор карда, даромади бисёр доранд. Аммо бо ягон кори расмӣ, ки маоши ҳаддиақаллро дорад, ба ном машғул гардида, барои фарзандони худ пули ночизеро чун алимент медиҳанд. Саволе ба миён меояд: чунин рафтори волидон аз нигоҳи шариат то чӣ ҳад дуруст аст?
– Ин одамон бо ин қаллобӣ талош мекунанд, ки аз кӯмаки молии воҷиб, ки шариат муқаррар кардааст, гурезанд, – таъкид кард Б.Насруллоев. – Аммо онҳо бо ин амал аз вазифае, ки шариат муайян кардааст, сарпечӣ менамоянд. Он чун қарз ба қиёмат мемонад. Набояд фаромӯш кард, ки нафақаи шаръӣ ва пардохти алимент на барои зан, балки барои фарзандон аст. Дар ин роҳ ба ҳамсари худ хашм карда, аз пардохти алимент сар кашидан, ин поймол кардани ҳуқуқи фарзандон, табар задан ба решаи ояндаи онҳо мебошад.
Хулоса, волидон бояд алиментро сари вақт супоранд. Падароне, ки тавони пардохти алиментро доранд, бояд ниёзҳои фарзандони худро низ қонеъ гардонанд, онҳоро вобастаи касе накунанд. Кӯшиш намоянд, то онҳо аз ҳаёт дилсард ва аз одамон дилмонда нашаванд. Дилбандони худро чунин таълиму тарбия диҳанд, ки дар дили онҳо ҳамеша шуълаи умед фурӯзон бошад. Барои хушбахт, ҷисман ва рӯҳан солиму тавоно камол ёфтани онҳо имконият фароҳам оваранд. Ба онҳо ҳам, чун ба фарзандоне, ки якҷоя зиндагӣ мекунанд, ғамхорӣ намоянд, шароити хубу баробар муҳайё созанд. Бо ин амали ибратбахшу шоистаи худ аҷру савоби ду ҷаҳонро ба даст меоранд.
Баръакс, агар бо фиребу найранги гуногун аз ин даст кашанд, дар идораҳои суд бо пеш овардани ҳар хел баҳона ба маъное ҳамсари худро «мағлуб» кунанд ҳам, ин пирӯзии муваққатӣ ва дурӯғин дар ин дунёи гузарон хоҳад буд. Аз чунин ғалабаҳои дурӯғин ва рӯсиёҳиҳо Худованд ҳамаи падару модаронро нигоҳ дорад. Бигузор, оилаҳо якҷоя пир шаванд. Фарзандон дар оғӯши падару модар калон шаванд!
Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки сар кашидан аз пардохти алимент гуноҳ аст ва барои ин ҳам ҷазои шаръӣ ва ҳам қонунӣ муқаррар гардидааст. Пас чаро аксар волидон аз иҷрои ин ӯҳдадории худ саркашӣ мекунанд? Ин масъала то чӣ андоза бо руҳияти онҳо вобаста мебошад?
Дар мақолаи дигар андешаҳои равоншиносонро оид ба ин масъала пешкаши муштариён хоҳем кард.
Фаридуни ФАРҲОДЗОД,
мухбири «Овози тоҷик».