Касбе, ки сабр ва меҳнати зиёд талаб мекунад

Дар байни намунаҳои дурахшони бофандагии миллӣ сӯзанӣ ҷойи махсусро ишғол мекунад. Сеҳри он дар дилрабоии нақшҳо, ҳамоҳангии рангҳо ва нозукиҳои ҳунар зоҳир мегардад.

Хонандаи синфи 10-уми мактаби миёнаи 29-уми шаҳри Намангон Санобар Инъомова аз ҷумлаи ҷавонони ҳунарманд мебошад. Санобар ин ҳунари миллиро дӯст медораду пайи зиндаву абадӣ нигоҳ доштани он саъй мекунад. Ӯ аз 6 солагӣ ба ин ҳунар машғул аст. Маҳсули эҷодкардаи ӯ имрӯз на танҳо дар кишварамон, балки дар мамлакатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Ҳиндистон, Туркия, Тоҷикистон ва Озарбойҷон низ харидор доранд. 
 – Сӯзанидӯзӣ сабр, шавқу ҳавас ва меҳнати бисёрро талаб мекунад, – мегӯяд Санобар. – Барои тайёр кардани ҳар як сӯзанӣ аз 10 то 25-30 рӯз лозим мешавад. Дар ҳар як гул, ҳар як ранг ифодаи бадеии нақши сулҳ, муҳаббат ба Ватан ё модар, дӯстӣ, бародариро метавон мушоҳида кард. Ман як сӯзании тайёршударо 30 миллион сӯм фурӯхтам. Дар як моҳ аз 5 то 12 миллион сӯм даромад мекунам. 
 
Шоҳида ДАМИНОВА, 
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: