Одамон китоб нахонанд кифоя...
Вақте дӯст медоред, мехоҳед кореро ба хотири ин дӯстдорӣ, яъне ишқ, анҷом бидиҳед. Мехоҳед як умр камари ҳиммат ба хидмат бандед, ҳатто, худро қурбон кунед.
Эрнест Хеменгуэй.
Барои нобуд кардани фарҳанге китобҳоро сӯхтан шарт нест, ба ҷойи ин кифоя аст коре кунед, ки одамон китоб нахонанд.
Рей Бредбери.
Ҳеч гоҳ бохт насиби ман намегардад. Ё ғолиб мегардам ё чизеро меомӯзам.
Конор Макгрегор.
Касе, ки наметавонад биофарад, хароб кардан мехоҳад.
Эрих Фромм.
Агар ба шумо намоишкорона беэътиноӣ зоҳир намоянд, ин маънои онро дорад, ки ба шумо ҳусни таваҷҷӯҳ доранд.
Генри Дэвид Торо.
Назар ба дастболо шудан бо дурӯғ, сарбаландона таҳаммул кардани нокомӣ беҳтар аст.
Софокл.
Зиндагӣ супермаркети бузургест. Аз он ҳар чи хоҳӣ метавонӣ бигирӣ, вале фаромӯш накун, ки касса дар пеш аст, бояд ҳисобу китоб кунӣ.
Ал-Пачено.
Тарҷума ва таҳияи
А. Субҳон.