1 августи соли равон банаворгирии филми таърихии муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» оғоз мегардад. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо истинод ба «Тоҷикфилм» хабар дод.
Бино ба маълумоти манбаъ марҳилаи аввали банаворгирии филм моҳҳои август-сентябр дар Тоҷикистон ва марҳилаи дуюм моҳҳои октябр-ноябр дар Ӯзбекистон баргузор мешавад. То ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ манзури тамошобинон намудани филм пешбинӣ шудааст.
Тибқи маълумоти масъулон то имрӯз барои наворгирии филм 1500 нусха китоб, 1650 дона лавозимоти гуногун, аз ҷумла шамъдон, гарданбанд, тарозу, кӯзаҳо ҷамъоварӣ ва сохта шуданд. Инчунин, барои қаҳрамонони филм 750 либос, 400 ҷомаи гуногун, 300 тоқӣ ва 350 пойафзол омода гардидаанд.
Ҳоло барои иштирок ва наворгирӣ дар филм 40 ҳунарманди ӯзбекистонӣ дар Тоҷикистон қарор доранд. Банаворгирии филм дар павилонҳои Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва маконҳои таърихии ҳамсоякишвар дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки филми ҳунарии таърихии «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» бо ташаббуси сарони давлатҳо Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Агентии кинематографияи Ӯзбекистон ва Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба навор гирифта мешавад.
Ғояи асосии филми ҳунарии «Ҷомӣ ва Навоӣ», пеш аз ҳама бозгӯйи муҳаббату самимияти ду миллати бузург дар мисоли ду чеҳраи адабиву ирфонӣ – Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ ва таҷассумгари ташаккул ва таҳаввули дӯстию бародарии ду халқи дӯст дар масири таърих мебошад.