Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маросими бошукуҳи супоридани дипломҳо ба нахустин хатмкунандагони факултети муштараки ин донишгоҳ бо Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд доир гардид.
Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо такя ба маълумоти шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ҳадафи асосии ҳамоиш қадршиносии заҳмати чандинсолаи донишҷӯёни ботаҷриба ва омӯзгорони факултети муштарак, инчунин таҳкими робитаҳои илмӣ-таълимӣ байни ду муассисаи олии таълимӣ ва мустаҳкамсозии дӯстии мардумони Ӯзбекистону Тоҷикистон мебошад.
Факултети муштарак, ки дар доираи созишномаи ҳамкорӣ байни Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таъсис ёфтааст, дар самтҳои ҳуқуқ, иқтисод ва идоракунии давлатӣ мутахассисони баландихтисос омода менамояд. Имсол нахустин гурӯҳи хатмкунандагон — симои насли нави мутахассисон, ки дониш ва таҷрибаи омӯхтаашонро ба манфиати ҷомеа истифода мебаранд, дар фазои тантанавӣ соҳиби диплом шуданд.
Ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шероз Муминзода хатмкунандагонро бо ин дастоварди арзишманд табрик намуда, гуфт, ки «ин лаҳзаҳо на танҳо нишонаи заҳмату талоши чандсолаи шумо, балки далели ҳамкории босамар ва бародаронаи ду донишгоҳи бонуфузи минтақа мебошанд».
Дар ҳамоиш ба ҳамаи хатмкунандагон дипломҳои тасдиқкунандаи хатми муваффақонаи ду муассисаи бонуфузи таҳсилоти олӣ супорида шуданд.
Ҳамоиш нишонаи возеҳи ҳамгироии илмӣ ва таълимӣ байни Ӯзбекистону Тоҷикистон буда, ба сифати намунаи ҳамкории муосир дар соҳаи таҳсилоти олӣ барои дигар донишгоҳҳои минтақаи Осиёи Марказӣ арзиши омӯзишӣ дорад. Иқдоми муштарак дар оянда барои эҷоди барномаҳои бештар, таҳқиқоти илмии муштарак ва омоданамоии мутахассисони рақобатпазир дар арсаи байналмилалӣ замина мегузорад.