“Аз канори Модар-Замин”

  • “Аз канори Модар-Замин”
  • “Аз канори Модар-Замин”
  • “Аз канори Модар-Замин”
  • “Аз канори Модар-Замин”
  • “Аз канори Модар-Замин”
  • “Аз канори Модар-Замин”
  • “Аз канори Модар-Замин”
  • “Аз канори Модар-Замин”

Таҳти чунин унвон 28 июли соли равон дар доираи Фестивали “Дӯстӣ” дар Боғи истироҳатии “Наврӯз”-и шаҳри Тошканд намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии ҳунармандии халқҳои гуногуни хориҷӣ ва маҳаллӣ баргузор гардид.

Чорабиниро муовини раиси Кумитаи муносибатҳои байнимиллӣ ва масъалаҳои ҳамватанони бурунмарзии мамлакат Олим Нарзуллоев ифтитоҳ бахшида, роҷеъ ба аҳамияти таърихӣ ва маънавии Рӯзи дӯстии халқҳо ҳарф зад ва таъкид кард, ки баргузории чунин намишгоҳу чорабиниҳо дар ҳамҷиҳатии байнимиллӣ ва таҳкими дӯстӣ нақши муҳим доранд.

Дар идома муовини раиси Иттиҳоди “Ҳунармандон” Чорӣ Шодиев, директори иҷроияи Ҷамъияти дӯстии “Ӯзбекистон-Фаронса” Раҳима Ширинова, роҳбари “Алянси бародаршаҳрҳо” Зокир Обидов ва дигарон дар бораи густариши робитаҳои ҳамкорӣ бо мамлакатҳои ҷаҳон, аҳамияти  мустаҳкам намудани фазои дӯстӣ ва таҳаммулпазирӣ миёни намояндагони зиёда аз 130 миллату қавмҳо, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумиинсонӣ ва масъалаҳои дигар ҳарф заданд. Инчунин, нақши ҳунарҳои миллиро дар таҳкими мулоқоти фарҳангӣ, муносибатҳои самимона ва посдошти арзишҳои таърихӣ эътироф намуданд.

Дар намоишгоҳ қариб 40 нафар усто-ҳунармандони ботаҷриба ва намояндагони марказҳои милливу фарҳангӣ беҳтарин корҳои ҳунарии худро ба намоиш гузоштанд. Маснуоти заргарӣ, бофандагӣ, кандакорӣ, кулолӣ, либосҳои миллӣ ва дигар маҳсулоти ҳунармандӣ дар иштирокдорон ва меҳмонони намоишгоҳ таассуроти амиқ гузошт.

– Хурсанду сарфарозем, ки имрӯз мо дар намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии ҳунармандӣ иштирок дорем ва маҳсулоти ҳунармандии миллии худро муаррифӣ менамоем, – иброз дошт раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони ноҳияи Олтинсойи вилояти Сурхондарё Ҳабибулло Исматуллоев. – Албатта ин натиҷаи сиёсати хирадмандона, дурандешона ва мардумпарваронаи Сарвари давлат мебошад, ки тамоми халқҳоро ба ҳам оварда, барои намояндагони миллатҳои гуногун имконоту шароити мусоид фароҳам менамоянд. Имрӯз дар ин намоишгоҳ марказҳои гуногуни фарҳангии ҷумҳурӣ маҳсулоти миллии ҳунармандии худро ба намоиш гузоштаанд, ки тамошои онҳо ба кас завқ мебахшад. Бинобар ин, метавонем гуфт, ки намоишгоҳи “Аз канори Модар-Замин” на танҳо намоиши маҳсулоти ҳунармандӣ, балки ифодаи воқеии шукуфоии фарҳангӣ, ҳамҷиҳатӣ ва арзишҳои умумиинсонӣ дар Ӯзбекистони сермиллат аст.

Намоишгоҳ бо баромади санъаткорони хушовоз, намоишҳои марказҳои фарҳангӣ шукӯҳи идона гирифт.

Ф.ЙӮЛДОШЕВ,

мухбири “Овози тоҷик”

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: