Ҳар боре, ки ба «Хонаи дӯстӣ»-и вилояти Сурхондарё қадам мегузорам, беихтиёр чашмам ба идораи Маркази миллию мадании русҳо меафтад, ки дар паҳлӯи Маркази миллии тоҷикон ҷойгир буда, ҳамеша дараш боз аст.
Фаъолони марказро мудом саргарми коре мебинед. Мушоҳида мекунед, ки на фақат дар иду ҷашнвораҳои хоси худашон, балки барои дар ҳама чорабиниҳое, ки дар миқёси вилоят мегузаранд, ҷиддан тайёрӣ мебинанд. Ростӣ, ҳаваси кас меояд, воқеан кору фаъолияташон ибратангез аст.
Чун ҳарсола имсол низ фаъолони марказ Иди «Дӯстии халқҳо»-ро васеъ таҷлил намуданд. Дар санаи 29 июл мавзеи бандаргоҳи шаҳри Тирмиз, ки ҷойи доимии тадбиргузаронии онҳост, намуди идона дошт. Пиру барно, хурдсолону пирони рӯзгордидаи рус, фаъолони марказ бо либосҳои идона ҳозиру нозир буданд.
Як ҷиҳати хуби эшон он аст, ки намояндагони дигар марказҳои миллиро низ дар чорабиниҳояшон даъват месозанд. Яъне ба дӯстии халқҳо сидқан амал мекунанд, Ӯзбекистонро хонаи умумии ҳама халқу миллатҳои маскуни он медонанд. Мо бо аҳли оила ҳамасола дар ҷашнвораҳояшон ширкат меварзем, баҳраманд мешавем ва истироҳат мекунем.
Суруду тарона, рақсу бозӣ, намоишҳояшон ҷаззобу дилкаш мебошанд. Наврасон, ҷавонон, миёнасолону пирон мувофиқи синну соли худ ончунон санъату маданияти хешро намоиш медиҳанд, ки ба қоил нашудан илоҷ нест. Имсол барномаҳои мусиқии онҳо аз ҳарвақта пурмуҳтавотар буданд. Дар ҷараёни намоишҳо ба намояндагони марказҳои тоҷик, туркман ва ҳунарпешагони ӯзбек низ навбат доданд, ки ин ба ҳусни ҷашн ҳусн зам кард.
Олим ПАНҶИЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.