Утоқҳои миллӣ – ифодакунандаи дӯстии халқҳо

Имрӯзҳо бахшида ба Рӯзи дӯстии халқҳо дар марказҳои миллӣ-фарҳангии ҷумҳурӣ ва шаҳру вилоятҳо чорабиниҳои маънавию маърифатӣ баргузор мегарданд. Аз ҷумла, дар толори марказии Иттифоқи касабаи Ӯзбекистон «Оҳангҳои дӯстӣ» ном гала-консерт, дар Хонаи фотосуратҳои Тошканд намоиши суратҳои дӯстии халқҳо бо номи «Нигоҳи дӯстӣ» ташкил карда шуд. Дар атрофи мавзӯъҳои мазкур бо якчанд фаъоли марказҳои миллӣ-фарҳангӣ суҳбат оростем.

Галина Татаренко, раиси Маркази миллӣ-фарҳангии беларуси шаҳри Тошканд «Свитанак»:

– Ӯзбекистон — кишвари таҳаммулпазир. Дар он намояндагони миллату халқиятҳои гуногун дӯсту бародарона зиндагӣ мекунанд. Президенти мо барои ин ҳама шароитро фароҳам овардааст. Ҳар як шаҳрванди мамлакат метавонад аз имкониятҳое, ки ҳукумат пешниҳод мекунад, новобаста аз миллат, нажод ва эътиқоди динӣ истифода барад. Ин дар Конститутсия муайян шудааст. Мехоҳам таъкид намоям, ки ҳар як халқ фарҳанги бойи худро дорад ва вазифаи тамоми марказҳои фарҳангӣ, ки фаъолияташонро дар Кумитаи оид ба муносибатҳои байнимиллӣ ва масъалаҳои ҳамватанони бурунмарзӣ ба роҳ мемонанд — ҳифзи бодиққатонаи арзишҳое мебошад, ки дар тӯли асрҳо ҳамчун мероси маънавӣ аз насл ба насл мегузаранд. Мо сулҳу дӯстиро миёни ҳамаи динҳо ва халқҳои рӯйи замин мехоҳем. Солҳои охир, бахусус дар тӯли солҳои 2023-2024 чорабиниҳои зиёде баргузор гардиданд, ки бо барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ӯзбекистон ва Беларус ва 30-солагии Маркази фарҳанги беларусҳо «Свитанак»-и шаҳри Тошканд алоқаманд буданд. Мехоҳам ба ташкилотҳо, фаъолон ва кормандони марказ, ки ба мо дар таҷлили ин санаи ҷашнӣ кумак карданд, изҳори миннатдорӣ баён намоям.

Елена Миронова, раиси Маркази миллӣ-фарҳангии немисҳои Ӯзбекистон «Видергебурт»:

– Дар Ӯзбекистони маҳбуб намояндагони беш аз 100 миллату халқият осудаҳолона зиндагӣ мекунанд. Дар байни онҳо қариб 4000 нафар немисҳо буду бош доранд. Таърихи муҳоҷирати онҳо ба Осиёи Миёна ба нимаи дуюми асри 19 рост меояд. Аъзоёни оилаи мо дар ибтидои асри 20 ба ин минтақа омада будаанд. Ман дар Тошканд таваллуд шудаам. Дар хонаи мо, ки дар маркази Тошканд воқеъ аст, бисёр чизҳо ва суратҳое мавҷуд буданд, ки таъриху фарҳанг ва анъанаҳои моро ба хотир меоварданд. Ҳама чиз ҳоло ҳамон аст. Аммо модаркалонам ба ман мегуфт, ки дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон одамон мехостанд ҳамаи он чиро, ки ба халқи мо тааллуқ дошт, ҳатто забони моро ҳам нобуд созанд. Модаркалонам дарро қулф карда, гоҳ-гоҳ ба хоҳари хурдиаш бо забони модариаш пичиррос мезад. Ва баъзе одамон ба немисҳо бадбинона менигаристанд. Табиист, ки ба ин беадолатӣ тоб овардан ба мардуми мо осон набуд. Бибиам борҳо шикоят мекард, ки солҳои ҷанги садаи гузашта мардуми тамоми ҷаҳонро ба тарсу нафрат маҷбур кардааст ва аз мардуми меҳрубону самимии ин минтақа роҳат ва пуштибонӣ пайдо кард. Мехост бо забони модариаш гап занад, суруд хонад. Аммо муҳити сахти он замон ба ин имкон надод. Хушбахтона, он рӯзҳо паси сар шуданд. Таваҷҷуҳ ба забони олмонӣ дар Ӯзбекистон, эҳтиром ба фарҳанг, урфу одат ва анъанаҳои халқи мо орзуи бибиам буд. Ифтихор мекунам, ки ниёконам бо амри тақдир ба ин сарзамин омадаанд ва ман дар ҳамин минтақа ба дунё омадаам, зеро имрӯз дар ин кишвар арзишҳои инсон, орзуву ормонҳои ӯ эътироф шудаанд. Ман мутахассиси соҳаи тиб мебошам. Аз соли 2016 ба ҳайси раиси марказ ба кор шурӯъ намудам  ва бо аъзоёни он барои ҳифзу рушди забону фарҳангамон ва ба насли наврас интиқол додани он саҳмгузор ҳастем.

Дар вилоятҳои Бухоро, Самарқанд ва Фарғона филиалҳои минтақавӣ фаъолият доранд. Дар ин марказ маҳфилҳои санъати тасвирӣ, ҳунармандӣ, рақс, театр ба забони олмонӣ ташкил карда шудаанд, ки дар онҳо ҳар кас, новобаста аз миллат ва синну сол метавонад иштирок ва донишу малакаи худро такмил диҳад. Дар ин ҷо адабиёт, зарфу ашёҳои гуногун, ки расму русум, анъана, арзиш ва таърихи мардуми немисро инъикос мекунанд, маҳфузанд.

Немисҳои Ӯзбекистон идҳои миллии худро ботантана ҷашн мегиранд. Масалан, иди Мавлуди Исоро қайд мекунем. Дар ин рӯз ҳамаи аъзоёни оила сари дастархон ҷамъ мешаванд, ба якдигар тӯҳфаҳо такдим мекунанд. Пасха дар баҳор ҷашн гирифта мешавад, таърихи он гуногун аст. Пасха мисли Наврӯз ҷашни навсозӣ маҳсуб меёбад. Дар ин рӯз ҳама хешу табор ва дӯстон ба аёдати пиронсолон меоянд. Мо низ Рӯзи модарро зебо ҷашн мегирем. Ҳарчанд забон, урфу одат ва тарзи зиндагии намояндагони миллатҳои мухталифи сокини кишвари мо аз ҳамдигар фарқ мекунад, мафҳуми таҳаммулпазирӣ ҳамаро муттаҳид месозад. Мо бо намояндагони дигар миллатҳо чунон наздик шудаем, ки ҳатто пухтани таомҳои миллатҳои гуногунро ёд гирифтаем. Ман палавро бо шавқу ҳавас мепазам. Хӯрокҳои миллатҳои гуногун хеле зиёданд, аммо ҳама як ҳадаф доранд – сулҳ.

Турғун Расулов, фаъолу алоқаманди ҷамъияти фарҳангии тоҷикон:

– Ӯзбекистон — кишвари ҳамдигарфаҳмии байни миллатҳо ва таҳаммулпазирии динӣ, ҳамбастагии шаҳрвандӣ ва ризоияти умумӣ мебошад.

Барқарорсозии муносибатҳои дӯстона ва баробарҳуқуқ бо кишварҳои хориҷӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар ҳафт соли охир гардид. Намунаи равшан ва амалӣ — таъсиси Осорхонаи «Дӯстии халқҳо» дар шаҳри Самарқанд мебошад, ки ба қарибӣ ман аз он дидан кардам. Ин ҷо ҳамчун «Майдони осорхонаи таҳаммулпазирии миллӣ ва динӣ» хизмат мекунад.

Дар осорхона маълумот дар бораи дину мазҳабҳои гуногун, ки дар қаламрави Самарқанд дар давраҳои гуногун вуҷуд доштаанд, пешниҳод мегардад. Ҳамчунин экспонатҳо аз бойгонии Осорхонаи санъати Самарқанд, Бухоро ва Тошканд мавҷуданд. Инҳо маводҳои гуногун, либос, ашёи рӯзгор, китобҳои муқаддаси динҳои гуногун мебошанд. Дар маркази экспозитсия оилаи Шоаҳмад Шомаҳмудовҳо ҳамчун рамзи оилаи инсонпарвар дар солҳои ҶБВ ҷой гирифтааст.

Дар даромадгоҳи осорхона фикрҳои шахсиятҳои бузург, олимон, нависандагон ва шоирон, ки дар асарҳояшон ба таҳаммулпазирии динӣ даъват кардаанд, оварда шудаанд. Қисмати алоҳидаи осорхона — галереяи аксҳо мебошад, ки дар он эҷодиёти аксбардорони ҷавон нишон дода мешавад. Қисми марбут ба таърихи почтаи Самарқанд низ диққати тамошобинонро ба худ ҷалб мекунад. Самарқанд ҳамеша бо зебоӣ ва шукӯҳаш дили мардумро рабудааст ва имрӯз ба маркази сайёҳии Осиёи Марказӣ табдил ёфтааст ва чунин хоҳад монд. Шаҳр на танҳо бо ёдгориҳои таърихӣ, балки ҳамчун макони зиёрати мусулмонон аз тамоми гӯшаҳои дунё маъруф аст. Бахшида ба ин мавзӯъ шуъбаи махсус  таъсис ёфтааст. Дар осорхона маълумоти зиёд ва ҷолиб дар бораи ҳаёти халқи сермиллати Ӯзбекистон пешниҳод мегардад.

Гуландом Субҳонова, раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон:

– Бино ба иҷрои барномаи давлатии «Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» дар асоси тамойили «Давлати сулҳпарвар ва бехавф» дар солҳои охир аз ҷониби марказҳои миллӣ-фарҳангӣ, ҷамъиятҳои дӯстӣ ва дигар ташкилотҳои ҳамкор корҳои мунтазам анҷом дода шуданд. Дар соли гузашта ва шаш моҳи соли ҷорӣ бо ташаббуси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ ва шуъбаҳои вилоятии он чорабиниҳои маънавию маърифатии «Парчами миллӣ – ғурур ва ифтихори мо», «Кишваре, ки оламро ба худ ҷалб намудааст», «Конститутсия – асоси ҳаёти фаровон», ҷашнҳо бахшида ба рӯзи модарон, Наврӯз, солгарди шоиру нависандагон ва тақдимоти китобҳои онҳо баргузор гардид. Бо ташаббуси роҳбари давлат дар «Боғи дӯстӣ» барои ҳар як маркази миллӣ утоқҳои миллӣ сохта шуданд. Онҳоро ҳар як марказ бо усули ба худ хос ҷиҳозониданд. Масалан, утоқи миллии тоҷиконро бо сӯзаниву гилам, сандуқ, кӯрпаю болишти бахягин, гоҳвора, доираю дутор, обдастаю дастшӯйи қадима ва дигар ашёҳо ҷиҳозонидем. Дар рӯзи ҷашн маросими кушода шудани ин хонаҳо баргузор гардид. Ҳар як утоқ симои миллӣ, тараннумгари забон, фарҳанг, урфу одат ва маросимҳои ба худ хосро дар худ инъикос намудааст.

Саодат Бекназарова,

хабарнигори «Овози тоҷик».  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: