Чунин инсонҳо намемиранд...

Дар доираи Фестивали дӯстӣ, ки ҳоло дар саросари мамлакатамон идома дорад, бо ҳамкории бахши ҳудудии Ассотсиатсияи миллии созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратии Ӯзбекистон дар шаҳри Тошканд ва Маркази фарҳанги тоҷикони шаҳри Тошканд «Ориёно» бахшида ба муаррифии китоби собиқ корманди рӯзномаи «Овози тоҷик» Хӯҷамурод Қӯлдошев «Бо ӯ, вале танҳо» «Сабоқ» чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ кормандони рӯзнома, ҳамсабақон ва аҳли оилаи Хӯҷамурод Қӯлдошев иштирок намуда, хотираҳои фаромӯшнашавандаи ин марди фидокору саховатпешаро ба ёд оварданд.
 – Мо бо баҳонаи нашри китоби мазкур — маҷмуаи ҳикояҳои Хӯҷамурод Қӯлдошев бо аҳли хонаводаи ӯ аз наздик шинос шудем, — гуфт муҳаррири китоб Абдулло Субҳон. – Ҳамсари нависанда Шодмонойапа дастнависҳои ӯро то ҳол нигоҳ дошта, кори хайр кардаанд, ки акнун аз ин мухлисони адабиёти бадеъ баҳраманд мегарданд. Китоб ҳикояҳои ҳам дар забони модарӣ ва ҳам дар забони ӯзбекӣ навишташудаи муаллифро дар бар мегирад, ки дар ду забон низ бо маҳорати баланд эҷод карда тавонистани ӯро собит меанмояд. Офаридаҳои Х.Қӯлдошев воқеаҳои ҳаётӣ буда, устод мақолу зарбулмасалҳои мардумиро бештар истифода бурдаанд, ки таъсири онро бештар гардондааст. Ҳарчанд Қӯлдошев умри кӯтоҳ дидаанд, умри маънавии он кас дар асарҳои офаридаашон идома дорад. Мо аз ҷомаи амал пӯшидани орзуҳои устод хеле мамнун гаштем.
 – Ман бо Хӯҷамурод ҳамкурс будам. Дар гурӯҳ 41 нафар мехондем. Ҳама адабиётдӯсту шеърдӯст будем, дар байнамон Хӯҷамуроди раҳматӣ ҷойгаҳи алоҳида дошт, ӯ ҳатто достонҳоро сар то охир, бо қироати хос аз ёд гуфта метавонист, — ёдоварӣ кард ҳамсари нависанда Шодмонойапа Қӯлдошева. — Меҳру муҳаббати тоза риштаи умри моро ба ҳам пайваст ва мо дар якҷоягӣ 20 сол бори рӯзгорро кашидем, ин муддат барои ман чун як лаҳза гузашт, чунки он кас некбину некхоҳ буданд, бо ҳама бо хушу хурсандӣ муносибат мекарданд. Худоро шукр мегуям, ки 5 нафар фарзандамон Дилшод, Лобар, Хуршеда, Шамшод, Дилдора насиҳату маслиҳатҳои падарашонро то ҳол дар ёд доранду ба он амал карда, ҳеч кам нашуданд. Ҳамаи фарзандонамон бо меҳнати ҳалол дар хидмати мардуманд, ки бахт аз ин зиёдтар намешавад.
Инчунин гуфта шуд, ки Хӯҷамурод Қӯлдошев болои ҳар як ҳикоя моҳҳо кор мекард ва сарлавҳаро низ аз элак гузаронида интихоб мекард ва вақте аз ӯ мепурсиданд, ки ҳикояи навбатӣ ба хондан кай тайёр мешавад, ҷавобан мегуфтаанд, ки «ҳоло дар деги майнаи сарам пухта истодааст...».
– Хӯҷамурод Қӯлдошев баробари нависандаи хуб будан, инсони хуб низ буд, — гуфт муҳаррири шуъбаи фарҳанги рӯзномаи «Овози тоҷик» Тӯхтамиш Тӯхтаев. – Бесабаб нагуфтаанд, ки аз нек боғ мемонад. Он кас мисли ман, ки аз мавзеъҳои гуногуни ҷумҳурӣ омада, дар рӯзнома нав кор сар мекарданд, онҳоро ҳам аз ҷиҳати моддӣ ва ҳам аз ҷиҳати маънавӣ дастгирӣ мекарданд, ки аз байн чандин солҳо гузашта бошад ҳам, мо онро бо некӣ ба ёд меорем. 
 
Набия Нодирова,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: