Хидматрасониҳои метрология мукаммал мегардад

Дар Маркази матбуоти миллии пойтахт бо ташаббуси Институти миллии метрологияи Ӯзбекистон оид ба корҳое, ки аз ҷониби институт доир ба такмили қонунгузорӣ дар соҳаи метрология ва бозомӯзии таҷрибаи байналмилалӣ амалӣ шудаанд, нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ директори институт Қутлимурод Бабашев таъкид намуд, ки пажӯҳишгоҳ оид ба мутобиқсозии низоми миллии метрологӣ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ корҳои муттасилро анҷом медиҳад. Дар арафаи дохил шудан ба созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС) дар мамлакати мо ҷиҳати ҳамоҳанг намудани қонунгузории миллӣ ба талаботи байналмилалӣ, аз ҷумла аз нав дида баромадани заминаи меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи метрология корҳои васеъмиқёс гузаронида мешаванд. Дар нимаи аввали соли ҷорӣ Агентии танзими техникӣ ва Институти миллии метрология як қатор ташаббусҳоро бобати такмилдодани қонун «Дар бораи метрология» ба миён гузоштанд. Дар ин раванд таҷрибаи пешқадами кишварҳои ҷаҳон, ба монанди Олмон, Туркия, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ омӯхта шуд. Аз ҷумла, «Консепсияи мувофиқгардонии қонунгузории соҳаи метрология ба талаботи СУС» таҳия карда шуд, муҳокимаҳо бо иштироки вазорату идораҳо ва коршиносони байналмилалӣ чун Институти PTB-и Олмон, TUBITAK UME-и Туркия, марказҳои миллии метрологии CENAM-и Мексика ташкил гардид. Консепсия регламентҳои техникӣ, санҷишҳои метрологӣ, системаи эталонҳо ва мутобиқсозии механизмҳои назорати давлатиро ба меъёрҳои СҶС муқаррар мекунад.
Алҳол, тибқи талаботи консепсияи «Индустрия 4.0» системаи сертификатсияи эталонҳои рақамӣ, хидматҳои калибркунии фосилавӣ ва воситаҳои зеҳнии ченкунӣ ташаккул меёбад. Ислоҳоте, ки бо мақсади такмили соҳаи метрология, таҳкими заминаи ҳуқуқӣ ва ба сатҳи рақобатпазир баровардани он дар арсаи байналмилалӣ гузаронида мешаванд, барои таҳкими иқтисодиёт ва иқтидори содиротии кишвар дар оянда хидмат хоҳанд кард.
Ҳамчунин, корҳои назаррас оид ба навсозии пойгоҳи эталонҳо, кушодани лабораторияҳои нав ба амал омаданд. Аз ҷумла, 9 воситаи нави эталонҳо оварда шуд, ки дар натиҷа шумораи умумии онҳо ба 35 адад расид. Боз 9 овардани воситаи эталонӣ ба маблағи 70,7 миллиард доллар дар назар аст. Онҳо таҷҳизоти дақиқи техникии марбут ба радиатсия, акустика, ҳарорат, андозаи геометрӣ ва дигар соҳаҳоро дар бар мегиранд.
Ғайр аз ин, институт бори аввал ҳамчун истеҳсолкунандаи сертификатсияшудаи намунаҳо тибқи стандарти байналмилалии ISO 17034 аз аккредитатсия гузашт. Ин барои пешниҳоди хидматрасониҳои метрологии байналмилалӣ дар сатҳи маҳаллӣ имкон медиҳад.
Ҳамзамон, ба такмилдиҳаи иқтидори кадрҳо эътибор дода, 27 мутахассис дар барномаҳои таҷрибавии табодули хориҷӣ иштирок карданд. То охири сол бозомӯзии боз 35 мутахассис дар хориҷа ба нақша гирифта шудааст.
 
Далер Азизов,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: