Дарахти сарсабзи дӯстӣ

Воқеан, ҳоло ҷаҳони пурталотуми асри ХХI дар вазъияте қарор дорад, ки арзишҳои беназири инсонӣ чун ҳамдиливу шафқат, меҳрубониву бахшиш, ягонагиву ҳамраъйӣ рӯз то рӯз коста гардида, ҷони миллионҳо одамон дар хатар мондааст. Ҳар нафаре, ки зеҳни солиму қалби салим дорад, сарчашмаи зиндагии осоиштаро танҳо дар мустаҳкамии решаҳои дӯстиву рафоқат дармеёбад.

 

Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.
                            Мирзо Турсунзода 

Бешубҳа, ҳар ҷое, ки шукуфоиву ободӣ, созандагиву ободӣ ҳукмфармост, он ҷо сулҳу салоҳ, шафқату меҳрубонӣ, дӯстиву бародарӣ чун дарахти боровар решаҳои амиқ дорад. Ба ин маънӣ, метавон гуфт, ки дӯстиву рафоқат дар байни мардуми тоҷику ӯзбек таърихи қадима дошта, қавитар гардидани муносибатҳои сиёсиву иҷтимоии миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон паёме аз ояндаи дурахшону созгор аст. Дар ин  росто, Пешвои миллат, Презденти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар барномаи «Шоми дӯстӣ», ки 17 августи соли 2018 дар шаҳри Тошканд ба ифтихори сафари давлатии ӯ ба Ӯзбекистон баргузор гардида буд, хеле хуб дарҷ шудааст: «Эҳсоси олии дӯстӣ, бародарӣ ва дастгирии якдигар асосҳои таърихии муносибатҳои байни халқҳои мо мебошанд, ки тӯли асрҳо  аз насл ба насл интиқол ёфтаанд». 
Дар ҳақиқат дӯстии ду миллати соҳибтамаддун реша дар таърихи фарҳангу маънавиёти оламшумул дорад. Метавон гуфт, ки ягона тафовут миёни тоҷикону ӯзбекон забон аст, ки ҳаргиз дар тули таърих дар роҳи ташаккули дӯстиву бародарӣ монеа нагардидааст. Миллатҳои тоҷику ӯзбек дар тӯли садсолаҳо тақрибан аз асрҳои ХV-ХVl ин ҷониб дар ҳамсоягӣ зиставу ба ҳамдигар табодули фарҳангиву маънавӣ кардаанд. Намунаи беҳтарини дӯстиву ҳамкории ду миллат муносибати ду мутафаккири бузург Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ мебошад, ки дар саҳифаҳои таърихи адабиёт ҷилои нотакрор дорад. Ба ин маънӣ академик Бобоҷон Ғафуров дар китоби «Тоҷикон» овардааст: «Дӯстии Алишери Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ тимсоли дурахшони дӯстии ду халқи бародар - ӯзбекон ва тоҷикон мебошад, ки таърихи он ба қадимтарин замонҳо рафта мерасад». 
Бояд гуфт, ки Абдураҳмони Ҷомӣ чун устоду роҳнамо нисбат ба шогирди худ Алишери Навоӣ садоқату самимияти хоса дошт ва аз ин хусус дар рисолаи «Нафаҳот-ул-унс», баъзе аз достонҳои «Ҳафт авранг» ва ашъори алоҳида ишораҳо дорад. Чунончӣ, дар сарсухани достони «Лайлӣ ва Маҷнун» дар мавриди дӯстӣ, аз Навоӣ чунин ёд кардааст:
... Хоса, ки ба боғи ошноӣ,
Бар шохи вафо бувад Навоӣ.
Яъне, ки Навоӣ лутф созад,
Дилҳои шикастагон навозад.
Дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек имрӯз низ ибратангез аст.  Роҳбарони ду давлат барои мустаҳкамии ин пайванд пайваста саъю кӯшиш мекунанд. Тавре Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дарҷ мекунад: «Тоҷикону ӯзбекҳо ду халқе ҳастанд, ки тамоми арзишҳои ахлоқӣ, одобу рафтор ва ҷашну маросимҳояшон ба ҳамдигар хеле монанданд». 
Дар ин росто Сарвари давлати Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев низ хеле хуб ибрози назар намудааст: «Мо дорои як дин, замин ва оби умумӣ мебошем. Дар шодиву ғам якҷо ва ҳамтақдирем. Мо бояд анъанаҳои неки ниёгонамонро идома дода, дӯстии халқҳоямонро таҳким бахшем ва ҳифз намоем». 
Тоҷикону ӯзбекҳоро ҳатто, ҷашнвораҳои милливу мардумӣ, амсоли Наврӯз низ ба ҳам пайванд месозанд. Тамоми расму оин ва анъанаҳои наврӯзӣ дар Тоҷикистону Ӯзбекистон яксон мегузаранд. Масалан, хӯроки баҳории «сумалак» бо номи «суманак» дар байни ӯзбекҳо низ тайёр карда мешавад. Миёни ин ду халқ умумияти мусиқӣ, санъати миниатюранигорӣ, санъати театри халқӣ, драмаи халқӣ, ҳунарҳои дорбозӣ ва амсоли ин яксонанд. Тавре муҳаққиқи тоҷик Дилшод Раҳимӣ қайд менамояд: «Истилоҳи зиёди ҳунарҳои мардумӣ, санъат, расму оин, таом ва суннатҳои пешинаи ду халқро метавонем ҳам дар фарҳанги Тоҷикистон ва ҳам Ӯзбекистон мушоҳида кунем. Далели дигар ин аст, ки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон  ба тариқи муштарак номинатсияи «Шашмақом»-ро ба ЮНЕСКО пешниҳод намуданд ва он соли 2008 сабти ном гардид».

Гузашта аз ин Тоҷикистону Ӯзбекистон солҳои 2009 ва 2016 дар номинатсияи Наврӯз муштаракона кор карда, онро ба ЮНЕСКО пешниҳод намуданд. Ҳамчунин, номинатсияи оши палав аз Тоҷикистону Ӯзбекистон ба таври мустақил ба ЮНЕСКО пешниҳод гардида, ҳар ду давлат сертификати алоҳидаро ба даст овардаанд. Дар ин миён, муштаракоту яксон будани либосҳои миллӣ, намунаҳои санъат, ба монанди «Шашмақом», рубоихонӣ ва эпоси «Гӯруғлӣ»- ро низ қайд кардан ба маврид аст. Дар умум метавон гуфт, ки решаҳои дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек дар тули таърих хеле қавию амиқ гардидаанд ва дарахти дӯстии ду сарзамини соҳибтамаддун сарсабз аст.
 
Саида Зайдуллозода, 
дотсенти кафедраи факултаи филологияи тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Айнӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: