Алишер Навоӣ дар таърихи забон ва адабиёти ӯзбек ҳамон мақом ва мартабаро дорад, ки Рӯдакӣ, Фирдавсӣ ё Ҷомӣ дар адабиёти форс-тоҷик. Шоирони бузурги ӯзбек ҳам дар назм ва ҳам дар наср осори зиёде аз худ боқӣ гузоштаанд. Дар бораи замон, ҳаёт ва эҷодиёти Алишер Навоӣ таърихнигорон ва адабиётшиносон таҳқиқоти гаронбаҳо ва пурқимат анҷом додаанд.
Дар асри XV дар олами илму адаб ду устоди бузург зуҳур кардаанд: яке шоири барҷастаи тоҷик ва олими шинохта Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ, дигаре поягузори адабиёти классикии ӯзбек, мутахаллис бо Навоӣ – Низомуддин Алишер.
Алишер Навоӣ на танҳо шоир ва олим, балки шахсияти барҷастаи сиёсӣ, ҳомии илму маърифат низ буд. Ин шахси хайрхоҳ тамоми умри худро барои пешрафти илму ҳунар, осоиштагии мардум ва амнияти Ватан сарф кард. Навоӣ дар бораи таърих, ахлоқ, таъбиру тафсири хоб, муаммо ва ғайра асарҳои зиёде навиштааст. Тибқи маълумоти ҳамзамононаш, ӯ аз эҳтироми баланде бархурдор буд ва нисбат ба аҳли илм ғамхории зиёд дошт. Агар афродеро, ки дар паноҳи Навоӣ тарбия ёфта, дар таърихи инсоният мақоми муҳим касб кардаанд, ба назар гирем, аҳамият ва мартабаи Навоӣ боз ҳам равшантар мегардад. Дар асари «Маҷолис-ун-нафоис»-и Навоӣ фаъолияти илмӣ ва адабии бисёре аз адибон, ки дар атрофи ӯ ҷамъ омада буданд, баён ёфтааст. Аксари ин донишмандону эҷодкорон шогирдони мустақими Алишер Навоӣ буданд.
Гарчанде Навоӣ ба забони модарии худ муҳаббати беандоза дошт, вале ҳамзамон олимон, нависандагон ва шоиронеро, ки бо забонҳои тоҷикӣ ва арабӣ асар навиштаанд, дӯст медошт ва онҳоро таҳти ҳимояи худ мегирифт. Дар ҳақиқат, Навоӣ мисли боғбони соҳибтаҷриба дар соҳаи адабиёт ва ҳунар гулҳои хушбӯю зебо ва дар бахши илму маърифат дарахтони пурборро ба воя расонд. Дар ҳаёти адабӣ шоирони тоҷик ва ӯзбек фаъолона ширкат доштанд. Ба онҳо на забон монеа мешуд ва на ғоя ё тасвирҳои бадеӣ. Аз ин рӯ, онҳо аз ҳуқуқи баробари эҷодӣ бархурдор буданд.
Бо фаъолияти густурдаи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ муносибатҳои дӯстонаи байни ин ду адабиёт идома ёфт. Адабиёти тоҷик ва ӯзбек танҳо аз ҷиҳати забон аз ҳамдигар фарқ мекарданд, аммо аз лиҳози мазмун, шаклҳои шеърӣ, санъатҳои бадеӣ ва воситаҳои тасвир миёни онҳо фарқе вуҷуд надошт.
Дар он аср дар сархати номи ҳамаи равшангарони илму адабиёт шахсияти бузурги ҷаҳони форс – Абдураҳмони Ҷомӣ қарор дошт. Ҳаёт ва фаъолияти илмӣ-адабии Ҷомӣ бо фаъолияти сиёсӣ, илмӣ ва адабии Навоӣ робитаи зич дошт. Дӯстии ин ду бузургвор маҳсули робитаҳои ҳамешагии миёни халқи тоҷик ва ӯзбек, наздикии хешутаборӣ ва робитаҳои доимии адабиёт ва санъати ин ду миллат буд. Ҷомӣ бисёре аз асарҳои худро бо ташвиқ ва дастгирии Алишер Навоӣ навиштааст. Дар аксари осораш ба дӯсташ изҳори миннатдорӣ кардааст ва онро бо мисраъҳои зебо баён намудааст. Тавре ки дар маснавии «Лайлӣ ва Маҷнун» фармудааст:
Ёр аст калиди ганҷи уммед,
Ёр аст навиди айши човид.
...Хоса, ки ба боғи ошноӣ,
Бар шохи вафо бувад Навоӣ;
Яъне, ки Навоӣ лутф созад,
Дилҳои шикастагон навозад.
Коре набувад ба ҷойи ин кор,
Ёрони ҷаҳон фидои ин ёр.
Муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории эҷодии ин ду шахсияти бузург дар мақолаи дуввуми «Хамсат-ул-мутаҳаййирин», ки аз 28 номаи тарафайн иборат аст, зикр ёфтааст.
Чунончи, ӯ қасидаи иборат аз 184 мисраи «Луҷҷат-ул-асрор»-ро бахшида ба Навоӣ навишт ва ба навиштани «Туҳфат-ул-афкор» замина фароҳам овард. Дар ин қасида панду андарзҳои пурбор зиёданд:
Гар надорад симу зар доно, манеҳ номаш гадо,
Дар бараш дил баҳри дониш, ӯ шаҳи баҳру бар аст.
...Соғари роҳат бувад аз касб бар каф обила,
Вақти он кас хуш, ки роҳат ёфта з-ин соғар аст.
Навоӣ қасидаи маъруфи «Туҳфат-ул-афкор»-ро низ дар ҳамин вазн ва қофия (146 байт) эҷод намудааст ва дар ин ҷо баъзе пораҳояшро меорем:
Оташин лаъле, ки тоҷи хусравонро зевар аст,
Ахтаре баҳри хаёли хом пухтан дар сар аст.
Марди косибро зи ранҷи даст бар каф обила,
Шуд далели гавҳари мақсуд, к-аш даст андар аст.
Дар интиҳо бо ишора ба Ҷомӣ мегӯяд:
3-илтифоти хотират ин нуктаи ширин марост,
Ҳамчунон к-аз партави хуршед найро шаккар аст.
«Туҳфат-ул-афкор» агар созам лақаб ӯро сазост,
Туҳфа чун наздат зи баҳри фикратам ин гавҳар аст.
Дар ҳақиқат, шеъри Навоӣ аз лиҳози мазмуну муҳтаво яке аз дурдонаҳои назми форсӣ ба шумор меравад ва эҳсоси ғании ӯро инъикос мекунад. Таъсири эҷодию ғоявии Навоӣ ва Ҷомӣ ҳарчанд ҷудогона аст, аммо робита ва ҳамкории байни ин ду шоири бузургро ба таври равшан нишон медиҳад.
Навоӣ гуфтааст:
Очмағай ғердинг ҷамоле оламоро, кошки,
Солмағай эрдинг бари оламда ғавғо, кошки.
Ҷомӣ:
Дидаме дидори он дилдори раъно, кошкӣ,
Дида равшан кардаме аз хоки он по, кошкӣ.
Назми Ҷомиро, ки шуд дар васфи лутфи ӯ чу дур,
Ҷо набудӣ ғайри гӯши шоҳи воло, кошкӣ.
Ин ду шахсияти бузург дар корҳои сиёсӣ, расмӣ, ватандӯстӣ, хидмат ба халқ ва пешрафти Ватан ба якдигар ёрӣ расондаанд. Хусусан, вақте ки Навоӣ вазири маорифи Султон Ҳусайн Бойқаро буд, ҳамаи корҳои давлатӣ бо маслиҳат ва ризояти ӯ анҷом меёфт. Навоӣ гуфтааст:
«Бечора, вақте ки бо шикор машғул будам, хоҳиш кардам маро аз он кор озод кунанд. Барои тасаллии ман чанд сухани таскиномез гуфтанд».
Марги Ҷомӣ зеҳн ва қалби ҳассоси Навоии меҳрубонро ғамгин намуд. Дар рӯзҳои охир, маҳз ба сабаби қаробат бо Ҷомӣ, ҳама ӯро шахси муҳтарам меҳисобиданд. Навоӣ гуфтааст:
«Аз наздикони Туркӯрон, ки меҳмон буданд, маро ба он сабаб, ки соҳиби ин бечора ҳастам, низ шахси муҳтарам дониста, барои ман тасаллии дил буданд.»
Навоӣ ба муносибати вафоти Ҷомӣ асаре иборат 70 байт менависад, ки дар он, аз ҷумла, оварда шудааст:
Ҳар дам аз анҷумани чарх ҷафои дигар аст,
Ҳар як аз анҷуми ӯ доғи балои дигар аст.
Навоӣ дертар бахшида, ба ҳаёт ва фаъолияти Ҷомӣ китоби махсусеро бо номи «Хамсат-ул-муттаййирин» менависад. Китоб аз муқаддима, се мақола ва хулоса иборат аст.
Мо – меросдорони Навоӣ ва Ҷомӣ бояд ин дӯстиро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва идома диҳем.
Фарида Аҳадова,
донишҷӯйи бахши сеюми факултаи забонҳои хориҷии ДДТ.