ӮЗБЕКИСТОН – ТОҶИКИСТОН: ҲАМКОРИҲО ДАР ФАЗОИ ДӮСТӢ ВА ЭЪТИМОД

  • ӮЗБЕКИСТОН – ТОҶИКИСТОН: ҲАМКОРИҲО ДАР ФАЗОИ ДӮСТӢ ВА ЭЪТИМОД
  • ӮЗБЕКИСТОН – ТОҶИКИСТОН: ҲАМКОРИҲО ДАР ФАЗОИ ДӮСТӢ ВА ЭЪТИМОД
  • ӮЗБЕКИСТОН – ТОҶИКИСТОН: ҲАМКОРИҲО ДАР ФАЗОИ ДӮСТӢ ВА ЭЪТИМОД
  • ӮЗБЕКИСТОН – ТОҶИКИСТОН: ҲАМКОРИҲО ДАР ФАЗОИ ДӮСТӢ ВА ЭЪТИМОД

Имрӯзҳо соҳаи сайёҳӣ аз самтҳои сердаромадтарини иқтисодиёти ҷаҳон маҳсуб меёбад, ки дар таъмини шуғл, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди соҳаҳои хидматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррифии таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллии ҳар як халқу кишвар нақши муҳим дорад.

Бинобар ин, дар мамлакати мо пешбурди соҳа яке аз ҷанбаҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба шумор рафта, ҷиҳати роҳандозии намудҳои нави сайёҳӣ, таъсис додани масканҳои истироҳативу фароғатӣ, иншооти табииву солимгардонӣ, таъмиру таҷдиди мероси фарҳангию таърихӣ ва зиёратӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои сайёҳон ташаббусҳои созанда роҳандозӣ ва чорабиниҳои судманд амалӣ мегарданд.

Оғози марҳилаи нави рушд

Бояд гуфт, ки Ӯзбекистон дорои табиати нотакрор, иқлими мусоиду муътадил, кӯҳҳои сарбаафлок, дарёву чашмаҳои мусаффо буда, барои сафариён имкониятҳои васеи сайёҳии таърихию зиёратӣ, гастрономӣ, экологӣ, варзишӣ ва оилавиро пешниҳод мекунад. Ҳамзамон, мардуми покдилу меҳмоннавоз дорад, ки ин ҳама ба сол то сол афзудани теъдоди сайёҳон ба мамлакат мусоидат мекунанд.

Воқеан, таърихи пурғановат, мероси ғании фарҳангӣ, табиати нодир ва ёдгориҳову мавзеъҳои нотакрори мамлакатамон заминаи устуворе дар рушди соҳаи сайёҳӣ ҳастанд. Маҳз бо назардошти ин омилҳо соҳаи мазкур чун яке аз манбаъҳои боэътимоди инкишофи иқтисодиёти миллӣ, рушди иҷтимоии минтақаҳо арзёбӣ шуда, ҳамеша зери таваҷҷуҳи Президент қарор дорад.

Тӯли чанд соли охир дар ин самт як қатор санадҳои муҳим, аз ҷумла танҳо соли гузашта 18 ҳуҷҷати меъёрӣ – 3 фармон ва 6 қарори роҳбари давлат, 9 қарори ҳукумат имзо ва тасдиқ гардиданд.

Маҳз дар натиҷаи дастгирӣ, ташаббусҳои бунёдкорона ва дурбинонаи Сарвари мамлакат, роҳандозии чорабиниҳои муҳим, дар ин бахш марҳилаи комилан нав оғоз ёфт. Содирот дар соҳа 1,6 баробар афзуда, ба 3 миллиарду 500 миллион доллар расид. Беш аз 2 ҳазор соҳибкорони нав дар ин самт ба кор сар карданд. Илова бар ин, дар ҳашт соли сипаришуда дар натиҷаи рушди босуръати инфрасохтори сайёҳӣ ва хидматрасонӣ ба минтақаҳо 6 миллиарду 500 миллон сӯм сармоя ворид сохта, 130 ҳазор ҷойи меҳмон фароҳам оварда шуд. 20 деҳаи сайёҳӣ ташкил гардид. Соли гузашта бори аввал қариб 10 миллион нафар сайёҳони хориҷӣ аз Ӯзбекистон боздид намуданд.

Натиҷаҳои таърихӣ

Сарвари давлат Шавкат Мирзиёев дар яке аз баромадҳои худ соҳаи туризмро чун «ҷабҳаи сулҳ ва дӯстӣ» маънидод намуда, таъкид карда буд: «Дар доираи ислоҳоте, ки оғоз намудаем, ба рушди соҳаи сайёҳӣ, ки ҷабҳаи сулҳ ва дӯстист, ҳамчун як самти стратегии алоҳида таваҷҷуҳи махсус медиҳем ва ин албатта, бесабаб нест. Зеро сайёҳӣ на танҳо гаштугузор ва истироҳати пурмазмун аст. Он, пеш аз ҳама, халқҳоро ба халқҳо, дилҳоро ба дилҳо мепайвандад, оинаест, ки фарҳанги ғанӣ ва мероси таърихии халқи меҳнатдӯсту кушодадили мо, қалби бози онҳоро ба ҷаҳон муаррифӣ менамояд».

Оре, соҳаи сайёҳӣ ҳамчун оина арзишҳои ҳар як халқу диёрро бозгӯ менамояд, миллатҳоро ба ҳам меорад, робитаҳоро таҳким мебахшад, саҳифаҳои нави ҳамкориро боз менамояд.

Боиси зикр аст, ки ҷараёни воридшавии сайёҳон ба Ӯзбекистон пайваста меафзояд, ки ин чун як натиҷаи таърихӣ аз афзудани таваҷҷуҳи ҷаҳониён ба кишвари мо гувоҳӣ медиҳад.

Бино ба маълумоти Кумитаи миллии омор танҳо дар моҳҳои январ-майи соли равон ба Ӯзбекистон қариб 4,2 миллион нафар сайёҳон ворид шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат бо даври мутаносиби соли гузашта 1,4 миллион нафар, яъне 48,2 фоиз (соли 2024 ҷамъ 2,8 миллион нафар) зиёд аст.

Бояд гуфт, ки моҳи апрели соли равон бори аввал дар таърихи Ӯзбекистон дар як моҳ беш аз 1 миллион сайёҳи хориҷӣ аз мамлакат дидан карданд. Дар моҳи май бошад, ин натиҷаи таърихӣ тағйир ёфт: Ӯзбекистон 1,1 миллион сайёҳи хориҷиро пазироӣ намуд.

Вақте теъдоди воридшавии шумораи сайёҳонро ба Ӯзбекистон дар қиёси солҳо таҳлил мекунем, аён мегардад, ки дар соли 2019 ҷамъ 1,9 миллион нафар, соли 2022 – 5,2, соли 2023 дар умум 6,6 ва соли 2024 бошад, қариб 10 миллион нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз мамлакати мо боздид ба амал овардаанд.

Албатта, ин ҳама ба шарофати чорабиниҳои пайвастаи судманд, ки барои беҳтарсозии имиҷи кишвар, васеъ кардани реҷаи бидуни раводид, ҷалби сармоя ба соҳа ва иштироки фаъол дар намоишгоҳу форумҳои байналмилалии сайёҳӣ ба амал мепайвандад. 

Тоҷикистон – дар сегонаи аввал

Тибқи ҳолати панҷ моҳи аввали соли равон аз ҷиҳати теъдоди воридшавии шумораи сайёҳон ба мамлакат, Қирғизистон (1 280,1 ҳазор нафар), Тоҷикистон (993,7), Қазоқистон (889,6), Русия (334,3) ва Афғонистон (199,2 ҳазор нафар) ба қатори панҷгонаи беҳтарин шомил гардиданд.

Ҳамчунин афзоиши сайёҳон аз Туркманистон (142,5 ҳазор нафар), Туркия (65,8), Чин (51,9), Ҳиндустон (28,5) ва Италия (17,4 ҳазор нафар) мушоҳида мешавад.

Вақте ба ин нишондиҳандаҳо дар қиёси солҳо диққат мекунем, маълум мегардад, ки Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ҳамеша дар сегонаи беҳтарин қарор доштаанду доранд.

Аз ҷумла, дар ин солҳо теъдоди зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон аз масканҳои сазовори диққати мамлакат боздид ба амал овардаанд. Агар соли 2022 ҷамъ 1 миллиону 447 ҳазор тоҷикистонӣ ба Ӯзбекистон сафар карда бошанд, соли 2023 қариб 2 миллион нафар ба мамлакати мо омадаанд ва соли гузашта ин рақам ба 2 миллиону 100 ҳазор нафар расидааст.

Ин нишондиҳандаро дар мисоли панҷ моҳи аввали се соли охир гирем, чунин рақамҳо ба даст меоянд: дар моҳҳои январ-майи соли 2023 ҷамъ 797 800 нафар, соли 2024 – 871 500 нафар ва дар соли равон 993 700 нафар.

Ҳамзамон, Ӯзбекистон низ аз ҷиҳати теъдоди воридшавии шумораи сайёҳон ба Тоҷикистон дар сегонаи беҳтарин, дақиқтараш доим дар садри феҳраст қарор дорад.

Мувофиқи маълумоти Кумитаи миллии омор дар панҷ моҳи аввали соли равон 501 657 нафар шаҳрвандони Ӯзбекистон аз мавзеъҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва зиёратии кишвари бародар дидан кардаанд. Ин нишондиҳанда моҳҳои январ-майи соли 2024 ҷамъ 449 800 нафарро ташкил кардааст. Дар давоми соли 2024 бошад, ҷамъ, 1,1 миллион ҳамватанони мо аз табиати нотакрор, манзараҳои зебову назаррабои шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон боздид ба амал овардаанд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2025 аз Тоҷикистон 925 700 нафар хориҷиён боздид намудаанд, ки аксар ҳамватанони мо мебошанд. Шумораи онҳо зиёда аз 527 ҳазор нафар буда, 56,9 фоизи теъдоди умумиро ташкил медиҳад ва Ӯзбекистон чун солҳои пешин дар мақоми якуми рӯйхат қарор дорад.

Имзои қариб 50 созишнома ва қарордодҳои ҳамкорӣ

Албатта, ин рақамҳо дар натиҷаи сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи сарони ду давлат ба даст омадаанд ва аз дуруст роҳандозӣ гардидани робитаҳои соҳаи сайёҳӣ гувоҳӣ медиҳанд.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон аз шарикони стратегӣ ва ҳамкорони боэътимоду асосии Ӯзбекистон дар бахши сайёҳӣ мебошад. То ҳол байни ду давлати ҳамҷавор дар ин самт қариб 50 созишнома, қарордодҳои ҳамкорӣ ва санадҳои муштарак имзо шудаанд, ки яке аз муҳимтарини онҳо Созишномаи байниҳукуматии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон оид ба мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон ва Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ мебошад.

Ин ду созишнома 9 марти соли 2018, зимни аввалин сафари давлатии Президент Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон имзо гардида, ба рушди ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла, мубодилаи иттилоот доир ба рушди сайёҳӣ тавассути маводи нашрӣ, филмҳо, гузаронидани чорабиниҳои тарғиботӣ, конфронс, семинар, ташкили намоишгоҳҳо ва барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни ширкатҳои сайёҳӣ нигаронида шудааст.

Тибқи созишномаи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон мардуми ду давлати ҳамсарҳад ҳуқуқ доранд, ки ба муҳлати 30 рӯз бидуни раводид ба кишварҳои ҳамдигар сафар намоянд.

Инчунин, иштироки фаъоли намояндагони давлатҳо дар форум, фестивал, чорабиниҳои сатҳи байналмилалии бахши туризм, дар ҳамкорӣ гузаронидани чорабиниҳои гуногун, баргузор намудани омӯзишу машваратҳо ва ташкили намоишгоҳҳои сайёҳӣ низ дар тақвияти ҳамкориҳо ва афзудани шумораи сайёҳон нақши муҳим доранд.

Вақте сухан бобати чунин чорабиниҳо меравад, мо метавонем аз як қатор фестивалу анҷуманҳои муштараки Ӯзбекистону Тоҷикистон дар ин самт, чун мулоқоти тиҷоратии байни намояндагони ширкатҳои бузурги сайёҳии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон (23 майи соли 2022, Самарқанд), Фестивали «Таомҳои миллии Осиёи Марказӣ» (14-15 сентябри соли 2023, Душанбе), конфронси ХII вазирони сайёҳии давлатҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ (1-2 июни соли 2024, Хива), Форуми VIII байналмилалии роҳбаладони Ӯзбекистон дар мавзӯи «Фаъолияти сайёҳӣ ва экскурсия: мушкилоти нав ва роҳҳои пешрафт» (21 феврали соли 2025, Тошканд), ҳамоиши канории сайёҳӣ – Муколамаи минтақавии давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар мавзӯи «Наврӯз – қадимтарин мероси фарҳангию сайёҳӣ дар минтақа» (1 апрели соли 2025, Хуҷанд), Форуми II байналмилалии сайёҳӣ дар мавзӯи «Суғд – чорроҳаи Роҳи бузурги абрешим» (16-19 апрели соли 2025, Хуҷанд), Фестивали байналмилалии туризми варзишии фаъол ва экстремал (4 июни соли 2025, Самарқанд) ёдовар шавем.

Сайёҳӣ: имконот ва дурнамо

Бо як сухан, масъалаҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, некҳамсоягӣ, шарикии стратегии Ӯзбекистону Тоҷикистон, инчунин, татбиқи тавофуқҳое, ки дар сатҳи олӣ ба даст омадаанд, ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи пешвоёни ду мамлакат Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.

Инчунин эътибор пайдо кардани шартномаи муносибатҳои ҳампаймонӣ байни ду давлати дӯст барои таҳкими минбаъдаи робитаҳо дар тамоми бахшҳо, аз ҷумла, соҳаи сайёҳӣ, роҳандозии ислоҳоти судманд, пешбарии ғоя ва ташаббусҳои нав дар ин самт хидмат мекунад.

Алҳол ҳар ду ҷониб барои вусъат додани ҳамкориҳои минтақавӣ дар бахши сайёҳӣ, густариши минбаъдаи робитаҳои мутақобилан судманд, созмон додани самтҳои нави муштараки сайёҳӣ ва дар заминаи ин афзун намудани содироти хидматрасониҳои сайёҳӣ талош менамоянд.

Аз ҷумла, кумитаҳои сайёҳии ду ҷониб бобати мунтазам гузаронидани вохӯриҳо дар формати В2В, дар таътили тобистона ташкил намудани саёҳати хонандагони мактабҳои Ӯзбекистон ба Тоҷикистон, афзунсозии инфо-турҳои байниҳамдигарӣ, ҳамоҳангсозии асосҳои ҳуқуқии меъёрҳои мавҷудаи соҳаи сайёҳӣ ба мувофиқа расидаанд.

Илова бар ин, дар мамлакати мо бо мақсади рушди соҳа татбиқи як қатор чорабиниҳо дар назар аст. Ҳоло Платформаи ягонаи миллии сайёҳӣ созмон меёбад, ки тариқи он сайёҳон метавонанд визаи электрониро дастрас намоянд, билет харанд. Инчунин, роҳандозии «картаи ягонаи сайёҳӣ» пешбинӣ шудааст, ки барои тамошои тамоми обидаҳои таърихии мамлакат имкон медиҳад.  

Бояд гуфт, ки аз 1 сентябри соли 2023 шаҳрвандони мо метавонанд бо корти ID ба Қирғизистон бемамониат сафар кунанд. Ҳоло ба Тоҷикистон ва Қазоқистон низ ҷорӣ кардани ин низом дар назар аст.

Ғайр аз ин, созмони «Ҳалқаи тиллоии сайёҳии водии Фарғона», ки сафар ба мамнӯъгоҳ, кӯҳсор, кӯл, инчунин, шаҳрҳои таърихӣ ва дигар минтақаҳои сазовори диққати Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистонро фаро мегирад, ташкили самти фарҳангӣ-сайёҳии муштараки «Наврӯз – дар қалби Осиёи Марказӣ», ки ҷашнҳои идонаи мамлакатҳоро ба ҳам меорад, татбиқи барномаи «Як тур – як макон», ки самтҳои муштараки сайёҳиро бо давлатҳои Осиёи Марказӣ роҳандозӣ менамояд, пешбинӣ шудааст.

Ҳамзамон, дар асоси тавофуқи ду ҷониб бо мақсади беҳтар намудани шароит ба мусофирон дар фурсати наздик ба таври замонавӣ таъмир ва тармим намудани гузаргоҳи сарҳадии «Ойбек»-и вилояти Тошканд ба нақша гирифта шудааст.

Илова бар ин, имрӯзҳо бар асоси қарори дахлдори Президент сохтмони роҳи оҳан, ки шаҳри Самарқандро бо ноҳияи Ургут мепайвандад, идома дорад. Тибқи лоиҳа бунёди ду истгоҳи роҳи оҳан дар назар аст, ки яке аз онҳо дар наздикии сарҳади Тоҷикистон – гузаргоҳи сарҳадии «Ҷартеппа», дар масофаи 500 метр дуртар аз он сохта мешавад. Ин иқдоми нек низ маҳз бо мақсади беҳтар кардани имконот ва шароит барои шаҳрвандони  ду кишвар роҳандозӣ мегардад. 

Хулоса, ин ҳама ташаббусҳои созандаву, иқдомҳои накӯ дар баробари рушди ҳамаҷонибаи мамлакат, пешбурди сиёсати босамари хориҷӣ, тавсеаи доираи дӯстону шарикон ва амиқтар намудани ҳамкориҳои минтақавӣ бо ҳамсоягони наздик, барои боз ҳам афзудани шумораи сайёҳон, таҳкими робитаҳои дӯстона, ташаккули фазои сулҳу субот ва амният бо давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистони дӯсту бародар хидмат мекунад.

Фаридуни ФАРҲОДЗОД,

мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: