Ӯзбекистону Тоҷикистон ҳамкориҳоро дар мубориза бо коррупсия таҳким мебахшанд

30 июл вохӯрии ҳайати Агентии муқовимат ба коррупсия ва Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии мамлакат бо роҳбарияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Вохӯрӣ бо мақсади татбиқи талаботи нақшаҳои чорабиниҳо оид ба амалисозии Созишномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2025-2026 ва Ёддошти тафоҳум барои солҳои 2024-2025, ки байни ҳар ду ниҳод ба имзо расидаанд, баргузор карда шуд.

Дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки муносибатҳои шарикии стратегии Ӯзбекистону Тоҷикистон имкон медиҳанд, ки дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла мубориза бо коррупсия ҳамкории самаранок анҷом дода шавад.

Ҷонибҳо ба рушди муносибатҳои судманд дар самти муқовимат ба ҷиноятҳои иқтисодӣ ва коррупсионии фаромиллӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, барои густариши равобит дар чаҳорчӯби санадҳои ҳамкории дуҷониба изҳори омодагӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи сафари ҳайати мақомоти зиддикоррупсионии мамлакатамон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми ду рӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия баргузории семинари омӯзишӣ ба нақша гирифта шудааст. Зимни он ҳайати мо бо сиёсати зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва натиҷаҳои ноилгардидаи Агентӣ дар ин самт шинос хоҳад шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: