Маҳаллаи сайёҳӣ ободтар мегардад

Ҳокими вилояти Намангон Шавкатҷон Абдураззоқов аз маҳаллаи зебоманзари Имомота, ки аз маркази ноҳияи Поп дар масофаи 95 километр воқеъ аст, боздид намуда, бо корҳои амалии оид ба сайёҳӣ шинос шуд.

Лоиҳаҳои наве, ки барои боло бардоштани салоҳияти сайёҳии вилоят нигаронида шудаанд, аз ҷониби сармоядорон пешниҳод гардиданд. Мушкилоти вобаста ба инфрасохтор муҳокима ва барои бартараф кардани камбудиҳо ба масъулони соҳа вазифаҳо дода шуданд. 
Дар маҳалла ва атрофи он дар асоси усули инноватсионӣ бунёд намудани 12 хонаи капсулӣ ба нақша гирифта шудааст. Ин имкон медиҳад, ки 44 сайёҳ қабул шавад. Дар тӯли солҳои 2026-2027 бунёд намудани боз 77 хонаи капсулӣ пешбинӣ шудааст. Маҳалла нафақат ба зиёратгоҳ, балки ба маркази сайёҳӣ табдил меёбад. 
Ҳокими вилоят ба хонаводаҳое, ки барои сайёҳон ҷойи истиқомат ва истироҳат бино кардаанд, рафта, бо шароит ва имкониятҳои фароҳамоварда шинос гардид. Ба соҳибони он хонаҳои сайёҳӣ маслиҳат ва таклифҳо дод. Ӯ ваъда дод, ки дар ин ҳудуд барои беҳтар кардани инфрасохтори роҳ чорабиниҳои амалӣ андешида мешаванд.
Барои маълумот метавон гуфт, ки дар ноҳия соли гузашта 300 хонаи истиқоматии оилавӣ, 4 майдони фароғатӣ, 3 оромгоҳи бачагона, 2 хобгоҳ ва 30 иншооти сайёҳии гастрономӣ ба истифода супурда, зиёда аз 1500 ҷойи корӣ ташкил карда шуданд. Дар мавсим ба ноҳия 650 ҳазор сайёҳон омаданд. 
 
Шоҳида ДАМИНОВА, вилояти Намангон

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: