«Қасри Орифон» мақоми «Деҳаи сайёҳӣ»-ро гирифт

Ба ин муносибат дар деҳаи Қасри Орифон, воқеъ дар ноҳияи Когони вилояти Бухоро, маросими бошукӯҳи ифтитоҳ баргузор гардид.

Нотиқон дар чорабинӣ ба эътибор ба соҳаи сайёҳӣ дар кишварамон, ислоҳот ҷиҳати рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва имкониятҳои афзоиши ҷаззобият ва иқтисодиёти минтақаҳо тавассути деҳаҳои сайёҳӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки ин деҳа бо ёдгориҳои таърихии қадимӣ, маконҳои зиёрат ва анъанаҳои миллии худ фарқ мекунад. Аз ҷумла, деҳаи Қасри Орифон ба оромгоҳи авлиёи машҳур Баҳоуддини Нақшбанд наздик воқеъ буда, таваҷҷуҳи ҳазорон сайёҳи дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб мекунад. Дар тӯли сол ҳазорон меҳмон аз ин макон дидан мекунанд. Табиист, ки чунин деҳаҳои сайёҳӣ на танҳо макони нави тамошо барои сайёҳон, балки манбаи даромади устувор барои аҳолии маҳаллӣ ва василаи самарабахши ҳифзу тарғиби мероси фарҳангии мо мебошанд.
Дар доираи чорабинӣ Кумитаи сайёҳӣ сеортификатро оид ба мақоми «деҳаи сайёҳӣ» гирифтани деҳа бо тантана супорид. Баъдан, бо мақсади шинос кардани намояндагони соҳаи сайёҳӣ бо объектҳои навтаъсиси туристӣ инфотур баргузор гардид. Меҳмонон бо инфрасохтори муосир, хонаҳои меҳмонӣ, устохонаҳои ҳунармандӣ ва дигар имкониятҳои сайёҳии деҳа аз наздик шинос шуданд.
Ҳамчунин, иштирокчиён маҷмааи Баҳоуддини Нақшбандро зиёрат карда, аз Қуръон сурае Қироат карда, даст ба дуо бардоштанд.
 
Зариф КОМИЛОВ,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: