Ӯзбекистон дар шоҳсуфаи фахрӣ

Дар соҳили баҳри Иссиқкӯли Қирғизистон чемпионати Осиёи Марказӣ оид ба шоҳмот дар байни наврасони синну солашон аз 8-18 сола ба поён расид. Барои пирӯзӣ аз Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Тоҷикистон ва соҳибони майдон 448 нафар талош варзиданд.

Вакилони кишвари мо 6 медали тилло, 4 нуқура, 6 биринҷӣ ба даст оварда, аз шоҳсуфаи баланд ҷой гирифтанд. Дар байни духтаракони 14 сола Руқия Олимоваи самарқандӣ, Зулола Аҳтамова аз шаҳри Навоӣ ва дигарон медали тилло ва 500 долларӣ мукофотпулӣ гирифтанд. 
 – Мусобиқаи байналхалқии шатранҷбозон дар асоси мизони меъёр  шуда гузашт, – гуфт  довари байналхалқӣ Абдуваҳҳоб Воҳидов, – зеро  назорат  қатъӣ, шароити бозӣ аъло  буд.
Ғолибон дар моҳи сентябри соли равон дар чемпионати ҷаҳон, ки дар пойтахти Қазоқистон баргузор мегардад, шарафи Ӯзбекистонро ҳимоят мекунанд.

Зоҳир Ҳасанзода, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: