30 июл дар яке аз гӯшаҳои босафои ноҳияи Нурато, дар шаҳраки Темирқовуқ вохӯриҳои гарму самимии сокинони деҳаҳои атроф ба вуқуъ пайваст, ки омехта аз миллатҳои ба ҳам дӯсту бародари тоҷик, ӯзбек ва қазоқ буд.
Чун дар кишвари мо бештар аз яксаду панҷоҳ қавму миллат зиндагӣ доранд, ба дили ҳар яке роҳ ёфтан ва ба тарзи мусовӣ, ҳамаро ба як чашм дида, шароиту имконоти лозимро фароҳам овардан мақсади асосии роҳбари раёсат ва мақомоти дахлдори давлатӣ ба шумор меравад. Амалӣ шуда истодани ин гуна сиёсати хирадмандонаро дар айёми таҷлили “Рӯзи дӯстии халқҳо” тамоми мардуми Ӯзбекистон равшану возеҳ мушоҳида мекунанд.
Минҷумла, 30 июл дар яке аз гӯшаҳои босафои ноҳияи Нурато, дар шаҳраки Темирқовуқ вохӯриҳои гарму самимии сокинони деҳаҳои атроф ба вуқуъ пайваст, ки омехта аз миллатҳои ба ҳам дӯсту бародари тоҷик, ӯзбек ва қазоқ буд. Он ба ҷашнвораи бошукуҳи дӯстӣ табдил ёфт. Аз ҷумла, дар мактаби рақами 32-юм барномаи васеи фарҳангӣ таҳти шиори “Барои ватан, барои миллат, барои халқ!” баргузор гардид. Дар доираи ин ҷашнвора донишомӯзони тоҷику ӯзбеку қазоқ бо завқу шавқи беинтиҳо дар бозии интеллектуалии “Заковат”, озмуни санъати тасвирии “Миҳани азиз бо ҷилои рангҳо” ва озмуни шеърии “Қасидаи Ватан” қувваозмоӣ карданд.
Дар ин ҷашнвора он чиз муҳиму қобили таваҷҷуҳ буд, ки аз лабони ширкаткунандагон табассум канда намешуд, ҳама бо забони дил бо якдигар гуфтугӯ мекарданд, аз баромаду посуху шеъргӯйии ҳамтоёни худ беохир завқ мебурданд. Баромадҳо ба забонҳои тоҷикию ӯзбекию қазоқӣ садо медоданд, ҳайати доварон, ки ба ҳар се забон ворид буданд, донишу маҳорати донишомӯзонро аз рӯйи номинаҳои ёдшуда одилона арзёбӣ ва ғолибонро эълон карданд.
Дар бозии зеҳнии “Заковат” ҷамоаҳои хирадварзи мактаби 32-юми Темирқовуқ, мактаби 49-уми Синтаб ва ҷамоаи Омӯзишгоҳи рақами 1-ум аз беҳтаринҳо ҳисобида шуданд.
Дар офаридани симою ҷамоли дилписанди Ватан бошад, донишомӯзон Дилнура Умарова, Ҷоннур Аллоҳберганов ва Шабнам Фазлиддинова бо суратҳои мафтункори худ дастболо гардиданд.
Шеърхонии ширкаткунандагони ҷашнвора низ ба як маъракаи завқовари мушоира табдил ёфт. Дар толор садои писару духтаракони тоҷику ӯзбеку қазоқ чунон дилнишин мебаромад, ки намешуд якеро бар дигаре бартар донист. Бо ин ҳол, ҳайати доварон қироати Наргиза Фазлиддинова, Гулнор Бектурсунова ва Сафина Саттороваро аз ҳама муассиру беҳтар шумориданд.
Дар поёни ҷашнвора тақдир намудани ширкаткунандагони озмунҳо аз рӯйи ҳар се номина ба ҳусни ҷашнвора зебоии бештар ато намуд. Он рӯз хурсандии хурду калон интиҳо надошт, ҳама даст ба дасти ҳамдигар дода, аз файзу таровати дӯстӣ нашъа мебурданд, аз фазои неки ҳамгароӣ шоду масрур буданд.
Воҳид ҚОБИЛОВ,
роҳбари бахши Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ дар ноҳияи Нурато.