Лутфия Баҳроноваро аз замоне, ки дар мактаби ҳамон вақт тоҷикии рақами 10-уми ба номи Устод Айнии ноҳияи Пешкӯ дар синфҳои болоӣ таҳсил мегирифт, мешиносам. Вай аз ҷумлаи иштироккунандаи фаъоли марҳилаи вилоятии озмуни фанни забон ва адабиёти тоҷик ба шумор мерафт.
Банда гувоҳ ҳастам, ки вай соли 1994 дар озмуни ҷумҳуриявии ин фанҳо дар ноҳияи Шӯрчии вилояти Сурхондарё ҳамчун ғолиби вилояти Бухоро якҷоя бо духтарам Баҳора Авезова иштирок карда буд. Баъди хатми мактаб ҳар ду донишҷӯйи гурӯҳи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Бухоро гардиданд. Таҳсили мактаби олӣ соли 1999 поён ёфту ҳамдарсон ба зодгоҳи худ – Лутфия ба ноҳияи Пешкӯ ва Баҳора ба ноҳияи Шофиркон баргаштанд.
Тайи солҳо ҳар сол чун мухбири «Овози тоҷик» борҳо ба мактабҳои тоҷикии вилоят, аз ҷумла ба таълимгоҳҳои ноҳияи Пешкӯ сар мехалондам, бо роҳбарону омӯзгорони он ҷо мулоқот мекардам, вале бо Лутфия рӯ ба рӯ наомада будам. Аҷибаш дар он, ки аз табъи шоирӣ, машқи шеърнависии ӯ на ҳамсабақҳояш хабар доштанду на ҳамкоронаш. Шояд онҳое, ки бо шабакаҳои иҷтимоӣ бештар сарукор доранд, аз намунаи шеърҳои вай бармаҳал огоҳ гаштаанд. Шеърҳои Лутфия «Дар васфи модар» ва «Дод аз дурӯяҳо» бори аввал дар саҳифаҳои «Овози тоҷик» чоп шуда буд. Албатта дар муҳити имрӯза, ки дар мактабҳои таълими умумии вилоят таҳсил ба забони тоҷикӣ аз байн рафтааст, чун шоири ширинкаломи тоҷикӣ ба майдон омадани Лутфия барои ҳар як мухлиси «қанди форсӣ» воқеаи бузург ва ғайриодӣ аст. Гуфтан ҷоиз аст, ки ӯ 14 декабри соли 1976 дар деҳаи Алиёри ноҳияи Пешкӯ дар хонадони омӯзгори забони русӣ Халлоқ Баҳронов ба дунё омадааст.
Додарони Лутфия Шералию Шерзод соҳибкоранд. Модараш Манзура Баҳронова омӯзгори синфҳои ибтидоӣ дар деҳаи ҳамсоя – Қудрашех буд. Аввалин омӯзгори Лутфия – модараш. Дар мактаб чор сол аввал аз ӯ таълиму тарбия гирифтааст. Дар шеъри аввалинаш «Дар васфи модар» чунин мегӯяд:
Офтобу моҳ хира пеши меҳри модарам,
Он ягона нури чашму ҳам ягона ахтарам...
Инчунин омӯзгорони ҳамин таълимгоҳи он вақт тоҷикӣ Муҳиддин Тӯйғунов, Ибодулло Насимов, Таваккал Чориев, Бахтиёр Нуруллоев ва Ниёз Қудратов баҳри камолоти Лутфия ва ҳамдарсҳои вай саҳми арзанда гузоштаанд.
Муҳити хонаводаи Баҳроновҳо ба маҳфили адабӣ шабоҳат дошт.
Ҳама шеър мегуфт, «байтбарак» машғулияти дӯстдоштаи онҳо буд. Додарон иштирокдори маҳфили рубобу доира буданд.
– Дар хурдсолӣ таҳти назорат ва пайравии модар шеърҳо мегуфтам, фаъоли маҳфилҳои мактаб будам, барандагӣ мекардам. Баровардани газетаи девории ҳаҷвии «Қаланфур»-ро ба зиммаи ман гузошта буданд. Маводҳои танқидӣ, дар бораи талабагоне, ки ба дарсҳо дер меомаданд, аз қабили «Бачаи хоболуд» шеърҳо менавиштам, вале шеърҳои минбаъд машқ кардаамро ба касе нишон надодаам, – мегӯяд Лутфия.
Ӯ соли 2000 ба ҷавони деҳаи ҳамсояи Шавгон – омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ Қаҳрамон Умиров ба шавҳар баромад. Онҳо соҳиби се писар шуданд. Фарзанди калонӣ Рустам имсол факултети таърихи ДДБ-ро хатм кард. Баҳром донишҷӯи шуъбаи технологияи ахбори донишгоҳ мебошад. Самар талабаи мактаби миёна.
Ба Лутфия лозим омад, ки солҳои зиёд дар мактаби рақами 8-уми ноҳияи Пешкӯ дар деҳаи Шавгон ҳамчун омӯзгор фаъолият нишон диҳад. Дертар ба боғчаи бачагонаи деҳа ба кор гузашт.
– Азбаски дар мактаб синфи охирини тоҷикӣ соли гузашта таҳсилро хатм карда рафт, маҷбур шудам, ки ҷойи корро дигар кунам, – эзоҳ дод вай.
Вақте бо директори муассисаи томактабии тоҷикӣ Бодом Худоёрова сӯҳбат оростем, вай аз камбудӣ ва норасоиҳои муассиса, аз ҷумла, надоштани маҷлисгоҳу толори варзишӣ ҳарф зад, ки дар он Лутфия муовини роҳбар аст.
Мо аз фурсат истифода бурда ба Лутфияи бухороӣ китобҷашнномаи 100-солагии «Овози тоҷик» ва он шумораҳое, ки дар онҳо шеърҳои шоира дарҷ ёфтаанд, тақдим намудем.
Бояд таъкид намуд, ки шеърҳои Лутфия: «Эй дил», «Дили пуршӯру шар дорам», «Ахтаре андар шаби торат шавам», «Муждаи баҳор», «Забони модарии ман», «3-олами рӯъё биё...», «Насими субҳдам ин дам вазиданро маҳинтар кун» ва ғайра дар нашрияҳои «Бунёди ҷаҳонии сухангустарони сабзманиш» (Эрон), «Дурдонаи Шарқ», «Лиров» – садои форсизабонони ҷаҳон (Тоҷикистон, Эрон), «Овози тоҷик» ва «Ховар» чоп шудааст.
Тобистони соли гузашта шуъбаи тоҷикии Ширкати телевизион ва радиои вилоят дар бораи фаъолияти эҷодии Лутфия барномае таҳия намудааст.
– Чӣ орзую ниятҳо доред? – пурсидам аз мусоҳибам.
– Дар маҳфилҳои адабӣ иштирок карданро дӯст медорам. Агар имконият даст диҳад, дил мехоҳад, ки маҷмӯаи шеърҳоям ба шакли китоб рӯи чопро бинад, – ҷавоб дод дар охири суҳбат Лутфия.
Амрулло Авезов,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Бухоро.