“Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ”: нақши Ҷомӣ ва Навоиро кадом ҳунармандон меофаранд?

Имрӯз сабти филми муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон таҳти унвони “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” дар Душанбе оғоз мешавад. Дар ин бора “Азия-Плюс” хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, нақши Абдураҳмони Ҷомиро дар ин филм директори “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён ва нақши Алишер Навоиро ҳунарманди ӯзбек Илҳом Бердиев меофаранд.

Маҳмадсаид Шоҳиён яке аз ҳунармандони кӯҳнакор аст ва солҳо боз дар мансабҳои гуногун фаъолият дорад. Шоҳиён соли 1989 Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳунарпешаи драма ва синамо хатм кардааст ва беш аз 30 сол дар театру синамо фаъолият доштааст.

Ӯ офарандаи нақши Восеъ дар филми ҳунарии “Ашк ва шамшер” аст ва маъруфтарин кори ҳунариаш ҳамин нақш унвон мешавад. Ғайр аз ин, номбурда дар силсилафилми маъруфи “Дар орзуи падар” ҳам нақши  Абдушукурро офаридааст.

Маҳмадсаид Шоҳиён дар театру синамо беш аз 10 нақши асосиро бозидааст.

Илҳом Бердиев ҳунарманди Театри драмаи Тошканд ба номи Аброр Ҳидоятов аст ва соли 2011 Донишкадаи давлатии санъати Ӯзбекистонро хатм намудааст.

Ӯ то кунун чанд нақши таърихӣ офаридааст. Аз ҷумла, дар филми ҳуҷҷатии “Дар пайи паланг. Зуҳриддин Муҳаммад Бобур” Илҳом Бердиев нақши асосии Бобур Мирзоро бозидааст.

Мавсуф ба Your.tj гуфтааст, ки “барои ҳар як ҳунарманд офаридани нақши Алишери Навоӣ орзу аст. Фикр намекардам, ки рӯзе ман дар синамо Навоиро таҷассум мекунам. Ин барои ман шараф ва ифтихори бузург аст”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: