Навоӣ ҷавонтарин вилояти кишварамон буда, аз нигоҳи бузургии майдон дар ҷойи якум қарор дорад. Он аз ҳисоби ҳудуди вилоятҳои Самарқанд ва Бухоро ташкил ёфтааст. Захираҳои зиёди канданиҳои фоиданоки зеризаминиро дорост.
Ривоҷи саноат ба сарвати об вобастагӣ дорад. Бо мақсади ҷалб ва рағбатнокгардонии сармоягузорони хориҷӣ муҳайё намудани шароит, имконоти фаъолият ва дар ин замина модернизатсия ва навсозии корхонаҳои истеҳсолӣ ва ҷорӣ кардани техникаву технологияҳои пурсамари бо сармоягузории замонавӣ асосёфта, истеҳсоли маҳсулоти дар бозори ҷаҳон рақобатбардор ва ҷавобгӯи маҳсулоти воридотӣ бо Қарори Президент аз 2 декабри соли 2008 дар ҳудуди вилоят минтақаи эҷоди иқтисодии «Навоӣ» ташкил карда шуд. Ба ин мақсад дар назди аэропорти байналмилалии Навоӣ, дар ду самти шоҳроҳи Самарқанд – Бухоро 564 гектар, ки яке аз худудҳои саноатии минтақа буд, замин ҷудо карда шуд. Зимни интихоби минтақаи озоди иқтисодии «Навоӣ» масоили энергетикӣ, таъминот бо обу газ, наздикии маҳаллаҳои аҳолинишин ба инобат гирифта шуд. Объектҳои муҳиме чун роҳи автомобилгарди чор қатора, хати роҳи оҳан, лӯлаҳои баландшиддати газ, лӯлаҳо барои таъмин бо оби ошомиданӣ кашида шуда, меҳмонхонаи сеситорадор барои 60 нафар бунёд гардид.
Пас аз ташкилёбии МОИ «Навоӣ» бо ҷалби сармояи хориҷӣ 19 лоиҳа дар амал татбиқ гардида, корхонаҳои истеҳсолӣ дар асоси технологияҳои нав ба истеҳсоли маҳсулоти рақобатбардор чун ҳисобкунакҳои электронии барқӣ, кабелҳои ба шиддатнокии баланд тобовар, дегҳои гармкунанда барои истгоҳҳои барқии гармидиҳанда, аппарати телефонҳои мобилию статсионарӣ ва дигар намудҳои маҳсулот ба роҳ монда шуд.
Аз соли 2011 аэропорти Навоӣ модернизатсия шуда, дар заминаи он дар Осиёи Марказӣ ягона фурудгоҳи байналмилалии ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ бунёд шуд. Маркази логистикаи байналмилалӣ барпо гардид. Майдони фурудгоҳ чор км. дароз карда шуд.
Корхонаҳое, ки дар вилоят мақоми аъзои МОИ «Навоӣ»-ро гирифтаанд, мувофиқи фармони Президент аз 26 октябри соли 2016 имтиёзҳои ҳаҷм, низом ва муҳлати пардохти андоз ва боҷи боҷхона мушаххасан муайян гардидааст. Ба ин имтиёзҳо дастгоҳҳо, ашёи хом, маҳсулот, ки барои ба роҳ мондани истеҳсолот аз хориҷ ворид кардаанд, аз андоз ва боҷ (ҷуз боҷи расмикунонии ҳуҷатҳо) озод мебошанд. Корхонаҳое, ки мақоми аъзои МОИ «Навоӣ»-ро гирифтаанд, аз андози замин, молу мулк, андози даромад озод мебошанд. Ин имтиёзҳо вобаста ба ҳаҷми сармоягузорӣ аз 3 то 10 сол муайян шудааст.
Президенти кишварамон барои шинос шудан бо иншооти бузурги саноатӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ, созмонҳои соҳаи иҷтимоӣ, ҳамчунин ба истифода супоридани лоиҳаҳои нав 31 октябр – 1 ноябри соли 2024 аз Навоӣ боздид ба амал оварда буд. Таъкид карда буд, ки дар ҳудуди вилоят 20 фоизи захираҳои маъдании Ӯзбекистон мавҷуд аст, ки тахминан беш аз 5 триллион долларро ташкил медиҳад.
Соли гузашта дар 48 корхонаи минтақа 51 лоиҳа татбиқ гардида, 185,6 миллион доллар азхуд гардид. Дар натиҷа барои 6198 нафар ҷойи нави кор таъсис ёфт. Инак, дар соли 2025 ба вилоят ҷалб кардани 3,7 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ба нақша гирифта шудааст, ки имкони кушодани 600 корхонаи нав ва созмон додани 15 ҳазор ҷойҳои нави кории сердаромадро фароҳам меоварад. Бо мақсади иҷрои нақшаҳои муайяншуда, ҷалби бештари сармоягузории берунӣ ҳокими вилоят Нормат Турсунов бо ҳокимони ноҳияҳо ва соҳибкорону кордонҳо борҳо ба мамлакатҳои Чин, Куриёи Ҷанубӣ, Туркия ва Русия сафарҳои корӣ анҷом додааст. Дар ин мамлакатҳо бо намояндагони ширкатҳо вохӯрӣ гузаронида, бо фаъолият ва таҷрибаи истеҳсолии онҳо аз наздик шинос гардида, оиди имконот ва шароит, муносибат ба сармоягузорон дар кишвар, мавҷудияти захираҳои табиӣ сармоягузорони хориҷиро шинос намуда, ба ҳамкорӣ даъват намудааст.
Минтақаи озоди иқтисодии «Навоӣ» ҷоест, ки дар он вазъи мӯътадили ҷамъиятию сиёсӣ, мавқеи мусоиди геосиёсӣ ва захираҳои бойи канданиҳои фоиданок барои беҳтар кардани рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ мусоидат мекунад. Дар ин ҷо барои ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ, рушди босуботи иқтисодиёт ва саноат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, барҳам додан ба камбизоатии оилаҳо, таъмини фаровонӣ ва шукуфоии кишвар тамоми шароит фароҳам оварда шудаанд. Бунёди биноҳои нави Донишгоҳи давлатии Навоӣ, корхонаи «Навоиуран», ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти абрешимӣ ва истеҳсоли лампаҳои каммасраф аз ҷониби ширкатҳои хориҷӣ бунёд ёфтаанд. Танҳо дар ноҳияи Нурато аз ҷониби сармоягузорон даҳҳо корхонаҳои истеҳсолии хурду калон бунёд ёфтаанд, ки дар онҳо садҳо нафар бо кори доимӣ ва сердаромад таъмин гардидаанд. Дар шаҳри Нурато бунёди корхонаи истеҳсол ва коркарди гранит, корхонаи истеҳсол ва коркарди санги мармар далели ин фикранд. Дар маҳаллаи Темирқовуқ ва даромадгоҳи деҳаи Соб 5 корхонаи чиноӣ бо истеҳсоли тилло шуғл дорад. Ин ҳама комёбиву пешравиҳо маҳз натиҷаи ба даст даровардани истиқлолияти давлатии кишварамон буду ҳаст, ки Ватани моро сар то сари ҷаҳон мешиносанд. Чун пештар хабар дода будем, мувофиқи маълумоти Садорати омори вилоят дар моҳҳои январ ва феврали соли 2025 вилоят бо 61 давлати хориҷӣ муносибатҳои тиҷоратӣ анҷом додааст. Ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ 265,1 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст. Ҳаҷми савдои берунӣ нисбати ҳамин давраи соли 2024 12,9 миллион доллар, ё худ 4,1 фоиз афзудааст. Ҳаҷми содирот 183,4 миллион ва импорт бошад, 81,7 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст.
Ин аст натиҷаи созандагию бунёдкории халқи Ӯзбекистон зимни таъсиси минтақаи озоди иқтисодӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба истеҳсолот, ки ин ҳама меваи истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ иебошад.
Ӯзбакбойи Раҳмон,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Навоӣ.