Иди дӯстӣ дар донишгоҳ

Ба муносибати 34-солагии истиқлолияти давлатии Ӯзбекистон ва Рӯзи дӯстии халқҳо 30 июл дар Донишгоҳи давлатии Бухоро бо ҳамкории бахши вилоятии Фонди ҷамоатии дастгирии институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ зери шиори «Барои Ватан, барои миллат, барои халқ» дар мавзӯи «Дӯстии халқҳо – ягонагии мамлакат» тадбири маънавию маърифатӣ баргузор гардид.

Дар он роҳбарони марказҳои миллию мадании вилоят, устодон-профессорони донишгоҳ иштирок карданд.

Маълум аст, ки Бухорои бостонӣ тӯли асрҳо чун яке аз гаҳвораҳои тамаддуни Шарқ шуҳрати ҷаҳонӣ дорад. Ҳоло дар вилоят 12 маркази миллию маданӣ фаъолият доранд.

– Алҳол дар вилоят қариб 4 ҳазор аҳолии мансуб ба қавми турк зиндагонӣ мекунанд. Мо чун аъзои як оила бо қавмҳои дигар аҳлу тифоқ умр басар мебарем. Ӯзбекистон маъвои умумии мост. Бо ташаббуси сарвари давлат барои маркази мо низ кулли имкониятҳо фароҳам оварда шудааст. Дӯстӣ иқтидори беҳамтои мост, – мегӯяд роҳбари Маркази миллию мадании турки вилоят Ҷумъа Шукуров.

Дар тадбир ба марказҳои милливу маданӣ барои саҳми муносибашон дар таҳкими дӯстӣ туҳфаҳо супорида шуданд.

– Боиси шодмонист, ки дар диёрамон як ҳафта боз тадбирҳои дӯстӣ сурат мегиранд. Ҳаммаслакию мақсади ягонаи халқҳои Ватан, бешубҳа, моро сарбаланду шод мегардонд, – гуфт роҳбари маркази миллию мадании тоҷикону форсҳои вилояти Бухоро – «Офтоби суғдиён» Рауф Авезов.

Амрулло Авезов,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: