«Мушоираи бародарона»

Дар чаҳорчӯби ҷашнвораи «Дӯстӣ» дар Иттиҳодияи нависандагони Ӯзбекистон чорабинии маънавиву маърифатии «Мушоираи бародарона» баргузор гардид.

 Дар долони Иттиҳодияи нависандагон намоиши китобҳо ташкил карда шуд ва меҳмонон бо асарҳо, рисолаҳо ва дастурҳои миллатҳои мухталиф ошно гардиданд.

Раиси Иттиҳодияи нависандагон Сироҷиддин Саййид ҳозиронро бо ҷашнвораи «Дӯстӣ» муборакбод намуда, таъкид намуд, ки дар Ӯзбекистон намояндагони миллат ва халқиятҳои гуногун аҳлона ва бародарона зиндагӣ мекунанд ва дар байни онҳо эҷодкорон, шоиру нависандагоне ҳастанд, ки ба рушди адабиётамон ҳиссаи худро мегузоранд.

 – Ҷашнвораи «Дӯстӣ»-и имсола низ ҳамчун иди дӯстӣ, бародарӣ ва ҳамҷиҳатӣ бо як рӯҳияи баланд ҷашн гирифта шуд. Гуфтан ҷоиз аст, ки бо ташаббуси Президентамон маҷмӯи китобҳои калонҳаҷми «Туркий адабиёт дурдоналари», «Жаҳон адабиёти дурдоналари», «Қорақалпоқ адабиёти дурдоналари» ва ғайра рӯйи чопро диданд ва корҳои пай дар пай дар ин самт идома доранд ва ин аз ҳаётбахш ва гиромидошти адабиёт дарак медиҳад, – гуфт С. Саййид.

Раиси Кумитаи доир ба муносибатҳои байналмиллӣ ва масъалаҳои ҳамватанони бурунмарзӣ Қаҳрамон Сариев оиди чорабиниҳои маънавию маърифатӣ, намоишгоҳҳои дӯстӣ, барномаҳои консертӣ, ки дар доираи ҷашнвора баргузор гардиданд, ҳарф зад ва таъкид намуд, ки албатта, чунин гирдиҳамоиҳо баҳри сулҳ, бародарӣ ва ҳамҷиҳатии халқҳову миллатҳо хидмат мекунад. Дар доираи чорабинӣ тақдимоти китобҳои «Девон»-и Паймон, (қисми 2), Асадуллоҳ Исмоилзода бо номи «Навиштам, ҳар чӣ виҷдонам бифармуд»,  «Ҳаёт гӯзал бағоят»-и Николай Илин, «Қарасу жирлари»-и Лола Юнус қизи, «Суюмбика»-и Рисолат Ҳайдарова баргузор гардиданд. Инчунин, нависанда Исаҷон Султон, раиси шӯрои адабиёти тоҷик Хусрави Саъдулло, раиси шӯрои адабиёти рус Артём Горохов ва дигарон оиди боз ҳам мустаҳкам намудани алоқаҳои адабии халқҳо ҳарф заданд. Бо забонҳои тоҷикӣ, ӯз-бекӣ, қазоқӣ, русӣ ва дигар шаби мушоира ташкил карда шуд. Ҳаводорони шеъру адабиёт бо забонҳои мухталиф шеърҳо қироат намуданд, ки Ватан, истиқлол, дӯстиро тараннум менамуданд.

Дар поёни чорабинӣ як гурӯҳ эҷодкорон, аз ҷумла Ҳикмат Султонзода, ки ба забони тоҷикӣ эҷод мекунад, ба узвияти Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон пазируфта шуданд.

С. Бекназарова,

хабарнигори «Овози тоҷик».                                         

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: