Дилҳо бо ҳам пайванд

Дар боғи маданият ва истироҳати ба номи Мавлоно Лутфуллоҳи ноҳияи Чуст иди дӯстӣ баргузор гардид.

Солҳои охир ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Президент эътибор ба таҳкими дӯстии халқҳо хеле афзуд. Бо мақсади қавитар гардондани робитаи байни миллатҳо, пойдории сулҳу амният ва рушди дӯстии халқҳо 30 июл дар миқёси ҷаҳон ҳамчун рӯзи дӯстии халқҳо қайд гардид.

Ба ҳамин муносибат дар диёри офтобрӯямон низ 25-31-июл ҷашнвораи «Дӯстӣ» баргузор гардид.

Аз ҷумла, он дар вилояти Намангон таҳти мавзӯи «Ӯзбекистон – хонаи умумии мо» ҳамчун иди дӯстӣ, сулҳу амният таҷлил карда шуд.

Дар ноҳияи Чуст, дар боғи маданият ва истироҳати ба номи Мавлоно Лутфуллоҳ низ иди дӯстӣ  баргузор гардид.  Намоишгоҳҳое, ки анъанаҳои миллиро инъикос мекунанд, аз ҷониби намояндагони муассисаҳои таълимӣ ва вакилони маҳаллаҳо ташкил карда шуданд. 

– Аз Фарғона бо аҳли оила барои истироҳат омадем, – мегӯяд яке аз иштирокдорони тадбир, ки худро Манзурахолаи 70-сола муаррифӣ намуд. – Ман чун омӯзгори собиқ гуфтаниам, ки ин гуна чорабиниҳо хеле заруранд. Мо бояд фарзанду наберагонамонро, пеш аз ҳама, шахсони дорои дониши амиқ ва софдили ба халқу Ватан содиқ, дар пешравии он саҳмгузор тарбия намоем.

Дар тадбир намояндагони миллатҳои гуногун бо барномаҳои ҳунарии худ иштирок карданд. Ҳаваскорони бадеӣ ва дастаҳои фолклорӣ дастурҳои рангини худро намоиш доданд. Сурудҳо дар васфи дӯстӣ, сулҳу ваҳдат ва модару ватан, ки бо забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ, қирғизӣ, русиву қазоқӣ садо доданд, дилҳои ҳозиронро шоду тасхир намуданд.

Шоҳида ДАМИНОВА,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: