Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт...

Фестивали «Дӯстӣ» намояндагони миллату қавмҳои гуногунро ба ваҳдату ҳамгироӣ даъват мекунад, эҳтироми ҳамдигар ва гуногунии фарҳангиро ба оммаи васеъ тарғибу ташвиқ менамояд ва дар мустаҳкамшавии решаҳои дӯстиву рафоқат нақши созанда мебозад.

Дар тамоми ҷашнвораҳои дӯстӣ, намояндагони миллату қавмҳои гуногун бо суруду рақсҳои миллӣ, либосҳои рангоранг, таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ширкат мекунанд ва ин раванд беш аз пеш вусъат пайдо намудааст.

Чунин чорабинӣ таҳти унвони «Ӯзбекистон – маъвои умумии мо» дар ноҳияи Бешариқ ба вуқӯъ пайваст. Ин ба муносабати Рӯзи дӯстии халқҳо роҳандозӣ гардид ва дар он намояндагони миллатҳои гуногун, фаъолони маҳаллаҳо, ҷавонон, омӯзгорон, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, муассисаҳои фарҳангию маърифатӣ ширкат варзиданд.

Чорабинӣ нахуст дар Маркази иттилоотию китобхонаи ноҳия баргузор шуд. Директори марказ Ҷасурбек Норматов зимни суханронии худ иброз дошт, ки принсипҳои дӯстиву рафоқат дар кишвари мо яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатист.

– Ӯзбекистон кишвари сермиллат аст, дар китобхонаҳои мо осори муаллифони миллатҳои тоҷик, рус, қирғиз, қазоқ, корейс, озарбойҷон ва дигар миллатҳо гирд оварда шудаанд, ки ин ифодаи равшани эҳтиром ба фарҳангу адабиёт ва таърихи ҳар як халқ аст. Ҳар сол дар ин сана мо намоишгоҳҳои махсуси маънавию маърифатӣ ташкил мекунем, – иброз намуд Ҷасурбек Норматов.

Чорабинӣ дар Маркази фарҳангии ноҳия идома ёфт. Дар ин ҷо бо суннатҳои мардумӣ, сару либоси миллӣ, намоишҳои саҳнавӣ, шеъру сурудҳо ғояи ҳамфикрии байналхалқӣ васеъ инъикос карда шуд. Дар ин чорабинӣ муовини ҳокими ноҳия Отабек Алиматов, роҳбари Маркази миллии фарҳангии қирғизҳои вилоят Нортоҷӣ Халибоева ва намояндагони маракази фарҳангии тоҷику қазоқро ба муносибати фарорасии Рӯзи дӯстии халқҳо самимона шодбош ва онҳоро хайрамақдам гуфт.

– Ӯзбекистони Нав сарзамини ваҳдат, сулҳу субот ва дӯстӣ буда, ҳар як миллат ин кишварро хонаи худ медонад. Мо бояд аз чунин шароити фароҳамовардашуда илҳоми тоза гирем ва боз ҳам барои таҳкими дӯстиву рафоқати байни миллатҳои маскуни кишвари азизамон саҳми шроиста гузорем, – изҳор намуд Алиматов.

Баъд оиди мавзӯи дӯстию рафоқат ва таҳаммулпазирӣ ба забонҳои гуногун шеърҳо хонда шуданд, намоишномаҳо рӯи саҳна оварда шуданд, ки маҳз ба ҳамин мавзӯъ бахшида шудаанд. Дар идома суруду рақсҳои миллӣ барномаи фарҳангиро боз ҳам бештар ҳусни хоса бахшиданд.

Ногуфта намонад, ки дар доираи чорабинӣ таҳти унвони «Дӯстӣ бузургтарин неъмат аст» намоиши адабию бадеӣ ташкил карда шуд. Дар он китобҳо ба забонҳои гуногун, хосатан асарҳо дар бораи тараннуми дӯстии байни миллатҳо ва маводҳои таърихӣ ба намоиш гузошта шуданд ва мавриди таваҷҷӯҳи мардуми зиёд қарор гирифтанд. Илова бар ин, дар маркази фарҳанги ноҳия намоишгоҳи таомҳои миллӣ, либосҳо, ҳунарҳои мардумӣ ва ороишоти миллӣ ташкил карда шуд, ки ба иштирочиёни он таассуроти амиқ бахшид.

Чунин чорабиниҳо таҳти шиори «Ӯзбекистон – хонаи умумии мо» на танҳо дар Бешариқ, балки дар дигар навоҳии вилоят низ идома доранд. Ҳадаф мусоидат ба ҳамдигарфаҳмӣ байни намояндагони миллатҳои гуногун барои боз ҳам таҳкими риштаҳои дӯстӣ ва дар қалби насли наврас бедор намудани ҳисси таҳаммулпазирӣ, меҳрубонӣ ва эҳтироми ҳамдигар мебошад.

– Боиси ифтихор аст, ки дар чаҳорӯби фестивали дӯстӣ як қатор вохӯриву мулоқотҳои шавқовар ва суҳбатҳои самимии аъзои гурӯҳи мо – Маркази фарҳангии тоҷикони вилоят бо мардуми маҳаллӣ, инчунин намояндагони қавмҳои дигари ин ноҳия  баргузор шуданд. Дар меҳвари он сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат ва дар ҳаёт татбиқ намудани ғояҳои дӯстие тараннум гардиданд, ки ба он Мавлоно Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ асос гузоштаанд, – мегӯяд масъули барномаи «Армуғон»-и радиои вилоят Фархунда Равшанзод.

Фестивали дӯстӣ дар вилоят беш аз пеш доман фарох намудааст ва ба сайрҳои мардумӣ ва базму нишот табдил ёфтааст.

Дурдона ҒАФФОРОВА,

вилояти Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: