Бинои нави муассисаи таълими томактабӣ

Дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Тӯли ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона бинои нави муассисаи таълими томактабӣ ба истифода дода шуд.

Ин бино ба муассисаи таълимии томактабии рақами 18 мутааллиқ буда, дар доираи барномаи сармоягузорӣ пурра аз нав сохта шудааст. Барои анҷоми корҳои сохтмонӣ 6 миллиард сӯм маблағ харҷ гардидааст. Ин корҳо аз ҷониби коргарони ҶММ «Мирзоқурбон» анҷом дода шудааст, ки дар ин бора масъули дафтари матбуоти ҳокимияти ноҳия Анвар Ҷӯраев иттилоъ дод.

Бар асоси ин манбаъ дар  маросими кушодашавии бинои бозсозишуда сардори раёсати таҳсилоти томактабӣ ва мактабҳои вилоят Шерзод Долимов, ҳокими ноҳия Сайидбаҳром Сайидмӯсоев, роҳбарони ташкилотҳои дахлдор ва аҳли ҷомеа ширкат варзиданд.

Нотиқон зимни суханронӣ роҷеъ ба беҳбуди шароит барои кӯдакони мамлакат, таваҷҷуҳ ба равандҳои таълиму тарбия ва самтҳои афзалиятноки сиёсати Сарвари давлат ибрози назар намуданд.

Дар ин муассисаи таълимӣ 210 нафар кӯдакони сокинони деҳаи Тӯл дар 6 гурӯҳ ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд. Ин кӯдакон аз тамоми шароити созгор баҳраманд хоҳанд шуд.

Мирасрор АҲРОРОВ,

мухбири «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: