Ғамхорӣ ба фарзандон то ба синни камолот, таъминоти моддӣ ва таълиму тарбияи онҳо масъулияти ахлоқӣ ва ҳам маҷбурияти ҳуқуқии падару модарон мебошад. Аз ҷиҳати ахлоқӣ, ин масъулият бар асоси арзишҳои инсонпарваронаи динӣ ташаккул ёбад, аз ҷиҳати ҳуқуқӣ қонунгузорӣ онро муқаррар менамояд ва ба тартиб медарорад. Дар ин самт маҷбурияти пардохти алимент аз ҷониби волидон низ молики аҳамияти иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ мебошад.
Дар мақолаи «Алимент: сар кашидан аз пардохт гуноҳи кабира аст», ки дар шумораи 60-уми «Овози тоҷик» (аз 26 июли соли 2025) чоп гардид, роҷеъ ба паҳлуҳои динии масъалаи сар кашидан аз таъминоти маънавию моддии фарзандон, напардохтани алимент аз нигоҳи Ислом диққат намуда, дар фарҷом таъкид кардем, ки дар мақолаи навбатӣ андешаҳои равоншиносонро оид ба масъалаи алимент пешкаши муштариён хоҳем кард. Зеро, таҳлили масъала аз дидгоҳи равоншиносӣ, бахусус равоншиносии оилавӣ, метавонад ба дарки амиқтари сабабҳои аслии сарпечӣ аз пардохти алимент мусоидат намояд.
– Дар рушду такомули ҷомеа ҳамеша масъалаҳои муайяни мураккаби иҷтимоӣ ва равонӣ мавҷуд буданду ҳастанд, – мегӯяд мудири кафедраи психологияи Донишгоҳи давлатии Бухоро, доктори фанҳои психология (DSc), профессор Акмал Назаров. – Бахусус, масъалаҳои марбут ба оила, ки ҷузъи асосии ҷомеа мебошад, инчунин муносибатҳои зану шавҳар, тарбияи фарзанд аҳамияти хоса доранд. Имрӯзҳо, чун дар бисёр кишварҳои ҷаҳон, институти оила ва никоҳ ба тағйироти ҷиддӣ рӯ ба рӯ шудааст. Тағйир ёфтани тасаввуроти ҷомеа дар бораи ин масъалаҳо бошад, боиси ба миён омадани як қатор мушкилот мегардад. Густариши фазои иттилоотии ҷаҳонӣ ва ворид шудани назару равишҳои гуногун, барои ташаккули механизм ва қоидаҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи арзишҳои оилавӣ заруратеро ба миён меорад. Ғамхорӣ ба фарзандон то ба синни камолот, таъминоти моддӣ ва таълиму тарбияи онҳо масъулияти ахлоқӣ ва ҳам маҷбурияти ҳуқуқии падару модарон мебошад. Аз ҷиҳати ахлоқӣ, ин масъулият бар асоси арзишҳои инсонпарваронаи динӣ ташаккул ёбад, аз ҷиҳати ҳуқуқӣ қонунгузорӣ онро муқаррар менамояд ва ба тартиб медарорад. Дар ин самт маҷбурияти пардохти алимент аз ҷониби волидон низ молики аҳамияти иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ мебошад. Зеро алимент қарзи моддии падару модар ва ҳаққи маънавии фарзандон аст.
Бино ба таъкиди масъули соҳа маблағи алимент асосан барои таъмин кардани ниёзҳои асосии кӯдак, чун ғизо, манзил, таҳсил, кумаки тиббӣ ва ғайра истифода мешавад. Ин барои саломатӣ, рушди кӯдак таъсири мусбат расонда, баҳри онҳо шароити беҳтари зиндагиро фароҳам менамояд. Ҳамзамон, ҷиҳати нигоҳ доштани барқарорӣ ва сатҳи маъмулии зиндагӣ имкон медиҳад. Таъсири манфии эҳсосӣ ва равониро, ки пас аз пош хӯрдани оила ба миён меояд, як андоза камтар мекунад.
– Сад афсӯс, ки аксар падару модарон моҳияти ин масъаларо дуруст дарк намекунанд, – илова кард А.Назаров. – Вақте низоъҳои хонаводагӣ ва мушкилоти ҷудошавӣ ба миён меояд, яке аз ҷонибҳо, ки барои супоридани алимент уҳдадор мегардад, аз пардохт сарпечӣ мекунад, пинҳон мешавад ё рӯирост ин масъулиятро рад менамояд. Маҳз ба ҳамин хотир сол ба сол шумораи онҳое, ки алиментро саривақтӣ намесупоранд, меафзоянд. Савол ба миён меояд: чаро аксар волидайн аз пардохти алимент сарпечӣ мекунанд?
Бояд гуфт, ки ин масъала на танҳо бо сатҳи маънавӣ ва имконоти моддии онҳо, балки бо вазъи равонӣ, иҷтимоӣ ва ҳатто ахлоқии эшон низ вобастагӣ дорад.
Бо такя ба таҳқиқотҳои равонӣ ва мушоҳидаҳо, метавонам омилҳои зеринро чун сабабҳои асосии сар кашидан аз пардохти алимент номбар кунам. Якум ба муносибатҳои ду ҷониб пеш аз ақди никоҳ вобаста аст. Яъне никоҳ на дар асоси ризомандии ду ҷониб, балки тибқи хоҳиши як тараф сурат мегирад ва баъди тӯй чеҳраҳои ҳақиқии онҳо фош мегардад. Зиддиятҳо ба миён меояд. Фурсате нагузашта оила пош мехӯрад, вале аллакай дар байн фарзанд ҳаст. Дар чунин ҳолатҳо ҷониби дигар намехоҳад алимент супорад.
Дар бораи арзишҳои оилавӣ шуури мустаҳкам надоштан ва масъулияти ҳуқуқиву ахлоқии худро идрок накардани ҷонибҳо омили дигаре мебошад, ки барои сарпечии волидайн аз супоридани алимент сабаб мешавад. Сад афсӯс, ки баъзе волидон дар чӣ ҳад муқаддас будани оила ва чӣ гуна неъмати бузургу азиз будани фарзандро идрок намекунанд. Омили сеюм, мавҷуд набудани эҳсосоти воқеии ҳамдардӣ (эмпатия) миёни зану шавҳар аст. Яъне аксар зану марде, ки аз ҳам ҷудо мешаванд, нисбат ба якдигар асосан нафрат доранд, на меҳру шафқат. Маҳз ин боис мегардад, ки онҳо доим ба ҳам бадиро раво мебинанд. Мутаассифона, дар аксар маврид аз ин зиштиҳо на танҳо зан ё мард, балки фарзандони бегуноҳ зарар мебинанд. Чорум, набудани дахолати созанда аз тарафи падару модарон, хешовандони наздики зану шавҳар дар мавриди низоъҳои оилавӣ, таълиму тарбия ва таъмини фарзандон аст. Агар зан ё мард дар мавриди фарзанди худ ноҳақие кунанд, бояд калонсолон, бахусус, волидон онҳоро роҳ намоянд, маслиҳати дуруст диҳанд. Лекин дар чунин ҳолатҳо аксар инсонҳои рӯзгордида бепарвоёна рафтор мекунанд. Ва ҳатто гоҳо шоҳид мешавем, ки баръакс амал менамоянд. На роҳи ҳақ, балки усулҳои фанду фиребро меомӯзанд.
Яке аз омилҳои дигаре, ки барои аз пардохти алимент сар кашидани ҷонибҳо сабаб мешавад, бемақсад истифода кардани маблағ мебошад. Бисёр гувоҳ шудаем, ки аксар алиментгирандагон, бахусус, модарон маблағеро, ки барои таъминоти моддии фарзанд тақдим мегардад, барои эҳтиёҷоти шахсии худ сарф менамоянд. Ин ҳолат боиси эътирози барҳақи ҷонибҳо мешавад ва боз дар натиҷа танҳо як тоифа зери фишор мемонанду зарар мебинанд: фарзандон. Чунин раванд, ки «интиқом тавассути кӯдак» ном дорад, боиси шикастани робитаи эҳсосии падару модар бо фарзанд мегардад ва ба муҳити равонии кӯдак осеби ҷиддӣ мерасонад.
Дар ин маврид психологи маъруфи муносибатҳои оилавӣ, доктор Ҷон Готтман бамаврид таъкид кардааст, ки «Алимент танҳо як ӯҳдадории молиявӣ нест. Он нишондиҳандаи дараҷаи масъулияти шахсӣ ва ахлоқии падару модар нисбат ба фарзанди худ аст».
Ба гуфтаи ин профессори илмҳои равоншиносӣ аксар волидайн, махсусан мардоне, ки аз ҳамсар ҷудо шудаанд, алиментро на ҳамчун кумак ба фарзанд, балки чун «пул барои ҳамсари собиқ», ё ки чун «ҷазову ҷарима» барои муносибати номуваффақи гузашта қабул мекунанд. Ин хатои мафҳумӣ ва эҳсоси хашм метавонад онҳоро ба саркашӣ барангезад. Инчунин, ҳангоми дурӣ аз ҳаёти рӯзмарраи фарзанд, равобити байниҳамдигарӣ коста мегардад, шахс эҳсоси масъулиятро гум мекунад ва ҳисси «ҳуқуқ доштан» ба фарзанд аз байн меравад. Баъзе падарон (ё модарон) хулоса мекунанд, ки «Чаро бояд пардохт кунам, агар ман дар ҳаёташ нестам?» Ҳамзамон, психолог мегӯяд, ки «баъзе волидайн воқеан вазъи молиявии ноустувор доранд ва фикр мекунанд, ки пардохти алимент зиндагии онҳоро боз ҳам танг мекунад. Аммо дар бисёре аз ҳолатҳо саркашӣ на аз ночорӣ, балки аз бетафовутӣ ва беэътиноӣ ба масъулият сар мезанад. Бо вуҷуди доштани имконоти молиявӣ, бархе аз пардохти алимент худдорӣ мекунанд ва онро барои хароҷоти шахсии худ сарф менамоянд».
Вақте мулоҳизаҳои равоншиносони ҷаҳонро дар ин маврид таҳлилу баррасӣ мекунем, чунин хулоса бармеояд: мушкилоти алимент бояд на танҳо тавассути қонун, балки тавассути тарбияи маърифатии иҷтимоӣ, кумаки равонӣ ва баланд бардоштани ҳисси масъулият дар ҷомеа ҳал карда шаванд. Зеро фарзанд ҳақ дорад, ки ғамхорӣ ва дастгирии падару модарро дар ҳама шароит бигирад: новобаста аз муносибати онҳо бо ҳам. Бо як сухан, алимент на «ҳаққи ҳамсар», балки «ҳаққи кӯдак» аст ва ин ҳақ бояд бо муҳаббат, масъулият ва виҷдон ҳифз карда шавад.
Фаридуни ФАРҲОДЗОД,
мухбири «Овози тоҷик».