Китоби нависандаи маъруф Бахтиёри Ҷумъа таҳти унвони «Мағзи донак» дар нашриёти ТҶБ «Истиқбол»-и Душанбе чоп шуд. Муҳаррири он эҷодкори маҳбуб Латофат Кенҷаева мебошад. Дар китоб қиссаи «Соябони сари мо» ва сӣ ҳикояи хурду калон дарҷ гардидааст.
Қаҳрамонони асосии қиссаи «Соябони сари мо» Анвар, Машкурабону, волидон ва бобою момо мебошанд. Забони асар сода буда, воқеаҳои овони бачагӣ бо нозукиҳояш хеле шавқовару хонданибоб нақл шудаанд. Корбасти ҳаҷв ва гуфтори пандомез низ бамавриданд. Муколамаи қаҳрамонони асар, ки зикрашон дар боло рафт, басо аҷиб аст.
Дар аксар ҳикояҳо ҳадафи нависанда асосан тарбия кардани фарзандон аст.
Хулоса, «Мағзи донак» хонандаро ба дарки мағзи ҳаёт роҳнамун месозад. Бинобар ин онро дар боғчаҳо ва ё дар синфҳои поёнии мактабҳои таълими ҳамагонӣ истифода бурдан судбахш аст.
Ҳотамалӣ РАҲМАТОВ,
вилояти Фарғона.