Модар ин маънои ҳаёт аст. Тифли навзод нафаси аввалро аз модар мегирад, навозишу муҳаббати модар фарзандро аз хавфу хатар ва ғаму озор нигоҳ медорад. Барои ман, модарам на танҳо шахси азиз, балки тамоми ҳастӣ ва нурест, ки зиндагиро маъно мебахшад.
Модари ман — Боғинисо, бонуи хоксору боҳиммат. Бобоям — Орифҷонпаҳлавон бо орзуҳои неку самимӣ ба модарам номи пурмаъно гузоштааст. Ӯ мехост духтараш боғе бошад, пур аз файзу баракат ва ҳамеша дар сабзиш. Воқеан, модари ман мисли як боғи пурмевае шуд, ки меваҳояш имрӯз шаҳдборанд.
Момоям холаи Марҳамат зани фидокору меҳрубон, духтарашро бо тамоми вуҷудаш дӯст медошт. Мутаассифона, имрӯз ҳар дуи онҳо — бобоям ва модаркалонам дар байни мо нестанд, вале ёдашон зиндаву муҳаббати онҳо дар қалби мо абадӣ боқист.
Модарам дар деҳаи кӯҳистони ноҳияи Сӯх ба воя расидааст. Зиндагии деҳот сахту сангин, меҳнати тоқатфарсоро талаб мекунад. Модарам аз кӯдакӣ шоҳиди заҳмати падару модараш буд ва худ бо меҳнату муҳаббат тарбия ёфт. Дар ҷавонӣ ҳамроҳ бо духтарони деҳа, бо сатилҳои об ба сӯйи чашмасор мерафт. Он обро бо меҳр меовард, оби ҳаётро ба орди сафед андохта хамир меҷӯлид ва нон мепухт. Маззаи нони гарми модарро ҳар як фарзанд то охири ҳаёт фаромӯш намекунад. Ман он манзараҳоро аз кӯдакӣ хуб дар ёд дорам: модарам субҳидам нон мепухт ва онро дар дасторхони сафед мепечонд, то он гармакак ба дасти мо бирасад. Баробари нон барои мо гӯё як ҷаҳонро мебахшид.
Имрӯз модарам дуогӯ ва сутуни хонадонам ҳастанд. Ҳамроҳи падари азизам бо муҳаббату шукронаи зиндагӣ, дар як гӯшаи хонаи деҳ, бо самимият ва оромӣ умр ба сар мебаранд. Модар ба ҳаққи мо – фарзандон дуо мекунад ва он дуоест, ки моро аз тирагиҳо ба равшанӣ, аз ноумедӣ ба умед, аз хатар ба наҷот мебарад.
Он муҳаббате, ки модар ба мо бахшидааст, имрӯз ман талош мекунам онро ба шогирдонам диҳам. Ҳар гоҳ номи модарам ба забон меояд, бо эҳсоси пур аз фахр мегӯям: ҷойи зиёратам модарам, фариштаи рӯи замин — модарам.
Шоире фармудааст:
Хоки пояш сурмаи чашми сар аст,
Дар ризояш ҷаннате пеши дар аст.
Баҳри ҳурмат лоиқи мо кист, кист?
Модар асту модар асту модар аст.
Шири покаш лаззате аз кавсар аст,
Аз ҳама шириниҳо ширинтар аст.
Баъди ҳақ чун розиқи мо кист, кист?
Модар асту модар асту модар аст.
– Имрӯз ман модари се фарзанд ҳастам, ки ҳамаашон хонадор, соҳиби фарзанд, меҳрубон ва дилсӯзу хоксоранд. Ду писарам — Бунёд ва Шоҳзод омӯзгор. Духтарам — Санамхон бо тарбияи фарзандонаш машғул аст.
Ҳар субҳ, ки чеҳраи зебои набераҳоямро мебинам, қалбам мисли гули баҳорӣ мешукуфад. Шукрона мекунам, ки дар диёри ободу зебо, тинҷу осоишта фарзандону набераҳоямон ба воя мерасанд.
Ду келинам мисли духтаронам ҳастанд — бо эҳтиром ва муҳаббат зиндагиро пеш мебаранд. Дарвозаи ман барои меҳмон ҳар доим боз аст. Вақте сари дасторхон мешинем, дуо мекунам: шукри Худо, ки ҳамаи фарзандонам хонаву дар, фарзанду оила доранд. Ин барои ман хушбахтӣ аст. Бигзор, ҳар хонадон чунин оромиву муҳаббатро эҳсос кунад, – мегӯяд модарам.
– Туфайли оилапарвар, меҳрубон ва ғамхории ҳамсарам — Боғинисо, имрӯз ҳамаи фарзандонамон зиндагии ободу босаодат доранд. Беҳуда нагуфтаанд, ки «Зан чароғи хона – мард чароғбон», – мегӯяд падарам.
Бунёд Шоматов,
омӯзгори мактаби рақами 8-уми ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона.