Ба кор ор илме, ки омӯхтӣ...

Амаки Маҳмуд баъди дарс ба хона баргашт. Дар хона низ ҳушу хаёлаш ба донишҷӯён банд буд. Ӯ дар факултети иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дарс медод.

Аҷиб, донишҷӯе, ки волидонаш барои таҳсили ӯ шароити хубу созгорро муҳайё намудаанд, ба дарсҳо хунукназарона муносибат мекунад, аммо донишҷӯе, ки дониши хуб дорад, дар корҳои ҷамоатии донишгоҳ фаъол аст, наметавонад ҳаққи иҷора ва дигар харҷи таҳсилро пардозад.
Маҳмуд Нурназаров, ки худ зодаи деҳаи дурдасти Эҷи ноҳияи Нурато асту азоби дар шаҳр таҳсил намуданро медонад, ҳаракат мекард, ки донишҷӯёни роҳдурро дар хобгоҳ ҷойгир созад. Барои ин дари утоқи чанд масъулинро бояд кӯфт...
Бо чунин хаёлҳо хост каме дароз кашаду хастагиашро барорад. Ҳамин вақт овози маҳини духтараш ӯро ба худ овард:
– Додоҷон, чой менӯшед?
– Бале, духтарам, биёр.
Нодира чойнаки чой ва ду пиёларо оварда, назди падар гузошт. Амаки Маҳмуд ба духтараш маънидорона назар андохт: “Ҳар як фарзанд хулқу атвори ба худ хос дорад. Ҳамин Нодирааш аз миёни бачаҳояш дигар хел. Меҳнаткаш, меҳрубон, дилсӯз. Корҳои хонаро низ зуд-зуд анҷом дода, аз пайи китобхонию дарсаш мешавад. Ояндааш дурахшон аст...”.
Нодира баъди хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳояшро ба факултети иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон супурд. Хушбахтона, донишҷӯ гардид. Дар донишгоҳ низ миёни талабагон ангуштнамо буд. Баъди хатми донишгоҳ бо тақозои тақдир оилаи онҳо ба шаҳри Гулистони вилояти Сирдарё кӯч баст. Нодира фаъолияти кориашро ба ҳайси ҳисобчии корхонаи «Агромашсервис»-и шаҳри Гулистон оғоз намуд. Аз соли 1999 то соли 2023 ҳамчун ҳисобчӣ дар корхонаву ташкилотҳои гуногуни давлатӣ кор кард. Аз соли 2023 то имрӯз ба ҳайси сардори шуъбаи хазинадории ноҳияи Сайҳунободи вилояти Сирдарёи Кумитаи хидмати хазинадории назди Вазорати иқтисодиёт ва молияи ҷумҳурӣ фаъолият бурд.  
– Хотираҳои неке аз айёми кӯдакӣ дорам. Падару модарам, ёдашон гиромӣ бод, омӯзгор, инсонҳои фарҳангдӯст буданд. То рӯзҳои вопасини умр меҳнат карданд, ҳафт фарзандро тарбия намуда, илм омӯзонда, ба роҳи шебу фарози зиндагӣ омода намуданд. Духтари зирак будам, ҳам ба фаъолияти падар таваҷҷуҳ доштаму ҳам мехостам мисли модар ҳунарманд – дӯзандаю пазанда ва тарбиятгар, инсондӯсту меҳмоннавоз бошам. Аз деҳаҳои дурдаст меҳмонон – хешу табор ва ҳамдеҳагону дӯстони падарам меомаданд. Ҳолатҳое мешуд, ки бо кору ташвишҳои онҳо андармон шуда, ба машғулияти мо – фарзандон вақт намеёфтанд. Қиблагоҳам сарфи назар аз омӯзгорӣ шеър эҷод мекарданд, китобҳо менавиштанд. Ба фарзандон доим насиҳат мекарданд: «Дасти фитода бигиред, ба бенавое ёрӣ расонед, сари ятимеро сила бинмоед, хешшиносу дӯстпарвар шавед. Фақат некӣ кунед». 
Падарам духтаронашро дӯст медошт, зан дар оилаи мо чун баракоти хона мавқеи баландро соҳиб буд. Аз хурдӣ орзуи дар ягон корхона, ташкилот, муассиса ё корхонаи давлатӣ роҳбар шуданро дар дил мепарваридам. Баъди дарс ҳунар меомӯхтам. Орзуҳоямро ба модарам нақл мекардам. Модарам насиҳатам медод: «Барои роҳбар шудан донишу рафтори хуб, одоби ҳамида зарур аст», – мегӯяд Нодира.
Нодира ҷонибдори маълумотнок ва ҳунарманд будани бонувон аст. Ба гуфтаи ӯ саводу ҳунар метавонад оилаҳоро аз вазъияти душвори ҳам иқтисодӣ ва ҳам маънавӣ вораҳонад.  
Нодира бо шавҳари меҳрубонаш Баҳодур Мирзоев се писар – Умедҷон, Самандар ва Зафарҷонро дар руҳи ватандӯстӣ, мардумшиносӣ ва қадр намудани арзишҳои миллӣ тарбия намуда, яке аз оилаҳои хушбахт ва намунавии ноҳияи Сайҳунобод ба шумор мераванд. Нодира аз рӯйи насиҳати падар амал карда, дасти барҷомондагону ниёзмандонро мегирад. Ният дорад, ки дар давоми фаъолияти худ эҳсонкориҳои зиёдеро анҷом диҳад. «Кори хайр бояд махфӣ бошад, агар бо овозаю дарвоза иҷро гардад, он хайр нахоҳад буд», мегӯяд Нодира.
Ба қарибӣ боз як хабари хуш аҳли оила, хоҳару додар ва дӯстони Нодира Мирзоеваро хушнуд гардонд. Ӯро ба вазифаи ҷонишини ҳокими ноҳияи Сайҳунобод, роҳбари бахши оила ва кор бо занону духтарон таъин намуданд. Ба Нодира дар ин кори пуршараф ва масъулиятнок муваффақиятҳо орзумандем.  
Абдураҳмони Ҷомӣ барҳақ фармудааст:
Ба кор ор илме, ки омӯхтӣ,
Макуш машъалеро, ки афрӯхтӣ.
 
Саодат Бекназарова,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: