Хонаи бахт
Байни хонаи падарӣ ва шавҳарам қариб дусоата роҳ. Писарчаамро гирифта ба дидани модарам рафтам. Чун одат модари азизам моро бо чеҳраи кушод истиқбол намуд. Аз саломатӣ, кору бор, тарбияи фарзандонам пурсон шуд. Бо анвои меваҷоту хӯрокҳои лазиз меҳмон кард. Фурсате нагузашта, оҳиста гуфт:
– Духтарам, ба хонаат кай бармегардӣ?
– Эҳ, модарҷон, омаданамро ҳамагӣ ду соат шуд. Магар шумо хурсанд нестед? – гуфтам каме ранҷида.
– Не-е, духтарам, аз омаданат як ҳисса хурсанд шавам, аз баргаштанат ба хонаи бахтат ду ҳисса шод мегардам, – гуфт бо меҳр модарам.
Баъди суҳбати пандомез барои ду ҳисса шод гардидани модарам, ҳар боре, ки ба хонаи падарӣ равам, ҳаракат мекунам, ки ба хонаи бахтам зудтар баргардам...
Усмакашӣ
Аз сари баҳор модаркалонам дар замини кишти рӯйи ҳавлӣ тухмиҳои ҳулбӯй, райҳон, ҳиною усма, шибиту дигар зираворӣ мепошид. Рӯзе ба хоҳарам фармуд, ки усма канда дар пиёла молиш диҳад. Оби усмаро ба абруву мижгон давондан фоидабахш аст, мегуфт ӯ.
Худаш дар нӯги чӯби гӯгирд бориктар карда, пахта печонд. Баъди тайёр шудани усма ҳама – дағечону духтарон ба усмакашӣ сар кардем. Ҳамсоязану духтаронашро низ даъват кардем.
Модаркалонам бо шӯхӣ гуфт:
– Изи усмаи кадоме ба абруяш бештар монад, нишонаи он аст, ки ӯро ёраш бештар дӯст медорад.
Ин ҳарфи момоямро шунида, ба абрувонамон гаштаю баргашта усма мекашидем.
Изи усма бештар дар абрувони момоям монд.
– Оре, бобоят маро хеле дӯст медошт. Якдигарро эҳтиром мекардем, бе иҷозати вай аз остона берун намебаромадам. Ба ҳар чиз ҳавас намекардам. Шумоён ин хел не, бо шавҳаронатон муносибати хуб надоред, гап мегардонед, баҳудаю беҳуда пасту баланд мегӯед, дилхарошӣ мекунед. Зиндагӣ аз пасту баландиҳо иборат аст, ба ҳамааш бояд сабр кард. Беҳурматӣ, тундиву дуруштӣ меҳру муҳаббати занушӯйиро аз байн мебардорад, – гуфт момоям.
Ба ҳарфҳои момоям гӯшкунон, ба абрувони усмакашидааш бо ҳавас нигоҳ мекардем...
Фариштаи Ғоибназар.