Ба ҷамъомаде мешитофтам. Дар сари роҳ барои нигоҳ доштани мошин дастамро бардоштам. Мошини сафеди тамғаи «Lacetti» истод. Манзилро гуфтам. Ронандаи ҷавон ба маънои «шинед» имо кард. Баъд аз нишастан чашмам ба сурате афтод, ки дар кунҷи оинаи мошин меистод. Зани нуроние рӯймоли сафед дар сар дошт.
— Модаратон? — пурсидам.
— Ҳа, — гуфт ҷавон.
— Бубахшед, ҳаёт ҳастанд?
— Худоро шукр. Чаро мепурсед?
— Худам...
— Медонед, аксар мардум бо шавқ мепурсанд, ки чаро расмро часпонидаам? – пас аз сукути кӯтоҳ ҷавон шурӯъ ба нақл кард. – Ин ду сабаб дорад. Якум, суръати баландро дӯст медорам. Агар ба роҳи равону камнақлиёт бароям, поям беихтиёр газро зер мекунад. Вақте чашмам ба сурати модарам меафтад, суръатро кам мекунам. Ман як писар ҳастам. Агар нохушие бо ман рӯй диҳад, модарам наметавонад ин ғамро таҳаммул кунад...
— Мебахшед бародар, сабаби дуюм чист? – бесаброна пурсидам.
— Дуюм ва асосиаш ин аст, ки симои модарам ҳамеша дар пеши назарам аст. Вақте ки аз кору ташвишҳои зиндагӣ хаставу дилтанг мешавам, чеҳраи модарамро дида, ҳама мушкилиҳоро фаромӯш мекунам. Сурати модарамро ҳар рӯз бубинам ҳам, боз пазмон мешавам. Ба хона мешитобам. Бо чеҳраи болида, аз ҷабинам бӯсида пешвоз гирифтани модарамро пеши назар оварам, дилам лабрези фараҳ мегардад ва ҳаракат мекунам, ки корамро ҳар чӣ зудтар ба охир расонаму хона баргардам.
— Ба модаратон зуд-зуд занг мезанед?
— Албатта. Агар чанд соат овозашонро нашунавам, дилтанг мешавам.
— Нағз...
Ҷавони калонгап будааст. Гӯё дигарон модари худро дӯст намедоранд» дар худ андешидам. Баъд беихтиёр худро бо ҷавон муқоиса кардам. Сурати модарамро бо худ надорам. Шояд дар кадом як папкаи телефонам бошад, аммо дар дастам нест. Барои ба хона рафтан ҳам бисёр намешитобам. Телефон кардан бошад...
Пойбанди чунин андешаҳо будам, садои телефони ҷавон баланд шуд. «Модарам» гуфт ӯ ва узр пурсида, мошинро канори роҳ гирифт. Бисёр сӯҳбат накард, вале хеле боадабона ҳарф мезад. Ба ҷавон эътибор додам. Дар телефон гап мезад, аммо ҳар боре, ки «хуб шудааст» мегуфт, нимхам мешуд, гӯё модараш дар рӯ ба рӯяш истодаанд. Чашмонаш аз шодӣ медурахшид. Шодмонии кӯдаки хурдсолро мемонд, ки ба канори модараш меравад. Фарқ дар он буд, ки дар паҳлӯям на кӯдак, балки як ҷавонмард менишаст. Ӯ меҳри айёми кӯдакиро нигоҳ дошта буд. Ба ҷавон ҳавасам омад. Агар ин ҷавонро модарам медиданд, албатта ба модараш ҳавас мекарданд. Ё аз ман меранҷиданд, ки мисли ин ҷавон боэътибор нестам. Дар ин маврид меандешидаму дар роҳи нафас талхиеро эҳсос кардам. Чизе гулӯгирам намуд. Чӣ хел ба манзил расидам, пай набурдам. Дар ҷамъомад ҳам парешонӣ маро тарк накард. Гӯё дар болои хори мағелон нишаста будам.
Нисфирӯзӣ аз гулҳои дӯстдоштаи модарам дастагуле гирифта, ҷониби хона шитофтам. Ҳар қадар ба хона наздик мешудам, табъам болидатар мегардид. Хеле шод будам ва аз ин корам то чӣ ҳад хурсанд шудани модарамро фикр карда, дар худ меболидам ва бо дили саршори меҳр занги дарро пахш кардам. Модарам дарро кушоданд.
— Ассалому алайкум, модарҷон.
— Ваалайкум ассалом. Тинҷӣ аст? Дар ин вақт намеомадӣ-ку? — бо хавотир пурсиданд.
Гулдастаро, ки дар паси худ пинҳон медоштам, ба модарам дода гуфтам:
— Шуморо сахт ёд кардам...
Баҳром МУҲАММАД.
Аз ӯзбекӣ тарҷумаи Ф.ФАРҲОДЗОД.