Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов бо сафари корӣ ба ин кишвар ташриф овард.
Дар фурудгоҳи шаҳри Туркманбошӣ роҳбари давлати моро Пешвои миллии мардуми туркман, Раиси Халқ Маслаҳатӣ Гурбангулӣ Бердимуҳамедов истиқбол гирифт.
5-уми август роҳбари Ӯзбекистон дар Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои рӯ ба тараққие, ки ба баҳр роҳ надоранд, ширкат меварзад. Ҳамчунин ӯ дар чорабинии махсусе, ки ба масъалаҳои омодагӣ ба Вохӯрии машваратии ҳафтуми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бахшида шудааст, иштирок намуда, як қатор музокироти дуҷониба баргузор мекунад.