30 июли соли ҷорӣ бо ташаббуси Маркази миллии маърифат ва санъати тоҷикони ноҳияи Бойсун дар ҳамкорӣ бо ҳокимият ва шуъбаи маркази маданияти ноҳия бахшида ба ҷашни «Дӯстии халқҳо» чорабинии маданиву маърифатӣ баргузор гашт.
Ҳоким Баҳодур Шукуров ба ҷашн ҳусни ифтитоҳ бахшида, тамоми халқу миллатҳоеро, ки дар ноҳия дӯсту аҳлона истиқомат мекунанд, самимона табрик гуфт ва ба як гурӯҳ фаъолони Маркази миллии маърифат ва санъати тоҷикони Бойсун, фахриёни меҳнат, ходимони фидоии ноҳия ташаккурномаҳо супурд. Алалхусус, бо тантана супорида шудани нишони давлатии «Мард ӯғлон» ба як нафар ҷавони маҳаллаи «Темир дарвоза», донишҷӯйи соли сеюми факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Самарқанд Парвиз Қудратов дар ҳузури фаъолону ҷавонон ба ҳусни ҷашн ҳусн бахшид. Бешубҳа, ҷавонон аз ин ифтихор мекунанд.
Зимни суханронии хеш ӯ, инчунин иброз дошт, ки дар ноҳияи Бойсун мувофиқи маълумоти оморӣ дар қатори 73146 нафар ӯзбек, 53448 тоҷик, 86 туркман, 61 тотор, 38 рус, 35 украин, 31 белорус, 15 қазоқ ва 218 нафар намояндагони дигар миллатҳо аҳлона умр ба сар мебаранд. Дар ҷашни имсолаи «Дӯстии халқҳо» намояндагони миллатҳое, ки дар боло зикр намудем, низ ҷалб карда шуданд. Ба шарафи онҳо ба забони худашон суруду оҳангҳо садо дод, рақсҳои миллиашон намоиш дода шуд. Дар миқёси як ноҳия чунин васеъ ва пурмуҳтаво ҷашн гирифта шудани ҷашни дӯстӣ ифодаи ғамхории ҳукумат ба халқу миллатҳо ва қудрату тавоноии дӯстист. Дар чеҳраи намояндагони ӯзбеку тоҷик, туркману қазоқ, украину белорус ва дигар миллатҳо ҳусни қаноатмандӣ, хушҳолӣ, шукронагӣ ҳувайдо буд. Оре, қудрати мо дар ягонагӣ ва дӯстист.
Дар ҷашни дӯстӣ, инчунин раиси Маркази миллии маърифат ва санъати тоҷикони ноҳия Ғаффор Норбоев, нависанда Дилбар Йӯлдошева, вакилони русзабон Нина Норматова, Венера Носирова ва дигарон сухан ронданд. Ба ҷашни дӯстӣ шеъру сурудҳои дилнишин дар васфи дӯстӣ ҳусну тароват бахшиданд.
Холиёр ОСТОНАЕВ,
фаъоли Маркази миллии маърифат ва санъати тоҷикони ноҳияи Бойсун.