Дар мамлакатамон барои мардум фароҳам овардани шароиту имкониятҳо, баланд бардоштани ҳуқуқу манфиат, арзиш, шаъну шарафи инсон вазифаи аввалиндараҷа ба шумор меравад.
Аз ҷумла, дар вилояти Намангон, ки саноаташ торафт вусъат меёбад, дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт ислоҳот татбиқ мегардад.
Соли ҷорӣ дар вилоят 4,2 миллиард доллар сармоягузорӣ, ба миқдори 1 миллиард доллар содироти маҳсулоти харидоргир, 323 ҳазор ташкил намудани ҷойи корӣ ва 55 ҳазор оиларо аз камбизоатӣ баровардан ба нақша гирифта шудааст.
Асоси ин роҳ тиҷорати хурд ва соҳибкорӣ мебошад. Дар ин ҷо 82 фоизи аҳолии ба кор лаёқатманд кор мекунад. Аз аввали сол то ҳол ба ҳудуд 1,6 миллиард доллар сармоя гузошта шуд.
Дар хоҷагии қишлоқ низ натиҷаҳои калон ба даст дароварда мешавад. Дар Янгиқӯрғон даромад аз як гектар замин бештар аз 20 ҳазор долларро ташкил дода, барои дигар ноҳияҳои вилоят намуна аст.
Бо шарофати фаъолияти «Штаби ислоҳот», ки бо ташаббуси Президент таъсис ёфтааст, дар вилоят боз лоиҳаи арзишаш 1 млрд. доллар ташаккул ёфт.
Дар байни лоиҳаҳои нав дастури парвариши интенсивии моҳӣ дар хоҷагиҳои ноҳияи Норин ва тараққӣ додани мурғобипарварӣ дар ноҳияи Мингбулоқ мавқеи махсусро ишғол мекунад. Ин иқдомҳо на танҳо амнияти озуқавориро таъмин мекунад, балки барои ҳазорон нафар мардум ҷойҳои корӣ фароҳам меоранд.
Аз рӯйи маълумот гуфтан мумкин, дар вилоят шумораи бекорон 55 ҳазор нафарро ташкил мекунад. 44 ҳазор нафар оилаи камбағал зиндагӣ мекунад. Барои ҳалли ин мушкилот ҷойҳои нави корӣ таъсис дода, мардумро бо касбу кор таъмин намудан ҳамчун мақсади асосӣ ба нақша гирифта шуд ва бояд ҳар як соҳиби хонавода аз замини наздиҳавлӣ бо мақсад истифода бурда, манбаи даромад эҷод кунад.
– Нориниён алҳол бо моҳипарварӣ машғуланд, – мегӯяд мутахассиси соҳа, таъсисгари кластери «FISHVILLE NORIN GROUP» Азизбек Даминов. – Чунки иқлим ва шароити ноҳия ба талаби моҳипарварӣ ҷавоб медиҳад. 3 сол боз шароит ва обҳои ҳудудро тафтиш карда, ба ҳамин хулоса омадем, ки дар ин ҷо парвариши моҳӣ мақбул ва ба талаб ҷавоб медиҳад. Бо мақсади ривоҷи соҳа ба ин кор даст задему кластери моҳипарвариро ташкил намудем.
Барои таҷриба дар як хонавода дар 1 сотих замин ҳавз тайёр намудем ва аъзои оила бо парвариши моҳӣ машғул шуданд. Мутахассисон маслиҳатҳо дода, рафти корро назорат карданд ва моҳипарварон дар як мавсим 80 млн. сӯм даромад гирифтанд.
Дар аввали фаъолияти корӣ истеҳсоли маҳсулоти моҳиро 5 тонна тахмин карда будем. Дар ҷараёни кор аз талаб ва таклифҳои истеъмолгарон пай бурдем, ки шумораи истеҳсол ба 50 тонна мерасад. Талаб ва хоҳиши мардумро ба эътибор гирифта, барои таҷриба ба 200 хонавода моҳии фарел додем, бо хӯрокворӣ низ таъмин намудем. Аз тарафи мутахассисон дарсҳои амалӣ ва машғулотҳои таҷрибаомӯзӣ гузаронида мешавад.
– Нафақахӯрам, Шукри худо мекунам. Замонаамон осудаву рӯзгорамон фаровон. Ин ҳама ба шарофати истиқлол, – мегӯяд Саидғанӣ Ҷалолови 70 сола. – Дар бачагӣ бисёр азоб кашида будем. Камбудиҳои рӯзгор ба охир намерасид. Ин хел имконияту шароит ҳатто ба хобамон намедаромад. Ҳар як сухан ва сиёсати сарвари давлатамонро гӯш мекунам. Дар бораи моҳипарварӣ, ки дар ҷамъомад гуфтанд, дилам ҷӯш заду нақшаҳо кашидам, токи бо ин кор машғул шавам. Дере нагузашта дар бораи гузаронидани таҷрибаи хонавода шунида, ба мутахассисон мақсадамро баён кардам. Дар як қисми ҳавлиам дарахти сафедор шинонда будам. Дар мобайни сафедорзор ҷой тайёр намудам ва бо кӯмаки ҳокими вилоят парвариши 500 дона моҳиро сар кардем. Дар оила одами бекор нест. Фарзандонам низ ба ман кӯмакрасонанд. Дар назди ҳавлиам ҳавзи махсус шинонда, боз моҳии нав овардем ва шумораи онро ба 1080 расонидем. Дар як мавсим 75 млн сӯм даромади соф мегирем, гуфта тахмин кардам. Баъди як сол аз фурӯши сафедор низ 150 млн сӯм даромад мегирем. Якчанд сар мурғобиву парранда низ дорем.
Дарҳақикат, имрӯз ҳар як норинӣ бо моҳипарварӣ машғул аст. Зеро дар ин ҷо ба ин фаъолият ишконияту шароити васеъ фароҳам оварда шудааст.
Шоҳида ДАМИНОВА,
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.