Сангардак – маркази сайёҳӣ

Тибқи қарори Президент, бо мақсади рушди қобилияти сайёҳии вилояти Сурхондарё Маркази сайёҳии «Сангардак» бунёд мегардад. Арзиши умумии ин лоиҳа 913,3 миллиард сӯмро ташкил дода, 615 гектар заминро дар бар мегирад.

Бо иштироки ҳокими вилоят Улуғбек Қосимов, раиси Шӯрои идоракунии ҶСК «Туронбанк» Чорӣ Мирзоев ва соҳибкорони пуриқтидор муаррифии нақшаи генералии таҳияшуда дар 16 гектар майдони пешбинишудаи марказ баргузор гардид.
Дар он директори ширкати австриягии «INPUT Projektentwicklungs-GmbH» Ханнес Трибник иштирок намуда, дар бораи консепсия ва ҳалли лоиҳавии таҳияшуда муфассал маълумот дод. Нақшаи генералӣ бо назардошти релеф, манзараҳои табиӣ ва имконоти кӯҳию рекреатсионӣ таҳия гардидааст.
Лоиҳа ва пешниҳодҳои пешниҳодшуда мавриди муҳокима қарор гирифта, барои татбиқи онҳо тавсияҳои зарурӣ дода шуданд. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки ҳафтаи оянда бо иштироки ташаббускорони лоиҳа корҳои амалӣ дар майдони пешбинишудаи сохтмони маркази сайёҳӣ оғоз мегарданд.
Барои маълумот: тибқи нақшаи генералӣ, дар ҳайати маркази сайёҳии «Сангардак» сохтмони 21 ресторан, қаҳвахона ва бар, 296 нуқтаи савдо, 4 меҳмонхонаи сеситорадор ва 2 меҳмонхонаи панҷситорадор, 10 хонаи меҳмонӣ, санатория, маркази фарҳангию фароғатӣ, роҳрави симин бо тӯли 1,6 км, трассаи «зиплайн» ва минтақаҳои пикник ба нақша гирифта шудааст.
Заминҳои интихобшуда барои татбиқи лоиҳаҳо марҳила ба марҳила ба музояда бароварда мешаванд.
 
Сурайё Норманӣ.
Вилояти Сурхондарё

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: