Ба кори хайр даст занем

Хушбахтона, мо дар кишваре умргузаронӣ менамоем, ки Ӯзбекистони офтобрӯя ном дорад. Ҳар меваю сабзавоте, ки дар диёри ҳосилхези мо пухта мерасанд, дорои витаминҳои бой буда, баҳри ғизо муфид мебошад. Махсусан, себу олу, зардолую шафтолу ва харбузаю тарбузе, ки дар воҳаи мо парвариш меёбанд, хеле хуштаъм буда, пиру ҷавон онро бо иштиҳои зиёд тановул менамоянд.

Алҳол барои мо – мактаббачагон таътили тобистона гузашта истодааст. Аксарияти ҳамсолонамон бошанд ин давраро барои худ «мусоид» ҳисобида, кӯчагардию бекориро ихтиёр менамоянд. Ҳамин ки чашмашон ба меваю сабзавот, ки албатта он соҳиби худро дорад, афтид, нопурсида, яъне ба он даст зада, истеъмол намуданро афзал мешуморанд. Ба андешаи камина аз соҳибони кишту боғ ва полиз напурсида чида гирифтан ва ё истеъмол намудани он аз амалҳои ношоиста  маҳсуб меёбад.
Ҳамсолони гиромӣ, ба ивази ин, ба хонадони мӯйсафедону куҳансолони деҳу гузар ва ё маҳалла рафта, ба корҳои хоҷагиашон кумак расонем, ё ин ки ба ғунучини меваю сабзавот ва маҳсулоти полизиашон ёрии беғаразона расонем, эшон аз мову шумо як ҷаҳон миннатдор мегарданд. Бар замми ин аз меваю сабзавоте, ки онҳо парвариш менамоянд (албатта бо иҷозати онҳо) тановул намудан низ имкон пайдо мешавад. 
Биёед ҳамсолони азиз, таътили пурзавқро хушу хотирмон гузаронем. Бештар ба корҳои хайру ибратбахш даст зада, аз насли куҳансол дуои нек бигирем. Инчунин, меҳнати ҳалол намуданро биомӯзему дар кӯраи он худро обутоб бидиҳем. Зеро беҳуда нагуфтаанд: «Меҳнат ҷавҳари инсон аст!» 
Ҳамсолони азиз! Дар ҳама давру замон меҳнати ҳалол ба инсон рӯсурхию сарбаландӣ меорад. Агар хоҳем, ки мо низ рӯсурху сарбаланд гардем, аз корҳои ношоиста даст кашида, софдилонаву таҳтидилӣ меҳнат намуданро биомӯзем. 
 
Шукрона РӮЗИҚУЛОВА, 
хонандаи синфи 8-уми мактаби рақами 79-уми ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: