Муҳтарам сарони ҳайатҳо!
Пеш аз ҳама ба Президенти Туркманистон, муҳтарам Сердар Гурбангулиевич Бердимуҳамедов ва Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслиҳати, муҳтарам Гурбангулӣ Мяликгулиевич Бердимуҳамедов барои пазироии гарм ва дар сатҳи баланд созмон додани конфронси имрӯза миннатдории самимӣ изҳор менамоям.
Хеле рамзист, ки анҷуман дар Авазаи зебо – дурдонаи Каспӣ ва дар Соли байналхалқии сулҳу эътимод, ки бо ташаббуси ҷониби Туркманистон аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид эълон шудааст, баргузор мегардад.
Ӯзбекистон ба саъю кӯшишҳои Туркманистон, ки ба муваффақ шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор, таъмин кардани эътидол ва шукуфоии умумиву минтақавӣ нигаронида шудаанд, баҳои баланд медиҳад ва онро қатъиян дастгирӣ мекунад.
Ба Котиби генералии СММ ҷаноби Антониу Гутерриш барои эътибори шахсӣ нисбати пешбурди мушкилоти кишварҳое, ки ба сифати мушкилоти афзалиятноки байналхалқӣ роҳи баромад ба баҳрро надоранд, миннатдории махсус изҳор менамоям.
Мо Баённомаи сиёсии Авазаро куллан дастгирӣ мекунем ва дар татбиқ намудани Барномаи даҳсолаи амалиёт фаъолона иштирок менамоем.
Муҳтарам иштирокдорони анҷуман!
Масъалаҳое, ки дар конфронси кунунӣ баррасӣ мешаванд, барои мо аҳамияти бузурги ҳаётӣ доранд.
Таъкид мекунам, ки дастёбии кишварҳои мо ба роҳҳои баҳрӣ танҳо аз тариқи ҳудуди якчанд давлат имконпазир аст. Дурии ҷуғрофӣ аз бандарҳо – масалан барои мо ин тақрибан се ҳазор километр аст, ки як қатор мушкилоти воқеиро ба миён меоварад. Ин мушкилот дар тарифҳои баланд, маҳдудияти иқтидори боргузаронии гузаргоҳҳо ва инфрасохтори нақлиётӣ, ҳамчунин вобастагӣ аз сиёсати гумрукиву нақлиётии давлатҳои дигар зуҳур меёбанд.
Бинобар маълумоти Бонки умумиҷаҳонӣ туфайли бозистии зиёди нақлиёт ва номуътадилии низоми нақлиётӣ минтақаи Осиёи Марказӣ ҳар сол то ду фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилии худро талаф медиҳад. Харҷҳо барои логистика то 60 фоизи арзиши умумии молҳоро ташкил медиҳанд, ки аз нишондиҳандаи миёнаи ҷаҳонӣ чандин бор афзун аст.
Вобаста ба ин инкишоф додани гузаргоҳҳои нави муътамади нақлиётӣ ва инфрасохтори логистикӣ шарти муҳими пешрафти устувор дар Осиёи Марказӣ мегарданд.
Рӯзномае, ки имрӯз ҳамаи моро муттаҳид намудааст, ба мушкилоти калидӣ – масъалаи адолат дахл мекунад. Ин ба давлатҳое, ки роҳи баромад ба баҳрро надоранд, пешниҳод намудани имконияти иштирок дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ дар шароитҳои баробар мебошад.
Барои ҳаллу фасли ин вазифаи бағоят рӯзмарра бояд се шарти ҷиддӣ иҷро шавад. Ин – бозсозии инфрасохтор ҳамчун асоси рушди устувор, пурзӯр намудани робитаи тарафайн ба мақсади пешгирӣ кардани мушкилоти нақлиётӣ ва татбиқ сохтани ҳуқуқ барои пешрафт ба сифати ҷузви калидии баробарҳуқуқии умумӣ аст.
Таъкид мекунам, ки барои ин солҳои охир дар Ӯзбекистон бобати ташаккул додани шабакаҳои ҳозиразамони нақлиётиву логистикӣ бо ҷалби фаъоли сектори хусусӣ қадамҳои устувор гузошта шуданд.
Кишвари мо дар масъалаҳои ошкороӣ ва шаффофияти логистикӣ пешрафти баландро намоиш медиҳад. Барои рақамикунонии равандҳои тиҷоративу нақлиётӣ чораҳои маҷмӯӣ андешида мешаванд.
Ислоҳоти сохтории иқтисодӣ, озодкунии низоми савдо ва куллан беҳтар намудани муҳити сармоявӣ натиҷаҳои назаррас медиҳанд. Рақобатбардорӣ беҳтар шуд, рушди инноватсионӣ суръат пайдо кард.
Муваффақ шудан ба дараҷаи нави эътимод ва шарикӣ дар Осиёи Марказӣ ба дигаргуниҳои муттасил такони пурқувват дод. Алҳол дар минтақаи мо фазои ягонаи нақлиётиву логистикӣ ташаккул меёбад. Барнома ва лоиҳаҳое, ки барои ба хаби ҳамаҷонибаи нақлиётии байни Шарқ ва Ғарб, Шимол ва Ҷануб нигаронида шудаанд, татбиқ мегарданд. Солҳои охир ҳаҷми савдои тарафайн 4,5 баробар афзуд, сармояҳо зиёд гардиданд. Миқдори корхонаҳои муштарак панҷ баробар боло рафт.
Соли равон мо якҷо бо шарикони худ ба сохтмони роҳи оҳани Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон оғоз намудем. Боркашонӣ бинобар гузаргоҳи нақлиётии Ӯзбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия хеле афзуд.
Муҳтарам иштирокдорони конфронс!
Алҳол бобати барҳам додани ташвиш ва мушкилоти умумӣ таъминоти мушаххас, амалӣ ва институтсионалӣ бағоят муҳим мебошад.
Вобаста ба ин Ӯзбекистон таклифҳои зеринро пеш мегузорад.
Якум, бояд саъю амалҳо барои рушди бештари газаргоҳҳо ва инфрасохторҳои байналхалқии нақлиётӣ ҳамоҳанг карда шаванд.
Мо ҷонибдори тезондани тайёр кардан ва татбиқ намудани лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Ӯзбекистон – Афғонистон – Покистон мебошем. Боз гардидани ин гузаргоҳи пешомаднок якҷо бо шоҳроҳи роҳи оҳани Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон, ки сохта мешавад, барои ташаккул додани фазои нави тиҷоративу иқтисодӣ ва инфрасохтори устувори нақлиётӣ дар минтақаи васеи мо имкониятҳои бузург фароҳам меоварад.
Мо ҳамчунин ба рушди Гузаргоҳи мобайнӣ эътибори зиёд медиҳем. Барои куллан ба амал татбиқ намудани он, пеш аз ҳама, бояд сиёсати мувофиқи нақлиётӣ, содакунии қоидаҳо ва ҷорӣ кардани тарифҳои муътадил барои боркашониҳои контейнерӣ амалӣ шаванд.
Дуюм, мо таҳти васояти Созмони Милали Муттаҳид коркарди муоҳидаи умумиро оид ба кафолати транзитӣ барои кишварҳое, ки роҳи баромад ба баҳрро надоранд, пешниҳод мекунем.
Чунин механизм шарти дастёбии одилонаро ба бандарҳо ва коммуникатсияҳо таъмин мекунад, хатари боркашониро коҳиш медиҳад, ба кам шудани нобаробарӣ дар логистикаи ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.
Сеюм, зарурияти воситаҳои муҷази сармоявӣ барои бо маблағ таъмин кардани лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ меафзояд.
Талаботи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба сармояҳо дар рушди инфрасохтори нақлиётӣ соле тақрибан 40 миллиард доллар баҳогузорӣ мешавад.
Вобаста ба ин мо таҳти сарварии Созмони Милали Муттаҳид таъсис додани Бунёди кумак ба қаробати логистикии кишварҳоеро, ки роҳи баромад ба баҳрро надоранд, таклиф менамоем. Ба фонд васеъ ҷалб намудани маблағи кишварҳои кумакрасон, идораҳои байналхалқии рушд ва барномаҳои ҷаҳонӣ мувофиқи мақсад мебошад.
Чаҳорум, мо ташаббуси коркарди Индекси ҷаҳонии кишварҳои ночореро, ки роҳи баромад ба баҳрро надоранд, пеш мегузорем.
Он барои воқеъбинона муайян кардани имкониятҳои маҳдуди кишварҳои мо дар соҳаи нақлиёт, вусъат додани барномаҳои байналхалқии молиявию техникӣ ва самарабахшона тақсим кардани захираҳо бо дарназардошти шароитҳои воқеӣ воситаи муассир хоҳад шуд.
Аз ҳама муҳимаш, индекси мазкур бояд ҳангоми баҳодиҳии одилона ба имкониятҳои рақобатбардорӣ ва иқлими корчаллонии кишварҳои мо ба инобат гирифта шавад.
Панҷум, мо татбиқ намудани пешниҳодро бобати дар Ӯзбекистон созмон додани хаби сармоявӣ барои рушди сектори аграрӣ бағоят муҳим меҳисобем.
Хаб ба ҷорӣ намудани технологияҳои аграрии мувофиқ, пешбурди лоиҳаҳои сармоявии сарфакунии об ва таъмин намудани амнияти хӯрокворӣ мубодилаи донишҳо ва таҷрибаҳо мусоидат хоҳад кард.
Шашум, ба коркарди таклифҳои мушаххас бобати муштаракона пушти сар намудани таҳдидҳои умумӣ фаъолона ҷалб намудани коршиносон ва «марказҳои ақлӣ»-и кишварҳои мо муҳим мебошад.
Баргузор намудани як қатор анҷуманҳои байналхалқӣ ва «мизҳои мудаввар»-ро дар мавзӯи мазкур пешниҳод менамоем. Масъалаҳои таъмин сохтани қаробати амиқи кишварҳои мо ба силсилаҳои ҷаҳонии истеҳсолот, рушди ҳарчи зудтари интеллектҳои сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ, вусъат додани сармоягузории наздисарҳадӣ, дастгирии стартапҳо метавонистанд дар чунин чорабиниҳо баррасӣ шаванд.
Ӯзбекистон ҳамчунин ният дорад ба фаъолияти Маркази байналхалқии таҳлил барои кишварҳое, ки роҳи баромад ба баҳрро надоранд, ҳамроҳ шавад.
Муҳтарам сарони ҳайатҳо!
Дастёбӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ бояд барои ҳама яксон бошад. Ин нафақат зарурияти иқтисодӣ аст. Он, пеш аз ҳама, шарти муҳими рушди устувор, эътимод ва ҳамкорӣ дар муносибатҳои байналхалқӣ мебошад.
Мехоҳам бори дигар таъкид намоям, ки Ӯзбекистон бобати ташаккул додани бунёди беш аз пеш одилонаи рушди ҷаҳонӣ барои шарикии конструктивию дарозмуҳлат ҳамеша тайёр ва омода мебошад.