Президенти Ӯзбекистон муҳимияти вусъати минбаъдаи ҳамкориҳои амалиро бо Гурҷистон қайд кард

Дар доираи барномаи ташрифи корӣ дар Туркманистон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзеро пазируфт.

Масъалаҳои минбаъд вусъат додани ҳамкориҳои муфиди тарафайн дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиётиву логистикӣ ва фарҳангиву башардӯстӣ баррасӣ гардиданд.

Натиҷаҳои татбиқсозии амалии муоҳидаҳое, ки дар ҷараёни сафари Сарвазири Гурҷистон ба Ӯзбекистон, ки моҳи марти соли равон ба вуҷӯъ пайваста буд, бо қаноатмандӣ зикр шуд.

Робитаҳои фаъоли байниидоравӣ идома доранд, мулоқоти роҳбарони идораҳои сиёсати хориҷӣ ва вазирони иқтисодиёт баргузор шуданд. Ҳаҷми мубодилаи мол ва боркашонӣ, миқдори лоиҳа ва корхонаҳои муштарак меафзоянд.

Муҳимияти қабул кардани чораҳои ҳамоҳанг бобати зиёд намудани боркашониҳои тарафайн, пешбурди лоиҳаҳои кооператсионӣ дар соҳаҳои хоҷагии қишлоқ, бофандагӣ, электротехника, дорусозӣ, ҷабҳаҳои хурок, ҳамчунин самти логистика таъкид гардид. 

 

 

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: