Ҷашнвораи байналмилалии «Палави Самарқанд»

Дар тӯли се рӯз дар шаҳри Самарқанд бори нахуст анҷумани бошукӯҳи байналхалқии «Палави Самарқанд» баргузор гардид. Боиси ифтихору хушнудист, ки оши палав як нав таоми тоҷикона буда, бо гузашти айём дар байни дигар халқҳои минтақа маъмул шудааст.

Тибқи барномаи ҷашнвора рӯзи аввал дар шафати мақбараи Султон Ҳованд Бека – маҷмӯаи Ашратхона озмуни ошпазҳои кишварамон баргузор шуд. Рӯзи дуюми фестивал дар кӯчаи ба номи Навоӣ идома ёфта, дар баробари ошпазҳои маҳаллӣ, ошпазҳо аз Малайзия, Ҷопон, Чин, Ҳиндустон Полша, Индонезия ва дигар мамлакатҳои ҷаҳон  истеъдоди ошпазии  хешро  намоиш доданд. Рӯзи охир дар Маркази байналмилалии сайёҳии «Silk Road Samarkand» чорабинии асосии фестивал –  пухтани 7 тонна оши палав баргузор гардид, ки 35 нафар ошпазҳо аз Ӯзбекистон ва панҷ нафар аз хориҷа истеъдоди ошпазии худро намоиш доданд. Деги чӯянин дар комбинати кӯҳӣ-металлургии Олмалиқ омода гардида, ба «Шаҳри абадӣ» тавассути нақлиёти махсус расонда шуд.
Барои шоҳиди чунин чорабиниҳои аҷиб, ғайр аз гӯшаву канори мамлакат аз хориҷа низ сайёҳон  ташриф фармудаанд.
Тибқи натиҷаи доварону назоратчиён ҷойҳои фахрӣ ба вакилони шаҳри Тошканд, Бухорои шариф ва Хоразм насиб гардида, бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз шуданд.

Зоҳир Ҳасанзода,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: