Ободӣ – дар маркази диққат

  • Ободӣ – дар маркази диққат
  • Ободӣ – дар маркази диққат

Дар доираи татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ, ки бар асоси тамоюли «Хонадони обод – кӯчаи обод – маҳаллаи обод» ба роҳ монда шудаанд, корҳои омӯзиши иҷрои ин чорабиниҳо дар маҳаллаи «Учқизил»-и ноҳияи Тирмиз идома доранд.

 

Бо супориши роҳбари вилоят дар маҳалла иҷрои корҳо ба мисли асфалтпӯшкунии 4,8 километр роҳ, насби 2 нуқтаи трансформатор, гузоштани 186 сутуни бетонӣ, кашидани 4,6 километр шабакаи барқ, насби 2 агрегати насосӣ ва бетон  кардани 4 километр ҷӯйбор, инчунин ободонии кӯчаҳо ва табдил додани он ба минтақаи тоза ва бепартов ба нақша гирифта шудааст.
Ҳокими вилоят Улуғбек Қосимов бо ҷараёни корҳо дар маҳал аз наздик шинос шуд. Дар кӯчаҳои маҳалла гаштугузор карда, бо ҳамроҳии пиронсолон ва фаъолон мушкилот дар ҷойи худ мавриди омӯзиш қарор гирифтанд. То ба имрӯз 2,4 километр роҳи дохилӣ асфалтпӯш карда шудааст, агрегатҳои насосӣ ва сутунҳои бетонӣ насб гардида, шабакаҳои барқ кашида шуда, чӯйборҳо бетонӣ гардонида шудаанд. Ҳамзамон, корҳои сохтмони нуқтаи трансформаторӣ идома доранд.
Бо вуҷуди ин, таъкид карда шуд, ки дар иҷрои корҳои ободонӣ, сари вақт баровардани партов ва дигар чорабиниҳо камбудиҳо ба мушоҳида расидаанд. Аз ин лиҳоз, ба масъулони дахлдор супоришҳои дақиқ дода шуд, то корҳои асфалтпӯшкунӣ, тоза кардани партов, ободонӣ, инчунин беҳтар намудани таъминоти барқ ва оби нӯшокӣ бо сифати баланд дар муҳлати муайян ба анҷом расонида шаванд.

Сурайё Норманӣ,
вилояти Сурхондарё.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: