Технологияҳои иттилоотӣ бар зидди гармшавии ҷаҳонӣ

Гармшавӣ як ҷузъи мушкилоти тағйирёбии иқлим буда, талаби асосии ҳалли ин мушкилот, пеш аз ҳама, омӯхтани сабаби ба вуқӯъ омадан ва бо диққат муносибат кардан ба он мебошад. Аз ҷумла, мо чун як шаҳрванд аз ӯҳдаи сарфа кардани об, ҳифзи дарахтону кабудизорҳо ва дигар вазифаҳо баромада метавонем.

Ва боз агар масъулон ба вазифаи худ аз паси панҷа нанигаранд, ба масъалаи боздоштани ҳаракати нақлиёти бесифат, кам кардани ҳаҷми партов ва дуди заводу фабрикаҳо, ки омили бархезии бемориҳо мебошад ва нисбати ташкилотҳои бинокорие, ки бераҳмона дарахтонро мебуранд, чораҳои ҷиддиву қатъӣ андешанд, ин ҳам барои ҷамъият ва ҳам барои табиат фоидабахш мешуд.
Дар ҳоле ки гармшавӣ ба мушкилоти глобалӣ табдил ёфтааст, ҷомеаи ҷаҳон ба он чӣ гуна муносибат мекунад? Роҳҳои мубориза бар зидди онро аз куҷо бояд ҷуст? Албатта, дар чунин ҳолат омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонӣ аз манфиат холӣ нест.
Пӯшида нест, ки ҳавопаймоҳои бесарнишин (дронҳо) на танҳо барои мақсадҳои ҳарбӣ, балки дар бисёр соҳаҳои дигар низ самаранок истифода мешаванд. Истифодаи дронҳо дар мамлакатҳои дунё аз сабабе, ки онҳо осон истифода мешаванду қулаиҳои зиёд низ доранд, бо суръати баланд густариш меёбад. Мисолан, соҳаи хоҷагии қишлоқро гирем, имрӯзҳо вазифаи аз кайҳон аккосӣ шудани дашту саҳро, назорати ҳолати киштзор, пошидани нуриҳои маъданӣ ва доруҳои зидди ҳашароти зараррасон, арзёбии ҳосилнокӣ ва ғайра тавассути дронҳо амалӣ мегардад. Инчунин, соҳаи экология ва ҳифзи муҳити атроф низ имкони истифодаи васеи дронҳоро дорад.
Дар ин самт, ҳавопаймоҳои бесарнишин барои мониторинги ҳайвонот, ҳифзи ҷангалҳо аз сӯхтор ва қӯруқшиканҳо, таҳлили ҳолати экосистема, аксбардории ҷангалҳо, ботлоқу соҳилҳо истифода мешаванд. Масалан, Фонди ҷаҳонии табиати ёбоӣ ҳоло дар Африқо аз дронҳо барои назорати филҳо ва каркадонҳо истифода мебарад.
Яке аз олими соҳа аз Австралия С. Грэм ҳавопаймои бесарнишинеро офарид, ки дар як рӯз  то 100 ҳазор дона тухми ниҳолро шинонда, дар мубориза бар зидди нест кардани ҷангал кумак мерасонад. Дар минтақаҳои душворгузар чунин дронҳо метавонад дар як сол то як миллиард бех дарахт шинонад ва дар  коҳиш додани буридани дарахтҳо дар ҷангал кумак расонад.
Чунин дронҳо ба тарзи ҷамоавӣ фаъолият мебаранд, аз ҷумла, аввалин ҳавопаймои бесарнишин ҳолати заминро (сканер) меомӯзад, харитаи ин минтақаро тартиб медиҳад ва аз алгоритмҳои махсус истифода бурда, ҳосилнокии замин, сатҳи об ва ғайраро муайян месозад. Пас, ҳавопаймои дувум фиристода мешавад, ки дар асоси маълумоти харитасозии ҳавопаймои аввал, дар як масири мушаххас парвоз мекунад ва кори шинондани тухмии дарахтонро анҷом медиҳад.
Дрони дуюм метавонад дар як парвоз то 150 капсулаи тухмиро интиқол диҳад. Ин капсулаҳо ҳангоми ба замин афтодан пора-пора мешаванд ва қабати серғизо мебароранд, ки сабзиши оптималии тухмҳоро таъмин мекунад. Капсулаҳо дорои якчанд намуди дарахт буда, вобаста ба давраи нашъунамои ҳар як намуди дарахт аз ҳам  ҷудо мешаванд. Ин ба талаф шудани тухмӣ роҳ намедиҳад.
Ҳоло чунин дронҳо аз санҷишҳо бомуваффақият гузаштаанд ва ширкати BioCarbon Engineering воқеъ дар Оксфорди Бритониё истеҳсол ва фурӯши онро ба роҳ мондааст. Солҳои охир бо ташаббуси Сарвари давлатамон дарахтшинонӣ дар кишвари мо ба як ҳаракати умумихалқӣ табдил ёфтааст. Аз ҷумла, фармони Президент «Дар бораи чораҳо оид ба минбаъд баланд бардоштани сатҳи кабудизоркунӣ дар ҷумҳурӣ ва таъмини устувории экологӣ тавассути татбиқи мунтазами лоиҳаи миллии «Макони сабз» заминаи муҳими таъмини устувории экологӣ мебошад. Дар доираи лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» ҳамасола дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ тақрибан 200 миллион бех дарахту бутта шинонида, боғҳои калон бунёд карда мешаванд.
Вале мо бо назардошти таҷрибаи пешқадами хоричӣ чунин корҳои хайрро дар оянда ба дараҷаи боз ҳам васеътар ба роҳ монда метавонем. Пеш аз ҳама лозим аст, ки харитаи амиқи майдонҳои дарахтшинонӣ муқаррар карда шавад. Азбаски дар маркази шаҳрҳо ниҳолҳо солона такроран шинонда мешаванду дар онҷо ҷойи холӣ қариб намондааст, бояд дар талу тепаҳои дастнорас, нишебии кӯҳҳо, биёбону даштҳо дарахтзорҳо бояд барпо кард. Дар ин ҷараён истифода бурдани технологияи нав, аз ҷумла, ҷамоаи дронҳои С.Грем натиҷаи хуб медиҳад.

***

20-30 сол муқаддам аз ин меҳмононе, ки аз мавзеъҳои гуногуни мамлакатамон ба пойтахт меомаданд зебоӣ ва салқинии ҳавои Тошкандро таъриф мекарданд. Ҳоло чӣ? Баробари ба шаҳр даромадан ҳис мекунед, ки гӯё ба танӯри тафсон наздик шуда истодаед. Имрӯз, ки гармшавии глобалӣ ба тамоми ҷаҳон таъсири худро мерасонад, буридани дарахтон дар маҳалҳои пойтахт ва маркази вилоятҳо, оташ гирифтани арчазорҳо дар ноҳияҳои кӯҳӣ мардумро нигарон кардааст. Пӯшида нест, ки дар кишвари мо ҳангоми сохтмони биноҳо буридани дарахтон кори маъмулӣ шудааст. Дар давлатҳои мутараққии ҷаҳон бошад, ба табиат бо эҳтироми бузург муносибат мекунанд, масалан, дар Ҷопон барои зиндаву нашъу нумӯъ ёфтани ҳар як дарахт ба он мисли як шаҳрванд  шиноснома дода мешавад, яъне чӣ қадар дарахт доштани мавзеъҳо ба ҳисоб гирифта шудааст. Танҳо дар Токио зиёда аз 650 ҳазор бех дарахти кӯча, зиёда аз 1,5 миллион дарахти боғу марғзор, беш аз 450 миллион дарахти ҷангал мавҷуд аст. Аз 40 фоиз бештар майдони Токиоро дарахтон ва сабзаҳо ташкил медиҳад. Бинокорон омада, мисли «чашмикордонҳои мо» дарахтонро бурида наметавонанд...
Дар чандин мамлакати дунё ҳатмист, ки ҳангоми сохтани биноҳо дарахтонро набуранд, биноро дар майдони кушод бунёд карда, як миқдор дарахт шинонанд, як қисм майдони муайян — сақф, ҳавлӣ ва гирду атрофи биноро ба майдони сабзи пур аз гул табдил диҳанд. Агар ин талабот риоя карда нашавад, бино корношоям дониста мешавад.
Албатта, шаҳрҳо обод ва зебо бояд бошанд, аммо биноҳои замонавӣ дар онҳо мувофиқи талаботи шаҳрсозӣ сохта шаванд. Дар мамлакатҳои рушдёфтаи дунё мувофиқи талаботи ҳукумат боғҳо барпо карда мешавад, ки дар наздикии минтақаи дилхоҳ метавонед боғи хушманзарро пайдо карда, истироҳат кунед.
Умуман, васеъ намудани майдонҳои сабзу хуррам, ҳифзи  табиат ва муҳити зист яке аз масъалаҳои муҳими ҷамъият ба шумор меравад. Бо ёрии ҳавопаймоҳои бесарнишин шинондани миллионҳо бех дарахт барои пок нигоҳ доштани табиат, ба наслҳои оянда дар ҳолати асл ва соф мерос гузоштани он замина фароҳам меорад.

 

Набия Нодирова,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Камолиддин Шаропов,
донишҷӯйи Донишгоҳи Инха дар шаҳри Тошканд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: