Эътибор ба луқмаи ҳалол

Ноҳияи Каттақӯрғон дар вилояти Самарқанд барои ривоҷу равнақи моҳипарварӣ нуфузу эътибори хоса дорад. Ҳоло дар ноҳия қариб 100 хоҷагии моҳипарварӣ вуҷуд дошта, ҳавзаҳои он 445 гектар майдонро ташкил медиҳад.

– Соли равон ба кӯлу ҳавзаҳои махсус  як  миллиону 700 ҳазор моҳича партофтем, – иброз дошт раиси шуъбаи ветеринария ва чорвопарварии ноҳия Шуҳратҷон  Саъдуллоев, – ният дорем, ки 7 ҳазору  330 тонна  таоми  парҳезӣ истеҳсол намоем.
 –  Баъзеҳо фикр мекунанд, ки моҳипарварӣ  нисбати дигар соҳаҳо осон аст, – ба  суҳбат ҳамроҳ шуд роҳбари хоҷагии фермерии «Ибодуллоев Иброҳим балиқлари» Шаҳрӯз Очилов, – чунин ақида нодуруст аст. Дар тасарруфи мо қариб 20 гектар ҳавзаҳои махсус мавҷуд буда, навъи моҳиҳои  сазан, амури  сафед парвариш меёбанд. Соли гузашта 70 тонна моҳӣ фурӯхта шуда, шароити мусоиди кору истироҳат фароҳам омад ва аҳволи  иқтисодӣ беҳтар шуд. Аз ҳама муҳимаш, 15 нафар ба ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Имсол ният дорем, ки ба дасторхони мардум 80 тонна  луқмаи ҳалолро пешкаш намоем.

 

Зоҳир Ҳасанзода,
хабарнигори "Овози тоҷик"
дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: