Инсонҳои меҳнатӣ. Рости гап ин ибораро хеле меписандам ва меҳнати пурсамарашонро қадр менамоям. Миёни мову шумо ҳастанд нафароне, ки тавассути меҳнати ҳалолу покиза ва таҳтидилиашон ифтихору сазовори эҳтироми мардум гаштаанд.
Дар зер мехоҳем дар бораи нафаре ҳикоят намоем, ки воқеан меҳнати сангин дораду нони ҳалол меёбад ва имрӯзҳо бо хислати шоёнаш писанди ҳамагон гардидааст.
Моҳи июли соли равон. Рӯзҳои хеле тафсони чиллаи тобистон. Роҳи ман ҳар субҳу шом аз назди дӯконе мегузарад, ки он ҷо самбӯсахонаи серодам, даромаду баромади нафарони зиёд ба чашм мерасад. Гармии ҳаво 40-45 дараҷа. Баногоҳ чашмам ба марди миёнақади синну солаш аз шаст боло меафтад, ки дар тан куртаи гулобиранг дораду сар то пояш зери обу арақ монда. Аммо табассум аз лабонаш канда намешавад. Аз назди самбӯсахонааш мегузараму зери лаб пичиррос мезанам: «Аҳсант ба чунин мардони меҳнатӣ, ки дар ин ҳавои гарму нафасгарданда дар назди танӯр рост истода ба самбӯсапазӣ машғул мешаванд.
Як тасаввур намоед-а? Агар ҳаво ин қадар гарм бошад, бо изофаи ҳарорати танӯри тафсон он ба чанд дараҷа мерасида бошад?! Шуморо намедонаму аллакай худ қазоват намудам, ки хеле меҳнати пурмашаққату гарон ба ҳисоб меравад. Болои ин ба мизоҷон бо мулоимиву меҳрубонӣ муносибат карданро намегӯед. Барои ҳамаи ин сабру тоқати беандоза зарур аст.
Рустамака Муродов наздик 45 сол аст, ки ба касби самбӯсапазӣ машғул аст. Аз субҳи содиқ ба кӯча мебарояду сӯи корхонааш мешитобад. Охир хеле барвақттар бояд сари танӯр ҳозир шуд, зеро ақрабаки соат ба 6 наздик расида-нарасида аллакай мизоҷон барои истеъмоли самбӯсаҳои гарму болаззат сар мехалонанд. Бояд самбӯсаҳои хушмаззаву гармро пешкаши онҳо намуд. Агар рафту дер монад, албатта мизоҷон нороҳат мегарданд. Бар замми ин арзи ин солҳо вай одат намудааст, ки субҳи барвақт аз хоб хезаду сӯи коргоҳ шитобад...
Бо Рустамака ҳамсуҳбат мешавем. Дар нахуст рангу рӯяш чун алвон сурх мегардаду бо нимтабассуме: «Шарт нест, кори маро ба осмонҳо бардоред» мегӯяд бо хоксорӣ. Вале мо ба ҷону ҳолаш намонда, аз ӯ оиди кору фаъолияташ пурсон мешавем. Вай бо як одоби барои худаш хос ва мулоимӣ чунин посух медиҳад:
– Аз хурдсолиам ба касби нонпазиву самбӯсапазӣ шавқу завқи баланд доштам. Барои шогирдӣ сараввал ба назди Муродака ном устодам ба ноҳияи ҳамсоя - Узун раҳсипор гардидам. Тайи чанд сол дар назди ин одами ҳамадону устоди сахтгир шогирд будам. Аз ӯ сирру асрори ин касбро омӯхтам. Аз он сабаб дандоншикан мегӯям, ки рости гап меҳнати самбӯсапазӣ хеле душвор аст. Аз субҳи содиқ то як поси шаб дар ташвишу тараддудем. Алалхусус, омода намудани масолеҳи самбӯса вақти зиёдро талаб мекунад. Лекин ман ба ҳамааш тоқат намудаму инак муддати ин солҳои тӯлонӣ танҳо аз рӯи ин касбам нони ҳалол пайдо менамоям.
Аз суҳбат бо ин инсони хоксору меҳнатӣ огоҳӣ пайдо намудем, ки баъди чанд соли шогирд буданаш ниҳоят устодаш Муродака (равонаш шод бод!) фотиҳа медиҳад, то ин ки мустақилона худаш корро оғоз намояд. Баъди ин анқариб 45 сол аст, ки Рустамака дар чиллаи тобистону фасли баҳор ва ё сармои зимистон ҳамеша дар сари танӯри тафсон ҳозиру нозир аст.
– Шудааст, ки боре аз ин меҳнати гарон дилмонда гаштаеду дунболи касби дигарро гирифта бошед? - мепурсем мо аз ин марди меҳнатӣ.
– Не, бовар кунед, ягон дафъа ақаллан орзу накардаам, ки касбамро дигар намоям. Гарчанде борҳо ҷойи корамро бо сабабҳои гуногун дигар карда бошам ҳам, касбамро иваз нанамудам. Зеро касби самбӯсапазиро писандидам. Аз ин рӯ, ба ҳамааш тоқат намудаву ба чунин рӯзҳои хуб низ расидаам. Фарзанду оилаамро бо ин нони ҳалол саробонӣ кардам, рӯзгори беҳтаринамро аз интихоби чунин касб медонам, – мегӯяд дилпуронаву бо сари баланд Рустамака.
Оре, интихоби касби ҳалолу меҳнати ҷонфидоёна дар ҳама давру замон ба кас эҳтироми зиёд ҳадя месозад. Имрӯзҳо Рустамака аз он қаноатманд аст, ки дунболи касби самбӯсапазиро гирифтаасту бо ин васила миёни мардум шинохта шудааст. Барояш фарқе надорад, ки дар сармои зимистон ва ё чиллаи тобистон ақаллан боре аз интихоби касби худ нолида бошаду тарки ин касб карда бошад.
Дарвоқеъ, вай ба шогирдони зиёде сирру асрори касбро омӯхтааст. Баъзе аз шогирдонаш содиқи касб монда бошанд, баъзеи дигарашон бо баҳонаҳои зиёд тарки ин касб намудаанд. Аммо яке аз шогирдони содиқи вай Мардонака мебошад, ки зери сояи устодаш Рустамака сабру тоқат намуда, имрӯзҳо дар паҳлӯяш меҳнат менамояд. Вай хеле хурсанд аст, ки раҳматӣ модараш ӯро пас аз адои хидмати ҳарбӣ ба назди ин инсони меҳнатӣ овардааст. Мардонака низ аз интихоби ин касби пурифтихор сарфароз асту худро шогирди ҳаққонии ӯ меҳисобад.
Дарҳақиқат, садоқат ба касб, адои меҳнати ҳалол ба ҳар ҷавонмард рӯсурхиву эҳтироми хосса ато месозад. Бошад, ки имрӯзҳо миёни ҷавонони мо чунин мардони меҳнатдӯст афзоянду сазовори эҳтироми мардум бигарданд. Охир беҳуда нагуфтаанд:
Рӯзӣ насиби кас ба нишастан намешавад,
Бояд чу осиё зи пайи обу дона рафт.
Солеҳ МУҲАММАДҶОН,
ноҳияи Сариосиёи
вилояти Сурхондарё.