Касбамро дӯст медорам!

Бо фармони вазири таълими томактабӣ ва мактабӣ дар соли 2025 теъдоди маҳдуди кадрҳои омӯзгории соҳибихтисос, ки ҳар моҳ аз Фонди вазир мукофотпулӣ мегиранд, 1500 нафар муқаррар карда шудааст ва аз он 1000 нафар ба гирифтани рағбат ноил гардиданд. Интихоби ғолибон дар ду марҳила сурат гирифтааст. Аз рӯи натиҷаҳои ниҳоӣ ба кормандони баландихтисоси омӯзгорӣ, ки баҳои баландтарин ба даст меоранд, ҳар моҳ мукофотпулӣ дода мешавад.

Бино ба маълумоти вазорат соли 2024 теъдоди ин квота 1250 нафарро ташкил медод ва имсол он ба 250 нафар афзоиш дода шуд. Озмуни мазкур ҳамасола бо мақсади ҳавасмандгардонии фаъолияти омӯзгорони соҳибихтисос, ки шогирдонашон ба натиҷаҳои баланд ноил гардидаанд, ташкил карда мешавад.
Дар он аз ноҳияи Сӯх 18 нафар омӯзгорон, аз ҷумла, аз синфҳои ибтидоӣ 6 нафар, аз забони хориҷӣ 3 нафар, аз фанҳои дақиқ ва табиӣ 3 нафар, аз фанҳои амалӣ 3 нафар, аз фанҳои иҷтимоӣ ва филологӣ 3 нафар иштирок кардаанд. Аз омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ 2 нафар, аз забони хориҷӣ 1 нафар, аз фанҳои дақиқ ва табиӣ 1 нафар ва аз забону адабиёти тоҷик 2 нафар ба музди иловагии вазир ноил шудаанд. Дар байни онҳо номи омӯзгори мактаби таҳсилоти умумии рақами 2-юми ноҳия Санҷар Ҳисомов низ қайд шудааст.
Падару модараш соҳиби 3 фарзанд мебошанд ва ӯ фарзанди кенҷаи оилаашон аст. То синфи 5-ум дар боғча-гимназияи «Навбаҳор» ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Соли 2010 аз мактаби рақами 2-юм дар зинаи ҷумҳуриявии олимпиада ширкат кардаву пирӯз шудааст. Баъд аз рӯи гранти давлатӣ шомили Донишгоҳи давлатии Самарқанд шуда, онро соли 2014  хатм кардааст ва фаъолияташро дар мактаби зодгоҳ оғоз намудааст.
Ҳоло вай ҳамчун омӯзгори фанҳои забон ва адабиёти тоҷику ӯзбек ба  фаъолияти худ идома медиҳад. Тавре ки Санҷар мегӯяд, соли 2020 соҳиби тоифаи олӣ шудааст.
– Дар мактаби мо чанд сол пеш бо ташаббуси собиқ директор ва ҳоло мудири шуъбаи таълими томактабӣ ва мактаби ноҳия Фозилҷон Мирзоев маҳфилҳои махсуси фаннӣ ташкил карда шуд, ки ба он асосан хатмкунандагон ҷалб карда мешуданд. Инак 4-5 сол аст, ки ин маҳфил идома дорад. Аз байни шогирдонам як иддаашон аллакай  донишгоҳро хатм намуда, ҳоло ба кори таълиму тарбияи насли наврас машғуланд, – изҳор медорад С. Ҳисомов. Дарвоқеъ, солҳои охир мактаби таҳсилоти умумии рақами 2-юм дар ҳар ҷода хеле пешрафт мебошад. Аз ҷумла, чанд нафар шогирдони он дар зинаи ҷумҳуриявии олимпиадаҳо иштирок карда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ шудаанд. Ҳамасола тақрибан 50 дарсади хатмкунандагони он шомили донишгоҳҳо мешаванд.
Санҷар Ҳисомов бо ифтихор қайд намуд, ки дар айни ҳол зиёда аз 20 нафар шогирдони ӯ дар факултаҳои таълими ибтидоӣ, филологияи тоҷик, таълими томактабӣ  ва амсоли он бо баҳоҳои аъло ва хулқи намунавӣ таҳсил мекунанд.
– Қариб ҳама рӯзи ман якранг мегузарад. Ман аз соати 8-и пагоҳӣ то шом дар мактаб вақтамро сипарӣ мекунам. Дар вақтҳои холӣ бо хонандагони сустхон низ кор мебарам ва талош мекунам, ки онҳо низ аз сафи аълохонҳо ҷой гиранд. Ҳамчун роҳбари синф ҳар рӯз бо ду-се нафар падару модарон ҳамсӯҳбат мешавам,– мегӯяд омӯзгор.
Санҷар касбашро хеле дӯст медорад. Ҳатто рӯзҳои истироҳат низ ба мактаб мешитобад ва ба тартиб сохтани аёниятҳои дарс машғул мешавад.
Вай дар оилаи омӯзгорон зодаву парварда шудааст. Падараш – Исмоилҷон Ҳисомов дар ташкилоти марбути «Ватанпарвар» машғули фаъолият мебошад ва то соли 2022, яъне то нафақа ба хоҳишмандон касби ронандагӣ омӯзонидааст. Модараш – Рамзихон Абдувоҳидова дар мактаби рақами 2-юм солҳои дароз омӯзгори синфҳои ибтидоӣ буд ва соли 2021 ба нафақа баромадааст.  Модаркалонаш – Шарифахон Маллаеваи шодравон низ аз зумраи омӯзгорони собиқадори ноҳия маҳсуб меёфтанд.
Директори мактаб Комилҷон Саломов, мудири қисми таълим Ҷамшед Турсуналиев ва ҷонишини директор оид ба корҳои маънавият Сӯҳроб Муродов ҳамеша барои кумак омодаанд.
 – Ин музди иловагӣ тамоми сол пардохта мешавад?
 – На, дар давоми нӯҳ моҳе 6 миллиону 990 сӯмӣ пардохта мешавад.
Санҷар Ҳисомов мегӯяд, аллакай аз соли 2019 бо қарори Президент дар мактаб 100 фоиз музди иловагӣ мегирад. Ба гуфтаи ӯ, соли равон низ 6 нафар шогирдонаш холҳои баланд гирифтаанд ва агар аз мандат гузаранд, донишҷӯ хоҳанд шуд.
Вай дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Янгиариқ зиндагӣ мекунад. Соҳиби 3 нафар фарзанд мебошад.
 – Аз устодонам Саврор Эрназаров, Муродҷон Нишонов, Тоҷибой Қосимов (рӯҳашон шод бод!), Асқарҷон Мирзоев, Назирахон Тӯрабоева, Расулбек Гадоев, Ҳамробой Ҷӯраев, Эркин Исмоилов, Воҳидҷон Ақрабов ва дигарон сипосгузорам, – иброз медорад муаллим.

 

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: