Анкабуте, ки дар интернет тор танидааст

Ҳама мехоҳад доро бошад. Аммо на ҳама роҳи дурусти дорошавиро интихоб мекунад. Дар замони кунунӣ домҳои интернетӣ ба як манбаи фиребу найранг табдил ёфтаанд. Яке аз онҳо бозиҳои букмекерист, ки ҳар рӯз ҳазорҳо нафарро ба гирдоби худ мекашанд. Онҳо бо ваъдаи бурди осон зиндагии бисёриҳоро хароб мекунанд. Чун ба ягон шабакаи иҷтимоӣ ё сайти интернетӣ ворид мешавем, чашмамон зуд ба рекламаҳои бозиҳои букмекерӣ меафтад. Ин рекламаҳо бо ҷаззобият ва ваъдаи бурди калон коргузоронро ба худ ҷалб месозан

Бидуни шак саволе ба миён меояд: «Бозиҳои букмекерӣ чистанд?»
Бозиҳои букмекерӣ як намуди қимор буда, фаъолиятест, ки дар он одамон бинобар пешгӯии натиҷаи ягон чорабинии варзишӣ, мусобиқа ё ҳодиса маблағи худро ба гарав мегузоранд. Агар пешгӯиашон дуруст барояд, маблағи зиёде ба даст меоваранд, дар акси ҳол маблағи хешро аз даст медиҳанд. Ин бозиҳо як навъи қиморанд.
Бозиҳои букмекерӣ таърихи тӯлонӣ доранд. Аввалин намунаҳои ин қимор дар Юнон ва Рими қадим пайдо шудаанд. Он замон одамон маблағи худро ба бозиҳои гладиаторҳо ва мусобиқа (пойга)-и аробаҳо мегузоштанд. Баъдан бинобар рушди технологияи рақамӣ ва интернет букмекерӣ  шакли онлайнро гирифт ва имрӯз миллионҳо ба он машғуланд.

Букмекерҳо чӣ навъ кор мебаранд?

Онҳо ширкатҳое ҳастанд, ки ҳодисаҳои варзиширо таҳлил намуда, барои ҳар натиҷа эҳтимолияте муқаррар мекунанд. Шахс маблағи худро ба яке аз он натиҷаҳо мегузорад ва агар бурд кунад, маблағаш туфайли фоизи муқарраршуда меафзояд.
Боз як нуктаи дигаре, ки бояд ба он эътибор диҳем, ин вожаи «капперҳо» аст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла телеграмму инстаграмм рекламаҳое ба назар мерасанд, ки дар онҳо: «Биёед, якҷо бо мо даромад кунед», «100 фоиз ғолиб хоҳед шуд», «Мо асрори ставкагузориро медонем» ва ғайра сабт ёфтаанд. Чунон шахсони қаллобу фиребгар «капперҳо» ном доранд. Саволе ба миён меояд: агар гуфтаҳои онҳо рост бошанд, пас чаро худ бозӣ карда он миллиардҳоро ба даст намеоранд?  Дурӯғи ин афроди қаллобу фиребгар боз аз он маълум мегардад, ки агар онҳо, воқеан сирри аз ин гуна бозиҳо бидуни бохт пул кор кардан ва маблағҳоеро, ки дар рекламаҳо ба намоиш мегузоранд, ба даст оварда метавонистанд, алҳол аллакай номашон дар қатори сарватмандоне, ки мунтазам дар журнали «Forbes» эълон мегардад, ҷой мегирифт. Аз ҳамин ҷо ҳам маълум мегардад, ки эшон ҳама фиребгаранд ва мехоҳанд, ки аз содагии баъзе касон суйистифода кунанд.
Чун қисмати зиёди аҳолии кишвари моро мусалмонҳо ташкил медиҳанд, мо хостем аз нигоҳи ислом ба ин масъала назар кунем. Барои гирифтани маълумот бо имом-хатиби масҷиди Руҳобод Нодирхон Маллаев суҳбат кардем. Ӯ таъкид мекунад, ки бозиҳои букмекерӣ аз нигоҳи ислом низ ҳаром ва зарароваранд. Ӯ ба оятҳои 90 ва 91-уми сураи «Моида» ишора намуд, ки дар он Аллоҳи таъоло мефармояд: «Эй касоне, ки имон овардаед! Май ва қимор  палиданд ва аз аъмоли шайтон мебошанд. Пас, аз онҳо дурӣ ҷӯед, то наҷот ёбед. Шайтон мехоҳад, ки бо майнӯшӣ ва қимор миёни шумо душманӣ ва кина барангезад ва шуморо аз зикри Аллоҳ ва намоз боздорад. Оё (аз ин амалҳо) ҳазар намекунад!»
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо ин оятҳо бар он далолат мекунанд, ки қимор ва ҳама гуна бозиҳое, ки дар онҳо маблағгузории хатарнок ва беадолатона сурат мегирад, дар ислом манъ шудаанд ва аз онҳо на танҳо ба шахс, балки ба тамоми ҷомеа зарар мерасад. Ғайр аз ин Нодирхон Маллаев гуфт, ки ҳар инсон барои вақти умри худ ҷавобгар аст ва беҳуда сарф кардани умр низ амали нописанд ба шумор меравад. Ба таъкиди ӯ букмекерӣ инсонро аз корҳои муҳиму созанда бозмедорад ва боиси он мегардад, ки шахс ҳаёти худро ба умеди бурди аксаран ба даст намеомада талаф кунад.

Қонун аз ин хусус чӣ мегӯяд?

Мо дар ин бобат бо роҳбари шуъбаи бехатарии киберии садорати корҳои дохилаи вилояти Самарқанд Азамат Юлдошев суҳбат кардем. Бинобар таъкиди ӯ, ин шуғл аз ҷумлаи фаъолиятҳоест, ки танҳо бо гирифтани рухсатнома иҷозат дода мешавад.
Дар ин бора соли 1993 Қарори Девони Вазирон қабул гардида буд, аммо баъзе холигиҳо дошт. Қарори нав, ки аз 1-уми январи соли 2025 ба амал татбиқ гардид, ин холигиҳоро пурра намуд. Тибқи он, барои ташкил намудани фаъолияти букмекерӣ, доштани литсензия ҳатмист. Илова бар ин, талаботи муҳиме низ вуҷуд дорад, яъне барномаҳои букмекерӣ бояд дар серверҳои провайдерҳои миллии кишвар ҷойгир бошанд, бояд таҳти домини.uz фаъолият баранд.
Ҳамчунин шахсе, ки мехоҳад бозиҳои букмекериро ташкил кунад, бояд дар ҳисоби худ на камтар аз 75 ҳазор баробари МҲБ маблағ дошта бошад. Ин талабот барои кафолати пардохт ба бозигарон дар ҳолати муфлисшавии ташкилкунанда ба ҳисоб гирифта шудааст. Барои иштироккунандагон низ шартҳои муҳим мавҷуданд. Яъне синни бозикунандагон бояд аз 18 кам набошад ва барои гузаронидани маблағ ба ҳисоби бозиҳои букмекерӣ танҳо аз кортҳои миллии Ӯзбекистон истифода баранд.
Шахсе, ки ба бозиҳои букмекерии дар рӯйхати провайдерҳои миллӣ мавҷуд набуда иштирок мекунад, мувофиқи моддаи 191-уми Кодекси ҷавобгарии маъмурӣ ва моддаи 278-уми Кодекси ҷиноӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Сабабҳои психологии ҷалби ин бозӣ

Барои фаҳмидани сабабҳои равонии ҷалб гардидани одамон ба ин бозӣ, мо бо  номзади фанҳои психология Гулшода Атаева суҳбат кардем. Мавсуф гуфт, ки дар олами ботинии инсон ҳамеша нерӯе вуҷуд дорад, ки ӯро ба молу сарватғункунӣ ҷалб мекунад. Ин хоҳиши табиӣ инсонро водор месозад, ки роҳҳои гуногуни маблағёбиро ҷустуҷӯ кунад, букмекерӣ яке аз ин роҳҳост ва барои аксар роҳи осони ба даст овардани маблағ менамояд.
Аммо, тавре ки муаллим таъкид мекунад, инсонҳо аксар ҳангом наметавонанд дарк кунанд, ки букмекерӣ як хаёлот асту танҳо ваъдаи бурд медиҳад,  дар асл бошад, бештар боиси талафи дороиашон мегардад. Яке аз стратегияҳои асосии ширкатҳои букмекерӣ он аст, ки онҳо дар аввал ба бозигар барои бурд имкон медиҳанд, то дар ӯ эҳсоси эътимод ва бовар ба бурд ба вуҷуд ояд. Ин бурди ибтидоӣ як навъ «дом» аст, ки шахсро бештар ҳавасманд мекунад. «Вақте инсон аввалин бурдро ба даст овард, дар мағзи ӯ эҳсоси ҳаяҷон ва эътимод ба идомаи муваффақият пайдо мешавад. Ин эҳсосот боиси он мегардад, ки шахс бо маблағҳои бештар бозӣ кунад ва аммо ба тадриҷ мағлуб мешавад. Бурди аввал як навъ оғози муваффақият аст, ки ӯро ба давраи бозиҳои пайдарпай бештар ҷалб месозад», мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
Муаллим инчунин таъкид кард, ки аксарияти бозикунандагон дар доираи синну соли наврасӣ ва ҷавонӣ ҳастанд. Онҳо бештар зери таъсири рекламаҳои фиребо, ҳавасмандкуниҳои саховатмандонаи ширкатҳои букмекерӣ ва таъсири муҳит қарор мегиранд. «Ҷавонон бинобар таҷрибаи ками молиявӣ доштан ва эҳсоси тезтар сарватманд гардидан зуд ба ин гуна бозиҳо ҷалб мешаванд. Онҳо фикр мекунанд, ки метавонанд аз ин роҳ хеле зуд маблағи калон ба даст оранд, аммо оқибат онҳоро талафи пул ва ҳатто қарздоршавӣ интизор аст», мегӯяд ӯ.
Тавре ки мутахассисон мегӯянд, букмекерӣ танҳо як қиморбозии одӣ нест, балки як механизми равонӣ аст, ки одамонро ба худ вобаста месозад.

Аз ин ҳолат чӣ гуна пешгирӣ кунем?

Вақте ин саволро ба Гулшода Атаева додем, ӯ таъкид намуд, ки танҳо бо роҳи баланд бардоштани сатҳи маърифат ва огоҳии ҷавонон метавон паҳншавии ин маразро пешгирӣ кард. Барои ин бояд дар мактаб, донишгоҳ ва маҳаллаҳо бо иштироки муаллимон, падару модарон, рӯҳшиносон, журналистон ва ходимони корҳои дохилӣ вохӯрӣ ва суҳбатҳои фаҳмондадиҳиву маънидодкунӣ  ташкил карда шаванд.
«Мо бояд ба ҷавонон фаҳмонем, ки букмекерӣ на роҳи ба даст овардани маблағ, балки воситаи аз даст додани он мебошад. Агар онҳо оқибатҳои ин бозиҳоро дарк кунанд, бешубҳа, камтар ба ин варта наздик мешаванд.Нақши оила, омӯзгорон ва ҷомеа дар ин масъала ниҳоят муҳим аст», таъкид мекунад ӯ.
Ҳамсуҳбати мо инчунин қайд кард, ки масъулияти ҳаллу фасли ин мушкилот танҳо ба дӯши наздикони онҳое нест, ки ба доми ин бозӣ афтидаанд, балки ба зиммаи тамоми ҷомеа ва ҳар як ҷавон ва ҳар фард аст.

Зикруллои Зубайдулло,
Самарқанд.

 

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: