«Ман азоб мекашам,... шумо нонашро мехӯред»

Мардуми мо ӯро бо эҳтиром «Соҳиб Ёқуб» мегуфтанд, яъне Соҳиббой Ёқубов марди қоматбаланд, кушодачеҳра ва некхоҳ буда, бо атрофиён самимона муносибат мекард. Аз он рӯзе, ки мо мешинохтем, ӯро «муаллим» мегуфтанд. Он солҳо дар деҳаи мо 2 мактаб буд — яке даҳсола ва дуюм ҳаштсола. Вақте дар деҳа таълимгоҳи дуошёнаи нав сохта шуд, ду мактабро ба он даргоҳи замонавӣ ҷалб намуданд.

Ҳамин тариқ, дар зодгоҳи мо ду мактаби даҳсола барпо гардид. Мо синфҳои нӯҳу даҳро дар маърифатгоҳи навбунёди ба номи Абӯалӣ ибни Сино хатм намудем. Дар байни муаллимони барои мо нав Соҳиббой Ёқубов ҳам буд ва ӯ аз фанҳои забон ва адабиёт дарс медод. Бомаданият буду бо либоси тоза мегашт, мо ӯро на муаллими таълимгоҳи оддӣ, балки профессори мактаби олӣ барин медонистем. Бо мошини сабукрав, гоҳе пиёда асозанон ва ба ҳар машғулият бо тайёрии пухта меомад. Ба забон, ба шеваю услубшиносӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамуд. Як анҷумани илмӣ-амалии мактаби мо таҳти роҳбарии муаллим ба шиносоӣ бо шеваҳои шимолии Тоҷикистон ва навоҳии гирдамон бахшида шуда буд. Ёқубов донандаи беҳтари адабиёти классикӣ ва  муосири тоҷик буд. Бо аввали соли нави таҳсил  ба мо  рӯйхати адабиёти хониши берун аз синфро низ менависонд. Баъзе шогирдон ба муаллим арзу дод мекарданд: «Аксари ин китобҳо нестанд-ку, аз куҷо ёбем?» Муаллим кӯтоҳ ҷавоб медод: «Ҷӯянда ёбанда аст». Мо то ҳадди имкон онҳоро ёфта, мутолиа менамудем. Бо фармоиши муаллим ба ҳамсинфон мазмуни асарҳои хондаамонро баён мекардем. Хониши берун аз синф низ шавқамонро ба адабиёт  бештар мекард.
Бисёр шеър мехонд, то ҳол он ашъори ифоданок хондани Ёқубов ба гӯши мо  садо медиҳад.
Талаб мекард, ки хонандагон  китобу дафтарҳоро  тозаю саришта нигоҳ доранд. Баъзе донишомӯзон ба рӯйи саҳви дафтарашон чанд бор хат зада ё ки бо хаткӯркунак онро кӯр мекарданд ва баъзан варақ сӯрох мешуд. Аз ин боис баҳоҳо паст мешуданд, устод  ба шогирдон тавсия медод, ки ба рӯйи саҳв як хат кашида шавад, на чанд бор. Мо ба ин қоида риоя мекардем. Дар ашёдорӣ худи устод намуна буд. На аз поён, балки аз боло китоб ё дафтарро эҳтиёткорона варақ мезад. Ин тарзи варақзанӣ осону ҷоиз аст, зеро варақ ғиҷим ё дастхӯрда  намешуд. Дар ёд дорем, ибтидои солҳои 70-уми асри бистум як китоби ба санъати сухани бадеӣ бахшидашудаи ҳамдиёрамон Сотимхон Инъомхоҷаевро чун навгонӣ устод ба талабагон боифтихор варақзанон нишон дода буд. Аломатҳои китобатро баъзе хонандагон ифодаҳои ночиз шумурда, ба ҷобаҷогузории онҳо эътибор намедоданд. Омӯзгор такрор-такрор мегуфт: Туфайли нодуруст гузоштани вергул як кас парронда шудааст». Мо ба ҳайрат афтодем: «Чӣ тавр?» Муаллим ба тахтаи синф чунин навишт: «Застрелить нельзя, отпустить» («Парронда нашавад, озод карда шавад») ва «Застрелить, нельзя отпустить». Шарҳ дод, ки бо ҳукми дуюм маҳкуми бегуноҳ  қатл гардидааст.
Барои ҳамин ҳар як аломати китобатро баҷою бехато бояд  ба кор бурд, ки онҳо беаҳамият нестанд.
Баъзе ҷавонони камдонишу кундфаҳм дар мактаб ва ё кӯча бо забони адабии тоҷик ҳарф задани муаллим Ёқубовро ғоибона ҳаҷв карда, механдиданд. Инро шунида, Ёқубов ҷавоби қатъии далерона мегуфт: «Ҳар чӣ хоҳанд, бигӯянд, ман забони модарии худро дӯст медорам!» Ёқубов баъди ҷанг бо муаллим Асолатҷон Эргашева ҳамхона шуданду 10 нафар фарзандро тарбияю соҳибмаълумот карданд. Муаллим Ёқубов гуруснагию дардҳои давриҷангӣ, азоби маҷрӯҳӣ, маҳрумиҳои  баъдиҷангиро бисёр дид. Сабр кард ва некному соҳиби яке аз оилаҳои саодатманду намунавии деҳаи Варзик гардид.
— Ба мо, фарзандон, — ҳикоя кард духтари дуюми Ёқубов, муаллими нафақахӯр Ҳабиба Ёқубова,  — падару модарам гапи сахт назада,  ахлоқи нағз ёд доданд. Ҳар гапро ба падари босавлатам гуфта наметавонистем. Агар падарам ба духтарон гапашон бошад, аввал ба модарам мегуфтанд. Баъд модарам ба мо онро мерасонданд. Падарам ҳар шаб  пеш аз хоб ба мо ҳикояю афсонаҳо, аз «Ҳазору як шаб» порчаҳо нақл мекарданд. Дар хонаи мо китобҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ, рӯзномаҳо алоҳида-алоҳида  меистоданд. Бе рухсати падарам ба онҳо даст намерасондем.  Хонданӣ шавем, мувофиқи синну соламон китоб медоданд. «Ба ту «Субҳи ҷавонии мо», хон, ба ту «Афсонаҳо». Падарам ба рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» (ҳоло «Овози тоҷик») доим обуна мешуданд. Моро ҳам тарғиб мекарданд, ки  обуна шавему онро мутолиа кунем, чунки он ба забони модарии мо чоп мешавад.   — Падару модарам 10 нафар фарзанд тарбия карданд, – мегӯяд писари муаллим Самиҷон. – Падарам инсони сахтгир буд, ҳар ҳафта дониши моро назорат мекард. Агар баҳои паст гирем, ба рӯзномаамон имзо намегузошт.
Шуҷоати ҷангию меҳнатии муаллим бо ордену медалҳои ҷангӣ ва меҳнатӣ  қадр ёфтаанд.
С. Ёқубов 1 июни соли 1921 дар деҳаи Варзик, дар оилаи деҳқон зода шудааст. Пеш аз ҷанг дар Институти муаллимтайёркунии Қӯқанд ва Донишкадаи педагогии  ба номи Низомии Тошканд аз рӯйи ихтисоси кимиёю биология  дониш гирифт. Дар мактаби зодгоҳ ба омӯзгорӣ сар кард. Бо оташзании ҷанг дар сафи ватандӯстон ӯ низ ба мудофиаи халқу ватан бархест. Соли 1942 ӯро фармондеҳи қисм ба мактаби командирони ҷавон фиристод. Дар он ҷо Соҳиббойи илмдӯст дониши ҳарбию ҷанговарии чуқур гирифт. Ҳамчун сардори дастаи тӯпчиён бар зидди истилогарон то остонаҳои Сталинград бо сабру матонат ҷангид. Соли 1943 аз таркиши ногаҳонии снаряди душман захми вазнин гирифта, чанд вақт омехтаи барфу хок, аз ҳуш рафтаву карахт хобид, дар ёд надошт. Аз дард танаш ба ӯ итоат намекард, ҳатто ба фарёдзанӣ қуввааш  намерасид. Чанд рӯз хӯроку об нахӯрданаш норавшан буд. Ҳавои сарди зимистон тани хурду лоғарашро ғиҷиррос мезанонд. Чанд вақт гузашту ҳис кард, ки касе ӯро мекашад. Дастони нозуки ёрирасон нарм мерасиданд. Духтарак, ки Настяи 14-сола буд, ӯро кашолакунон бурда, ба қисми санитарӣ супурд. Ҷавон халоскорашро як умр дар ёд дошт. Ёқубови маҷрӯҳ дар шифохонаи ҳарбии Новосибирск чанде  аз амалиёти ҷарроҳиро дид. Духтурон хостанд, ки пойи ҷароҳатноки ӯро буранд, лекин Ёқубов ба он роҳ надода, гуфт:
— Монед, ки ҳар чӣ шавам, бо поям шавам.
Баъди ду соли муолиҷа дар шифохонаи ҳарбӣ ба зодгоҳ баргашт. Аввал бо ду асобағал, баъдтар ва то охири умр бо асо роҳ гашт.
Бародараш, ки дар шаҳри Душанбе кору зиндагӣ дошт, вафот кард. Ба он ҷо рафт. Дар водии Вахш кадрҳои педагогӣ намерасиданд, муддате омӯзгорӣ, сипас ба вазифаи котиби ташкилоти ҳизби яке аз хоҷагиҳои ҷамоавӣ фаъолият бурд. Дар яке аз сафарҳояш чанде аз ҳуҷҷат ва дипломи ихтисоси муаллими кимиё ва биологияро гум кард.
Аввали солҳои 50-ум факултети забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи омӯзгории Хуҷандро ғоибона хатм намуд.
Вай ба зодгоҳ баргашта, муаллимӣ кард, мудири қисми илмӣ шуд, пас ба мансаби директории мактаб расид. Аҳли деҳа ба раисии худ ӯро пешбарӣ намуданд. То ба нафақа расидан боз ба иҷрои касби дӯстдоштааш баргашт.
Боре модаркалонам ёдоварӣ карда буд. Рӯзе ба мактаб рафта, ба муаллим Ёқубов норозиёна арз менамояд, ки чаро нури дидаашро ранҷондааст? Ёқубов ҷавоб додааст: «Ман азоб кашида, писаратонро мехононам. Шумо нонашро мехӯред».
Бо ҳамин модаркалонам Икромбибӣ Ғоибова аз паси ягон шикоят ба таълимгоҳ нарафта будааст.
Соли 1977 банда барои таҳсил  ба шаҳри Самарқанд рафтанӣ шуда, ба истгоҳ баромадам. Автобусҳои мусофиркаш на ҳама вақт ба тартиби равуо риоя мекарданд. Бо падарам, ки ҳамроҳи ман буд, ба омадани онҳо дер мунтазир шудем. Ҳамин вақт бо мошини «Запорожец» омадани муаллим Ёқубов, ки дар мактаб бо падари омӯзгорам кор мекард, ба чеҳраамон нуру сурур бахшид. Мошин дар рӯ ба рӯямон истод.
Устод Ёқубов моро бо лабханд таклиф кард ва то шаҳри Чуст ҳамроҳӣ кард. Ман  он сол ба факултети забон ва адабиёти тоҷики Институти омӯзгории Самарқанд ба номи Садриддин Айнӣ дохил шудам. Роҳи ҳаёти шодравон Соҳиббой Ёқубов барои ҷавонон дарси ибрат аст.

Ш. МИРЗОЕВ.
Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: